Нашрияи Омӯзгор

Пораи хоки Ватан

Сана: 2020-05-13        Дида шуд: 794        Шарҳ: 0

 

Зодгоҳи ман яке аз деҳаҳои қадимтарини кишварамон аст, ки дар қисмати шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд, дар соҳили чапи дарёи Сир ва дар доманаи кӯҳи Рухак доман паҳн кардааст.

Аҳли илм ва солхӯрдагони мо гувоҳӣ медиҳанд, ки ин деҳаи бузург ба шарофати Шайх Маслиҳатдин Бадеъуддини Нурӣ бештар аз 750 сол мешавад, ки бо номи “Унҷӣ” дар саҳифаҳои таърихи халқамон арзи ҳастӣ менамояд. Гумон мекунам, ки Унҷӣ зеботарин ва хуррамтарин деҳаи Тоҷикистони азизи мо ба шумор меравад. Бинобар ин, дар замонаш баробари хондани байтҳои зикршудаи Мавлавӣ дар болои дарду алам зимнан бо он бузургвор “ҷанг” эълон карда будам. “Чӣ хел мешудааст, ки Унҷии ба ҷон баробари ман мардумро аҳмақу нодон мекардааст?!” Такрор ба такрор ба хештан суол медодам ва рости гап, ҷавоб пайдо карда наметавонистам. Баъди он ки сари ташаббуси навбатии Пешвои миллатамон фикр кардам, ҳақиқати ҳол бароям ошкор гардид ва тан додам, ки мазаммати ҳазрати Мавлавӣ беасос набудааст.

Аз рӯи инсоф гӯем, деҳаи Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо ҳар деҳаю рустои кишварамон баробар донистан ва ё қиёс кардан имкон надорад. Дар навбати аввал нуктаеро ба хонандагони арҷманд гӯшрас карданӣ ҳастам: Қасри таърихии Арбоб - ҷойгоҳи муқаддаси Иҷлосияи шонздаҳум ва кашшофи шахсияти Пешвои маҳбуби миллатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз дар деҳаи Унҷӣ ҷойгир шудааст. Қадами муборак ва файзбори фарзанди фарзонаи миллат - Сарвари давлати тоҷикон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қариб ҳамасола ба деҳаи баландноми мо мерасад. Ва ба шарофати ташрифи пайвастаи Пешвои миллат Унҷӣ ба деҳаи шукуфон мубаддал мешавад...

Хӯш, акнун оё бо назардошти мақоми ҳозираи Унҷӣ гуфта метавонем, ки он дигар сокинонашро пастмаърифат намегардонад?! Албатта, деҳаи мо нисбат ба давраи Мавлавӣ, назар ба замони тоинқилобӣ не, ҳатто, нисбат ба айёми Шӯравӣ низ хеле дигаргун шудааст. Шояд баъзеҳо тасаввур ҳам карда натавонанд, ки айни замон дар ҳудуди Ҷамоати Унҷӣ 50 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ карда, 7 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва як гимназия ба тарбияи насли наврас машғул мебошанд. Дар маркази деҳа Қасри фарҳанг, Хонаи пешоҳангон, Беморхонаи ноҳиявӣ, ду маркази омӯзиши касбу ҳунар (аз ҷумла, маҳфилҳои адрасу атласбофӣ, зардӯзӣ, гулдӯзӣ, кашидадӯзӣ, муҳрабофӣ) ба хизмати унҷигиён дарҳои хештанро боз кардаанд.

Фикр мекунам, як роҳи ба дараҷаи зарурӣ расонидани маърифати миллат ба сатҳи маърифати шаҳрӣ расонидани сатҳи маърифати деҳот аст. Ҳамчун муаллим медонам, ки ин вазифаи мураккабро бидуни рушд бахшидани инфрасохтори деҳот ба ҷо овардан илоҷ нахоҳад дошт. То он замоне, ки имконоти дар навбати аввал деҳоти наздишаҳрии кишварамон ба шароиту имкониятҳои шаҳрҳои бузурги мо наздик расонида нашаванд, мутаассифона, рустоҳои мо муносиби фармудаи Мавлавӣ хоҳанд монд. Аз ин хотир, бемайлон тараққӣ бахшидани деҳот вазифаи умумихалқӣ маҳсуб мешавад.

Хушбахтона, таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат дар ҷодаи рушду равнақи деҳотамон низ такони назаррасе гардида истодааст. Инро камина дар мисоли деҳаи худамон гуфта метавонам: ҳоло дар аксари гузарҳои мо набзи 1300 рӯзи ободонӣ бахубӣ эҳсос карда мешавад. Ҳукумати ҷамоат тасмим гирифтааст, ки то ҷашни мубораки 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ Маркази бузурги савдою хизматрасонӣ, бинои нави мактаб барои 640 хонанда, тарабхона ва чандин корхонаи нави саноатӣ бунёд карда, боз барои садҳо нафар ҷойҳои корӣ омода карда мешаванд.

 

Комилҷон ҲОМИДОВ,

омӯзгори гимназияи №2-и ноҳияи

Бобоҷон Ғафуров


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш