Гар китоб хонӣ, ту доно мешавӣ,
Оқилу зӯру тавоно мешавӣ.
Аз таҳи дил гар биомӯзӣ варо,
Хушсухан бо лафзи гӯё мешавӣ.
Сарфарозу сарбаланду арҷманд,
Дар дилу дар дидаҳо ҷо мешавӣ.
Назди арбобони илму маърифат,
Бо муҳаббат маҳфилоро мешавӣ.
Раҳнамоят менамоӣ гар китоб,
Дӯстам, машҳури дунё мешавӣ.
Абдурашиди Абдунабӣ,
омӯзгори мактаби №20,
ноҳияи Айнӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр