Нашрияи Омӯзгор

Ояндаи дурахшони кишвар

Сана: 2020-05-13        Дида шуд: 787        Шарҳ: 0

 

Бо расидан ба истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ Тоҷикистони марҳила ба марҳила пеш рафта истодааст.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар Паёмҳои худ ва дар мулоқоту вохӯриҳо бо зиёиён таъкид менамоянд: “Миллате, ки ба илму дониш ва фарҳангу маънавиёт арҷ мегузорад, миллати ояндадор ва тавонову соҳибтамаддун аст”.

Масъалаи баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот аз масъалаҳоест, ки ҳалли дурусту муваффақонаи он на танҳо барои рушди соҳаи маориф, балки тамоми соҳаҳо бисёр муҳим ва ногузир арзёбӣ мегардад.

 Чанд сол пештар иддае бовар надоштанд, ки маорифи миллии мо бо дастовардҳои бузург мавриди эътирофи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ мегардад. Хушбахтона, соли равон Тоҷикистон аз рӯйи нишондиҳандаҳои дастрасӣ ба таҳсилот, сифати таҳсилот, сармояи инсонӣ ва қобилияти рақобати он дар миёни 101 давлати ҷаҳон ҷойи 54 – умро соҳиб гардид. Ҳамин тавр, кишвари мо дар миёни ИДМ яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол менамояд.

Дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат таъкид намуданд, ки ба масъалаи таълиму тарбия афзалияти бештар бидиҳем. Барои ин бояд аз тамоми имконот самаранок истифода бубарем.

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки барои омӯзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Мақсад аз ин ҳама тарбияи наслест, ки дар баробари доштани дониши муосир, аз ҷумла, дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ бояд ба воя бирасанд. Танҳо чунин афрод барои пешрафти ҷомеа ва кишвар бо эҳсоси масъулиятшиносӣ хидмат карда метавонанд.

Воқеан, танҳо ҳалли масъалаҳои зикргардида имкон фароҳам меорад, ки давлат ва кишвари мо рушду тараққӣ биёбад, ободу зебо бигардад. Ба ҷуз ин, истиқлоли он ҳифз бишаваду пойдор бимонад ва амнияташ мустаҳкамтар гардад.

Дар замоне, ки вазъи сиёсии ҷаҳон бисёр мураккаб гардидааст, иҷро ва амалӣ намудани ин дастуру тадбирҳо бениҳоят муҳиманд.

Аз муҳтавои Паёми навбатӣ бармеояд, ки меҳвари асосии онро азми қавӣ ва нияти нек ташкил медиҳад. Шоҳиди бевоситаи он ҳастем, ки ҳанӯз аз рӯзҳои аввали сарвариашон Президент ин омилро яке аз самтҳои афзалиятнок эътироф ва интихоб намудаанд. Чунин тарзи муносибат замина фароҳам овард, ки дар як муддати кӯтоҳ раванди созандагӣ дар кишвар ба марҳилаи сифатан нави тараққиёти худ ворид гардад.

Барҳақ таъкид гардид, ки «Ҳукумат барои беҳтар гардидани вазъ дар самтҳои мазкур барномаҳои давлатӣ ва тадбирҳои иловагиро амалӣ карда, дар ду соли охир ба дастовардҳои назаррас соҳиб гардидааст».

Ин ҳама замина фароҳам овард, ки саводнокӣ миёни аҳолӣ боло рафта, ҳиссаи шаҳрвандоне, ки таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ мегиранд, ба маротиб биафзояд.

Омӯзгорон вазифадоранд, ки бештар аз ҳарвақта заҳмат кашида, ба масъалаи таълиму тарбия аҳамияти ҷиддӣ дода, сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳо беҳтар кунанд. Зарур ва ногузир аст, ки дар навбати аввал нишондиҳандаҳои сифатро дар раванди таҳсилот бо стандартҳои ҷаҳонӣ наздик созем, ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбиро бо субъектҳои бозори меҳнат густариш бахшем, дараҷаи рушди низоми инноватсияи миллӣ ва нишондиҳандаҳои азхудкунии технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро беҳтар гардонем.

Зеро сифати омодасозии мутахассисони оянда аз ҳамин омилҳо вобастагӣ дошта, имкон медиҳад, ки дар соҳаи маориф ба натиҷаҳои боз ҳам бештар ноил гардем. Моро зарур аст, ки боз ҳам зиёдтар заҳмат кашида, ба масъалаи таълиму тарбия афзалияти бештар диҳем, сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳо боз ҳам беҳтар кунем, барои таҳсилоти босифат аз тамоми имконот истифода карда, заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимиро таҳким бахшем ва самарабахшии фаъолияти онҳоро таъмин намоем.

 

Алиакбар ҲАЁТЗОДА,

мудири Китобхонаи

илмии Донишкадаи

идоракунии

давлатии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш