Нашрияи Омӯзгор

Маҷаллаҳои фаннӣ заруранд

Сана: 2020-05-13        Дида шуд: 778        Шарҳ: 0

 

Имрӯз мо - омӯзгоронро мебояд, ки  усул ва роҳҳои наву самараноки таълими фанҳои дақиқро ҷустуҷӯ намоем ва таълими ин фанҳоро тавре ба роҳ монем, ки ҳар як ҳадафи судманд татбиқи амалии худро ёбад.

Ҳанӯз дар замони Шӯравӣ таъсис додани маҷаллаҳои соҳавӣ, махсусан, «Математика ва физика дар мактаб»-ро пешниҳод  намуда будам.

Агар мо хоҳем, ки насли ҷавони мо тафаккурӣ техникии ҳақиқӣ пайдо кунад ва қодир бошанд, техника ва технологияи замони муосирро хуб бидонанд, маҷаллаҳои соҳавӣ манфиатбор аст.

Дар замони Шӯравӣ маҷаллаҳои соҳавии «Математика в школе» ва «Физика в школе» амал мекарданд. Мисолу масъалаҳо ба се гурӯҳ ҷудо мешуданд: Гурӯҳи I барои синфҳои V-VI, гурӯҳи II барои синфҳои VII-IX, гурӯҳи III барои синфҳои X-XI. Дар феҳристи ҳалкунандагон аввал мафҳилҳои математикӣ-физикӣ,  баъд хонандагон, пас аз он муаллимони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, охирон номҳои олимон дарҷ меёфтанд. Агар панҷ мисолу масъала ҳал намешуд, номи шахс дарҷ намегардид, аммо шахсоне, ки ҳатто як мисол ё масъаларо бо роҳи  ратсионалӣ ҳал мекарданд, ҳалҳои онҳо бо номашон дарҷ мешуд. Ногуфта намонад, ки, дар маҷаллаҳо мисолу масъалаҳо барои донишҷӯёни мактабҳои оли низ чоп мешуд.

Барои як мисол ё масъала тартиб додан ва бо ҳалаш пешниҳод намудан, шахс заҳмати зиёд мекашад. Албатта, дар он маҷаллаҳо мисолу масъалаҳои одӣ-мактабӣ не, балки бо истилоҳ «мисолу масъалаҳои мураккаб» пешниҳод мешуданд.

Ба ақидаи ман, чизи аз ҳама муҳим дар маҷалла пешниҳод намудани методикаи баёни ин ё он мавзӯъ барои синфҳои мухталиф аст, ки ин омил ба таври системанок ва пайдарпаӣ ба амал оварда шавад ва дастури муҳим барои омӯзгорон мебошад. Ман боварӣ дорам, ки  нақшаҳои тақвимии муаллимон дар ҷумҳурӣ ба якдигар мувофиқат намекунанд. Дар он замон нақшаҳои тақвимӣ дар маҷаллаҳо дода мешуданд ва бо боварӣ метавон гуфт, ки дар тамоми иттифоқ нақшаҳои тақвимии ягона мавҷуд буд. Аз ин бармеояд, ки фаъолияти муаллимон ва назорат аз болои онҳо дар чаҳорчӯбаи муайян роҳандозӣ мешуд.

Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маврид таъкид шудааст: «Роҳбарону кормандони соҳаи маорифро зарур аст, ки дар баробари чунин дастгириҳои давлат ва афроди ватандӯст сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд  бардоранд».

Дар охир бояд ҳаминро қайд кунам, ки  таъсис додани маҷаллаи соҳавӣ дар ҷумҳурӣ дар иҷрои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» нақши муҳим мегузорад. Таклиф менамоям, ки ақалан барои фанҳои физика ва математика як маҷаллаи муштарак бо номи «Математика ва физика дар мактаб» созмон дода шавад.

 

Абдураҳмон Комилов,

Корманди шоистаи Тоҷикистон, омӯзгори мактаби №4-и

ноҳияи Тоҷикобод


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш