Нашрияи Омӯзгор

Чӣ тавр ба омӯзиши математика муваффақ бояд шуд?

Сана: 2020-05-13        Дида шуд: 820        Шарҳ: 0

 

Чаро ҳангоми дохилшавӣ тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хонандагон ба гурӯҳи ихтисосҳои табиӣ ва техникӣ камтар рӯ меоранд? Чӣ бояд кард, то ба ихтисосҳои бо фанҳои табиию техникӣ ва математика алоқаманд хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ ҳусни таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд? Ин саволҳо диққати аҳли маориф, омӯзгорони алоҳида ва падару модаронро ҳамеша ба худ ҷалб менамоянд. Онҳо тарз ва усулҳои алоҳидаи ҳалли масъаларо ҷустуҷӯ менамоянд.

Математикаро дар макотиби миёна баъзе хонандагон фанни мушкил, душворфаҳм ҳисобида, ба омӯзиши он чандон шавқу рағбат зоҳир намекунанд. Ин бесабаб нест. Асоси математикаро мантиқ ташкил медиҳад. Омӯзиши математика аз кас дуруст муҳокима рондан, ба хулосаи дуруст омадан, натиҷаи дуруст ҳосил карданро тақозо менамояд.     Чӣ бояд кард, то хонанда аз зинаи аввали таҳсил дар макотиби миёна ба омӯзиши ин фанни дар назар аввал мушкил, вале дар асл шавқовар меҳр бандад? Пеш аз ҳама, дар оила ба ин масъала аҳамият додан зарур аст. Кӯдак аз хурдсолӣ ба додани ҳар гуна саволҳо одат дорад, кӯшиш мекунад, ки ба саволҳои мантиқӣ ҷавоб гирад. Саволҳои «чаро?», «барои чӣ?», «чанд?» ва амсоли инҳо ҳамеша ҳамсафари ӯ мебошанд ва бо додани онҳо аз калонсолон ҷавоби қаноатбахшро тақозо менамоянд. Бача кунҷков аст ва мо набояд саволҳои ӯро бе ҷавоб монем. Ва набояд ӯро барои саволи бемантиқаш гунаҳгор ҳисобему сарзанишаш кунем. Агар ба саволи кӯдак ҷавоб гардонида натавонем, боке нест. Дар ин бора ба ӯ мефаҳмонем, ки дар бораи саволаш фикр мекунем ва ҳатман ҷавоб мегардонем. Баъзе падару модарон фарзандонашонро маҷбур месозанд, ки шеъру достонҳои калонҳаҷмро аз ёд кунанд. Гӯиё ин мояи саводнокӣ ва ифтихор бошад. Дар асл, хонандаи мактаб бояд бо фикру андеша кардан, муҳокима рондан одат кунад. Аз ҳар гуна вариантҳо дурусттаринашро интихоб карда тавонаду аз он дар зиндагии ҳаррӯза истифода бурданро ёд гирад.

Асри ХХ1 асри инкишофи босуръати илмҳои табиатшиносӣ ва  техникӣ, асри навгониҳо дар соҳаи техника ва технологияҳои иттилоотӣ  маҳсуб мебошад. Нодида гирифтани ин далел маънои гумроҳиро дорад.Мо шоҳиди он гаштаем, ки тамоми олимони кишварҳои ҷаҳон дар бораи кашфи доруи табобатӣ бар зидди вабои аср – вируси марговари короновирус – Ковид-19 муттаҳид шуда истодаанд. Вақти он расидааст, ки дар макотиби миёна ба фанҳои табиатшиносӣ ва дақиқ, аз ҷумла, математика бештар аҳамият диҳем.Тафаккури мантиқӣ-математикии хонандагонро тақвият диҳем, то онҳо тавонанд дар омӯхтану аз бар кардани илмҳои табиатшиносӣ пешрав гарданд.

Дар кишварамон солҳои 20020-2040 Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф эълон карда шудааст. Ин иқдом ба он равона шудааст, ки Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ дар байни мамлакатҳои пешрафтаи олам мавқеи устуворро сазовор гардад ва ҳадафи чоруми стратегии мамлакат - саноатикунонии кишвар ҳалли худро ёбад.

Донистани мантиқ ва дуруст гузоштани саволҳои мантиқӣ аз муҳити оила оғоз меёбад. Барои он ки бача дар муҳити фанҳои табиӣ ва математикию техникӣ ба воя расад, волидайн, мураббиён ва умуман, калонсолон  бояд ба ӯ кумак расонанд.

Маълум, ки бачаҳо бо шаклҳо ва ҷисмҳои геометрӣ дар оила, нахуст бо воситаи оинаи нилгун, сипас, дар кӯдакистон ошноӣ пайдо мекунанд.Тақвият ёфтани ин донишҳо минбаъд дар мактаб ва боз муҳити оилавӣ идома меёбад. Ҳоло қариб дар ҳама гӯшаву канори мамлакатамон бачаҳо бо барномаҳои телевизионӣ ва Интернет дастрасӣ доранд, барномаҳои зиёдеро тамошо мекунанд. Агар баъзеи онҳо барои инкишофи тафаккури мантиқӣ-математикии онҳо манфиатовар бошад ҳам, қисми дигарашон вақти зиёди хонандаро фаро гирифта, ба рӯҳия ва ахлоқи ӯ зараровар низ мебошанд. Хеле хуб мешуд, агар волидайн  фарзандонро барои иҷрои реҷаи омӯхтан ва истироҳат кардану бо бозиҳои варзишӣ, ки дар майдончоҳои варзишӣ, ки дар шаҳру ноҳияҳо хеле зиёд сохта шуда, мавриди истифода қарор гирифтаанд, машғул шудан одат мекунониданд. Онҳо бояд аз болои тамошои барномаҳои телевизионии фарзандони хеш назорати қатъӣ ҷорӣ намоянд, салоҳ донанд, ки  фарзандонашон кадом намоишҳоро тамошо кунанду аз тамошои кадом намоишҳо худдорӣ намоянд. Дар ҷодаи бедор кардани завқи донишҳои табию техникӣ ва математикӣ, инкишоф додани онҳо шабакаи телевизионии наврасону кӯдакон - «Баҳористон» низ саҳми арзанда мегузорад. Ба фикри мо, барои кудакону наврасони мо тамошои намоишҳои «Фиксики», « Дискавери»,  «Новаторы», «Ералаш», «Смешарики», « Анимал планет», « Катя и Эф», «Чудо машинки», «Бумажки» ва ғайра, ки бо воситаи каналҳои телевизионии хориҷ аз кишварамон намоиш дода мешаванд, аз аҳамият холӣ нест.Ин барномаҳо ду ҳадафро пайгирӣ мекунад: агар онҳо бо воситаи ин барномаҳо, аз як тараф, донишҳои илмҳои табиию техникиро аз бар кунанд, аз ҷониби дигар, забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла, забони русӣ ва англисиро низ осонтар аз худ мекунанд.

Бедор кардани шавқи донишомӯзии математикии хонандагонро, инчунин, бо воситаи бозиҳо ва масъалаҳои шавқовар, ба роҳ мондан мумкин аст. Махсусан, чунин бозиҳои мантиқӣ барои хонандаи зинаи аввал ва зинаи миёнаи таҳсилот дар макотиби миёна  аҳамияти муҳим доранд. Бозиҳои шавқовари мантиқӣ имкон фароҳам меоранд, ки хонандаи мактаб ба тарзи фикр рондану муҳокима кардан, тафаккури мантиқӣ- математикии худро сайқалу такомул бахшад, инкишоф диҳад, аз ҳама муҳим, ба муҳити математикӣ ворид гардад ва ба он одат кунад. Яке аз математикҳои машҳури Аврупо И.Бернулли, ки шогирди нобиғаи соҳаи математика Леонард Эйлер ҳисоб меёбад, дар хусуси бозиҳои мантиқӣ чунин навиштааст:  «Агар ҳамин як масъалаи шавқовари мактабӣ доир ба воситаи зарфҳои холӣ ба қисмҳо ҷудо кардани миқдори муайяни моеъ намебуд, шояд ман то ин андоза ба математика дил намебастаму ин гуна машҳур намегаштам». Ҳанӯз соли 1978 бо ҳаммуаллифии академик Камолиддин Бойматов нахустин чунин китоб бо забони тоҷикӣ бо номи «Масъалаҳои шавқовари мантиқӣ» («Маориф»,1978, 140 саҳ.) аз чоп баромад, ки он аз ҷониби Вазорати маориф 5-нусхаӣ ба ҳамаи китобхонаҳои макотиби миёнаи ҷумҳуриамон фиристода шуд. Ҳамин гуна китоб бо номи «Масъалаҳо аз озмунҳо ва олимпиадаҳои математикӣ» (нашрияи ДМТ, с.2013,312 саҳ.) баҳри бедор кардану тақвият бахшидани завқи донишомӯзии хонандагони тоҷик аз чоп бароварда шуд. Доир ба саволи дигар, «Чӣ тавр бо математика машғул шудан мумкин? математики Венгрия -муаллифи китоби машҳури  «Математические открытия» Д.Пойя овардааст: «Агар хоҳед, ки оббозиро ёд гиред, ба об даромаданатон лозим меояд, агар хоҳед, ки математикаро ёд гиред, ба он ворид шуда бештар, масъала ҳал кунед… Дар ҳақиқат, ҳалли масъала ба кас рӯҳу тавони нав бахшида, ӯро рӯҳбаланд месозад ва кас ба худ боварӣ ҳосил мекунад, ки вориди баҳри беканори илму дониши математикӣ гардидааст.

Асадулло Шарифзода,

барандаи Ҷоизаи

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, дотсенти                                                 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,

Шодӣ  Раҷабзод,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш