Туризм яке аз соҳаҳои сердаромади иқтисодиёти ҷаҳон ва феномени иқтисодии асри ХХ эътироф гаштааст.
Дар бештари кишварҳо туризм дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, фаъолнокии тавозуни савдои беруна, таъмини шуғли аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои кории иловагӣ нақши муҳим бозида, ба инкишофи соҳаҳои мухталиф, аз қабили нақлиёт ва коммуникатсия, сохтмон, фарҳанг, санъат, истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум ва дигар бахшҳои иқтисодиёт таъсири мусбат мерасонад.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонии туристӣ ҳамчун кишвари дорои 4 пайраҳаи Шоҳроҳи абрешим эътироф гардидаст.
Бо мақсади тарғибу ташвиқи сиёсати Ҳукумати кишвар оид ба истифодаи самараноки захираҳои об аз соли 2009 дар доираи Барномаи «Об барои ҳаёт» ҳамасола экспедитсияи байналмилалӣ барои фатҳи қуллаҳои «Исмоили Сомонӣ» ва «Озодӣ» ташкил ва баргузор мегардад.
Дар экспедитсия кӯҳнавар-дон аз давлатҳои мухталифи ҷаҳон, аз қабили Фаронса, Испания, Шветсия, Венгрия, Булғористон, Литва, Украина, Россия ва дигар кишварҳо фаъолона ширкат меварзанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи сайёҳӣ диққати ҳамаҷониба дода, барои рушди минбаъдаи он заминаҳои зарурӣ фароҳам меорад.
Дар доираи барномаҳои қабулшудаи давлатӣ рушди соҳа бо ҷорӣ намудани низоми раводиди электронӣ барои сайёҳони хориҷӣ, таъсис додани минтақаҳои сайёҳӣ ва муҳайё намудани инфрасохтори зарурӣ таъмин гардида истодааст.
Ҳоло дар Тоҷикистон барои шаҳрвандони зиёда аз 78 кишвар низоми соддакардашудаи раводиди электронӣ ҷорӣ карда шудааст.
Дар натиҷа, шумораи сайёҳон дар се соли охир мунтазам афзоиш ёфта, ду баробар (аз 207 то 414 ҳазор нафар) зиёд гардидааст.
Бо мақсади боз ҳам тавсеа бахшидани соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар ин самт, инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя дар ин самт ва омода кардани кадрҳои болаёқат соли 2017 Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Ҷиҳати босуръат тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ дар кишвар воридоти таҷҳизоту маводи сохтмонии иншооти сайёҳӣ аз пардохтҳои андозию гумрукӣ, инчунин, ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолияташон аз пардохти андоз аз фоида озод карда шудаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осиёи Миёна беҳтарин ва бештарин имкониятро барои рушди сайёҳӣ соҳиб аст. Мувофиқи рейтинги ҷаҳонии мамлакатҳо оид ба хулосаҳои сомонаву шабакаҳои ҷаҳонӣ, махсусан, «ВВС» (Британияи Кабир, соли 2012) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори 10 кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон дониста шудааст. Соли 2015 пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе ба даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини амнияти шабона ва соли 2016 аз рӯи таҳлилҳои Созмони умумиҷаҳонии сайёҳии Созмони Милали Муттаҳид дуюмин кишваре, ки туризмаш дар ҳоли рушд қарор дорад, ворид гардидааст.
Ҳамзамон, дар рӯйхати ҷаҳонии рақобатпазирӣ дар соҳаи сайёҳӣ, ки аз ҷониби Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ (ФҶИ) дар соли 2017 муаррифӣ гардид, Тоҷикистон аз 136 ҷойи имконпазир мақоми 107-умро касб кард.
Бино ба маълумоти Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 холи имконпазир 3,2 хол гирифта, дар давоми ду сол аз ҷои 119-ум ба 107-ум ҷой боло рафт. Беҳтарин нишондодро (5,7 хол) Тоҷикистон дар категорияҳои «амният», «тандурустӣ ва беҳдошт» ба даст овард.
Ҷолиби диққат аст, ки Тоҷикистон дар рӯйхати кишварҳое, ки дар давоми як сол ҷаҳиши беҳтарини сайёҳӣ нишон додаанд, алоҳида қайд шудааст. Дар ин рӯйхат Тоҷикистон дар зинаи сеюм қарор гирифт.
Мирзошариф ШОДИЕВ,
сардори шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар ММТ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр