Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз манбаъҳои захираи оби нӯшокӣ ва дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масоили глобалии минтақа ва ҷаҳон вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардидааст.
Дар ин самт хизматҳои фарзанди баруманди халқи тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле барҷаста мебошад.
Обро инсон барои нӯшидан, шустушӯй, обёрии заминҳо, киштиронӣ, кашонидани борҳои вазнин ва мусофирон, ба кор даровардани турбинаҳои неругоҳҳои обии барқӣ, чархҳои санги осиёбҳо, дар заводу фабрикаҳо, тайёр кардани матоъҳо, тайёр кардани коғаз ва нӯшокиҳо гуногун истифода мебарад.
Об инсонро аз бемориҳои гуногун ва ифлосию нопокиҳо эмин медорад. Манзараҳои хушобу ҳавои Тоҷикистон минтақаҳои кӯҳҳои зебо, ҷангалҳо, марғзорҳои алпӣ, иқлими хушк, ҳавои тозаю обҳои соф ва ғайраҳо махзани захираҳои туристию рекреатсионӣ мебошанд, ки ин Тоҷикистони моро дар миқёси ҷаҳонӣ чун кишвари афсонавию табобатӣ муаррифӣ мекунад. Олимон ва мутахассисон оби сайёраамонро ба андозаи 2700 млн.км кубӣ тахмин кардаанд. Аз ин 1370 млн. км кубиаш дар баҳру уқёнусҳо ва 1370 млн. км кубӣ дар пиряхҳо маҳфуз гардидааст. Боқимондаи он дар қишри Замин дар шакли кристаллизатсионӣ, ба миқдори 1300 млн. км кубӣ ниҳон мебошад.
94%-и таркиби оби сайёраи Заминро оби уқёнусҳо ва баҳрҳо, 4 фоизашро обҳои зеризаминӣ, 1,6 фоизашро оби пиряхҳои Арктика ва Антарктида ва 0,4 фоизашро обҳои сатҳи хушкӣ ва рутубатҳои таркиби атмосфера ва хок ташкил мекунанд. Оби баҳрҳо ва уқёнусҳо 71 фоизи сатҳи Заминро ишғол менамоянд, ки онҳо шӯранд. Қариб 2,5 фоизи оби сатҳи Замин ширин мебошад.
Ғайр аз ин, дар гирди Замин пардаи обие дар шакли буғ ҷойгир аст, ки намегузорад ҳавои он аз ҳад зиёд гарм ё сард шавад. Ин ҳодиса барои табиат ва ҳаёти рӯи Замин аҳамияти калон дорад. Оби уқёнусҳо ва баҳрҳо нисбат ба хушкӣ 6,6 маротиба зиёдтар бухор мешаванд. Аз се ду ҳиссаи гармии аз Офтоб ба Замин омадаро уқёнусҳо ба худ мекашанд.
Дарёҳои Тоҷикистон нафақат барои истеҳсоли неруи барқ, балки барои обёрии заминҳои ташналаб, барои корхонаҳо, заводу фабрикаҳо, истифода бурда мешаванд.
Кишоварзӣ яке аз соҳаҳои асосии хоҷагии халқи Тоҷикистон мебошад, ки ҳамаи таркиби ин комплекс обталаб мебошанд. Пиряхҳо 6 фоизи қаламрави ҷумҳуриро ташкил мекунанд. Масоҳати умумии пиряхҳои Тоҷикистон зиёда аз 8,5 ҳазор км мураббаъ мебошанд. Дар Тоҷикистон 12000 пирях мавҷуд аст. Манбаи дигари оби нӯшокии мо кӯлҳо мебошанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 1300 кӯл мавҷуд аст. Аксари ин кӯлҳо дар минатақаҳои кӯҳистони Помиру Зарафшон ҷойгиранд ва дорои оби ширини нӯшокӣ мебошанд.
Дар ҳудуди Тоҷикистон зиёда аз 200 чашмаи оби минералӣ ва шифобахш мавҷуд аст, ки аксари онҳо хусусияти шифоӣ ва нӯшокӣ доранд. Ҳамин тариқ, Тоҷикистони офтобрӯяи мо аз манбаъҳои об бой мебошад.
Об дар кураи Замин нобаробар тақсим шудааст. Зиёда аз 2 млрд аҳолии ҷаҳон ба оби ошомиданӣ муҳтоҷанд. Нарасидани об боиси бемориҳои сиротякунанда ва фавти одамон мегардад.
Иқлими Тоҷикистон гарм аст. Бинобар ин, муҳофизат ва оқилона истифода бурдани захираҳои об вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.
Об унсури муқаддас аст, гавҳари қимматар аз лаълу гуҳар аст, ободӣ аст, махзани нуру рӯшноӣ ва асоси ҳаёти мавҷудоти зинда мебошад.
Зиндагии осоиштаю ободӣ, озодагию пурбаракатӣ ба об вобастагӣ дорад. Об захираи бузургест, ки воқеъияти он ҷаҳону зиндагониро таровату зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебахшад.
Рӯзӣ НАВРӮЗОВ,
Манижа НАБИЕВА,
омӯзгорони гимназияи №53-и
ноҳияи Исмоили Сомонӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр