Нашрияи Омӯзгор

Нотавонбинон боз иғвогарӣ мекунанд

Сана: 2020-05-13        Дида шуд: 775        Шарҳ: 0

 

Имрӯз тамоми мардуми Тоҷикистон дар мубориза бар зидди хатари коронавирус муттаҳид гардидаанд ва тадбирҳои Ҳукумати кишварро дар самти ҳифзи саломатии аҳолӣ ва бартарафсозии  оқибатҳои ин вабои аср дастгирӣ менамоянд. Аммо саркардагони ташкилоти террористии наҳзатӣ бо паҳн кардани хабару матолиби муғризона ва бадхоҳонаашон дар ҷомеа ихтилофу иғво барангехта истодаанд.

Манфиатҷӯӣ ва фурсатталабии онҳо ба ҳама маълум аст. Парвои саломатии мардумро ҳам надоранд. Паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон барои ин худбохтагон танҳо як имконияту фурсати дигар барои ба даст овардани манфиат асту халос. Бо ҳамон тангназарию кинатузӣ ва иртиҷоӣ будани ақидаҳои худ чунин вонамуд мекунанд, ки гӯё корҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодии кишварро аз дигарон беҳтар медониста бошанд. Дар тамоми масъалаҳо худро ҳамчун коршинос ҷилва дода, мардумро ба гумроҳӣ бурдан мехоҳанд. Ба ҳама корҳо ва масоили ҳаёти кишвар мудохила карда, “машварат”-и нодаркори худро ироа менамоянд.  Мардуми тоҷик мақсаду мароми наҳзатиҳоро дар амал дидааст ва медонанд, ки ин тӯдаи хиёнаткорон ба Тоҷикистон танҳо бадбахтӣ меоранд. Ҷиноятҳои нангини ташкилоти мазкур ҳанӯз аз ёди мардуми Тоҷикистон нарафтааст.  Агар суханрониҳои саркардаи наҳзатиро таҳлил намоем, мефаҳмем, ки ягона мақсадашон дасисаангезиву туҳмат нисбат ба Ҳукумат ва паҳн кардани нобоварӣ дар байни мардум аст. 

Рӯзҳои охир саркардаҳои наҳзат мисли одати ҳамешагӣ худро ҳамчун сиёсатмадору хирадманд нишон дода, дар суханрониҳои пучашон вобаста ба хатари коронавирус дар байни мардум воҳима андохта, ҳангомаҷӯёна мехоҳанд, ки аҳолии кишварро ба изтироб оранд. Вонамуд мекунанд, ки гӯё дар ғами мардуманд, аммо дар асл барои онҳо вазъи ноороми кишвар зарур аст.  Сироятшавии ҳамватанон аз коронавирус барои онҳо фурсати навбатист. Пажӯҳишҳои олимони кишварҳои мутараққӣ дар ростои омӯзишу таҳқиқи коронавирус ҳанӯз ба натиҷаи аниқе нарасидааст, аммо саркардаи наҳзат оид ба ин мавзӯъ бешармона ба Ҳукумату мардуми кишвар “тавсияҳо”-и пуч медиҳанд. Тавсияашон ин аст, ки  Ҳукумати Тоҷикистон бояд карантин ҷорӣ кунад. Ҳукумат тамоми тадбирҳоро бар  зидди хатари коронавирус андешида истодааст, ниёз ба тавсияҳои ҷинояткорону террористон надорад.

Саркардагони наҳзатӣ дар ҳоле ба Ҳукумату мардум оид ба пешгирии коронавирус “тавсия” медиҳанд, ки худашон ба системаи тандурустии кишвар зарари калон расонида буданд. Соли 1999 як беморхонаи сироятиро дар ноҳияи Рӯдакӣ, ки бештар аз 10 гектар масоҳат дошт, бо сӯиистифода аз мақоми он замон ишғолкардаашон биноҳои онро ба панҷ нафар фурӯхтанд. Дар давоми солҳои 2008 то 2010 бошад,   заминҳои беморхонаро ҳамчун замини наздиҳавлигӣ ба шаҳрвандон фурӯхтанд. Баъди ин гуна амалҳои харобкорӣ чӣ гуна метавонанд дар бораи пешгирию рафъи хатари коронавирус сухан гӯянд? Дар сухан ғамхору дар амал душмани мардуманд. Агар онҳо дар воқеъ, ғамхори мардум мебуданд ва заррае номусу виҷдон медоштанд, ба чунин харобкорию қаллобӣ бояд даст намезаданд. Барои онҳо  танҳо манфиати моддӣ муҳим асту иҷрои супориши хоҷагон. Мутаассифона, имрӯз ин иғвогарон ва қаллобон дар хориҷи кишвар аз ҷавобгарӣ дар назди қонун панаҳ бурда, амалҳои манфури худро зидди давлату миллати тоҷик идома медиҳанд. Тавассути   расонаҳои иттилоотӣ хабарҳои дурӯғ паҳн карда, матолиби душманонаро бар зидди манфиати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон интишор менамоянд. Ба баҳонаи хатари коронавирус мехоҳанд ба  вазъияти кишвар таъсири манфӣ расонида, дар ҷомеа таҳлукаю иғво барангезанд. 

Вақти зиёд аст, ки Ситоди умумиҷумҳуриявии зидди коронавирус амал мекунад ва вазъро дар кишвар таҳти назорати пурра қарор додааст. Дар барномаҳои хабарии ВАО-и расмӣ ва ғайрирасмӣ аз фаъолияти рӯзмарраи Ситоди умумиҷумҳуриявии мазкур маълумоти фаврӣ пахш мешаванд. Аз тарафи сохторҳои дахлдор бошад, тамоми тадбирҳо ҷиҳати рафъи хатари коронавирус андешида мешаванд.

Бар ивази ин қадар иғво андохтану аз бадбахтии мардум манфиат ҷустан, наҳзатҳо агар аз ҳисоби ҳамон пулҳои бар ивази моликияти ҷамъиятӣ ба дастовардаашон имрӯз ба муҳтоҷон ёрӣ мерасониданд, шояд гуноҳашон дар назди Ватану миллат камтар мешуд. Ба андешаи инҷониб, наҳзатиҳо ҳаргиз ба чунин амали хайр даст намезананд, зеро онҳо неруи мухолиф не, балки як тӯдаи ҷинояткоранд.

Хушбахтона, мардуми тоҷик ва Ҳукумати кишвар имрӯз дар муқобили хатари коронавирус муттаҳиданд ва иқтидору имконияти заруриро барои истодагарӣ дар муқобили ин хатар доранд. Илова бар ин, кишварҳои дӯсту ҳамсоя имрӯз ба кумаки Тоҷикистон мешитобанд. Аз  ҷумла, аз кишвари ба мо дӯсту ҳамсояи Ӯзбекистон ба сифати ёрӣ таҷҳизоти тиббии зарурӣ расонида шуд. Табибони ботаҷрибаи ин кишвар барои расонидани кумак дар мубориза бо коронавирус ба Тоҷикистон ташриф овардаанд.

 

Ардамеҳр АШӮРОВ,

ходими калони

илмии АМИ Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш