Нашрияи Омӯзгор

Рӯ ба илм орем

Сана: 2020-05-13        Дида шуд: 789        Шарҳ: 0

 

(Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо зиёиёни кишвар, 18 марти соли 2020)

Нақши донишмандону мутафаккирон, аҳли зиё ва эҷодкорон чи дар гузашта ва чи ҳозира дар пешрафти ҳаёти моддиву маънавии ҷомеа хеле муҳим буд ва ҳаст.

Аз ин ҷиҳат, гузаштагони мо ба таҳсил, мутолиа ва омӯзиш диққати аввалиндараҷа дода, маҳз ба туфайли ҳамин ҷаҳонбинии худ ва наслҳоро равнақ дода, ба қуллаҳои баланди маромҳои умумиинсонӣ расидаанд. Онҳо бо осори гаронбаҳои адабӣ ва илмӣ, бахусус илмҳои табиӣ ба афкори мутафаккирони дигар халқу миллатҳо таъсири амиқ расониданд.

Дар замони гузаштаи таърихӣ илми тоҷик  шуҳрати ҷаҳонӣ дошта, баъзе афкори назарии олимони дунё маншаъ аз кашфиёти донишмандони маъруфи мо дорад ва ҳатто осорашон низ мустақиман ба номи дигарон муаррифӣ  шудаанд. Масалан, тадқиқоти навин нишон додаанд, ки усули содатарини аз решаҳои квадратӣ ва кубӣ баровардани ададро, ки ба номи Руфинӣ(1804) ва У. Горпер (1819) дар Аврупо медонанд, 800 сол пеш Абулҳасани Насавӣ (ваф. 1030) кашф карда будааст. Формулаи бином, ки ба номи Нютон машҳур аст, аслан ба Умари Хайём тааллуқ дорад, ки онро 600 сол пеш кашф кардааст. Мусалласи ҳисобии Паскал(асри 17), ки дар риёзиёти ҷаҳонӣ машҳур аст, аслан ихтирои Умари Хайём будааст. Пешгӯии Беруниро дар бораи вуҷуд доштани кураи сайёраи Замин, баъд аз 500 сол Х. Колумб (асри 15) тасдиқ намуд. Ба ҳамин монанд даҳҳо мисоли дигарро овардан мумкин аст, ки ҷилои ифтихор аз кори аҷдодони донишманди мо доранд.

Вақте ба кору пайкори ин олимон ва адибони давр таваҷҷуҳ намоем, як фазои номусоиди таҳқиқу таълифи корҳои илмӣ ва осори адабӣ, монеъшавӣ ба равнақи улуми ақлӣ пеши назар меояд. Замон замони таассуби бесобиқа аз тарафи рӯҳониёни ҷоҳил, таъқибкуниҳои ҳукуматдорони аҷнабӣ ва ғайра буд. Ин ҳолатҳо  донишмандон ва адибонро дучори озору азиятҳои зиёд гардонид, аммо ҳамаи ин рӯҳи пуршӯри аксарияти онҳоро шикаста натавонист, гарчанде баъзе аз онҳо ба лағжишҳои маънавӣ мувоҷеҳ шудаанд.

Масалан, шахсиятҳое чун Муҳаммад Ғаззолӣ ва Низомулмулк ба осонӣ аз арзишҳои миллӣ рӯ гардонда, сиёсату фарҳанги бегонаро, аввалӣ таҳти таъсири Аббосиён арабгароӣ ва дигаре ҷиҳати хизмати содиқона ба Салҷуқиҳо турктозиро дастгирию ҳимоят кардаанд. Фирдавсӣ агар ба  таъқибҳои зиёди  Султон Маҳмуди Ғазнавӣ тоб оварда, дар андешаҳои миллиаш собитқадам монда бошад, Насириддини Тусӣ  дар даврони тохтутози муғулҳо ба лағжишҳои маънавӣ мувоҷеҳ  мешавад. Умуман, таърих  гувоҳ аст, ки дар гузашта қисмати донишмандони ақлгаро ва адибони мухолифи ҳокимони аҷнабӣ ва рӯҳониёни ҷоҳил ҳама вақт фоҷиаангез аст,  онҳо ё таслим мешаванд, ё маҳв мегарданд. Мо ин ҳолатро дар мисоли тақдири аксари намояндагони илму фарҳанги тоҷик равшан тасаввур мекунем.

Ин нуктаҳоро ёдовар шуда, кас ифтихор аз замони соҳибистиқлолии кишвар, давлатдории навини тоҷикон, ки онро асри  тиллоии тоҷикон номидан ҷоиз аст, аз сарвари хирадманд ва илму фарҳангпарвар мекунад, ки барои аҳли илм, эҷод ва санъат тамоми шароитҳоро фароҳам овардааст.

Бо дарки моҳият  ва рисолати замонии илм ва бо назардошти он ки пешрафти давлат ба пешрафти илм, техникаву технологияи муосир вобастагии зич дорад, Пешвои миллат дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2020- 2040 - ро Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон  намуданд. Дар мулоқот бо аҳли зиё низ ин нукта бори дигар таъкид гардида, ба Вазорати илм ва маориф оид ба амалӣ намудани он, бахусус роҳандозӣ намудани озмунҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ дастуру супоришҳо дода шуданд.

Дар суханронӣ роҷеъ ба рушди имкониятҳои зеҳнӣ ва захираҳои инсонӣ ибрози назар карда шуда, дурнамои рушди илм, маориф, беҳтар намудани омӯзиши илмҳои табиӣ, риёзиву дақиқ, ташаккул додани тафаккури техникӣ, вусъат бахшидан ба навовариву ихтироъкорӣ, бурдубохти раёсат ва институтҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, сохторҳои онҳо ва сатҳу сифати тарбияи кадрҳои илмӣ андешаҳои Пешвои миллат баён гардида, дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд,  ки як барномаи дурнамои инкишофи илму маориф ва пешрафти Тоҷикистони азизамонро мемонанд.

С.   АЗОРАБЕКОВ,

номзади илмҳои

филология


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш