Нашрияи Омӯзгор

Тарғибгари ҳунаромӯзӣ

Сана: 2018-06-06        Дида шуд: 755        Шарҳ: 0

- Бачаҳои азиз, батакрор мегӯям, ки ҳунар ҷавҳари одамист. Касе, ки соҳибҳунар аст, сарбаланду пешрав аст. Ҳунар ба инсон обрӯю эътибор, шаъну шараф ва ҳурмату эҳтиром мебахшад.

Оне, ки ҳунар дорад, хор намешавад, ба мушкиле гирифтор намешавад. Бузургонамон гуфтаанд, ки «Ҳунар омӯз, к-аз ҳунармандӣ, Даркушоӣ кунӣ, на дарбандӣ»…

Омӯзгори номвари мактаби рақами 115-и ноҳияи Рӯдакӣ Исорӣ Каримов  ҳар як  дарсашро аз фанни технология (ҳунаромӯзӣ) бо таъкиди ҳамин нуктаҳо оғоз  мебахшад ва ҳар дафъа ҳидояташро бо гуфтае аз бузургон, бо байтеву ҳикмате тақвият мебахшад.

Ӯ худ як марди ҳунарманд аст. Аз хурдӣ ба ҳунарварӣ гаравидааст. Ҳамакнун беш аз чил сол мешавад, ки тарғибу ҳунару ҳунаромӯзӣ мекунаду хоса, насли наврасро ба омӯзиши ҳунарҳо дилгарму раҳнамоӣ месозад. Ин омӯзгори ҳунарвар – Исорӣ Каримов зодаи деҳаи Дороби ноҳияи Ховалинг аст. Дар оилаи маърифатоину соҳибобрӯ ба дунё омадаву мактаби деҳаро бомуваффақият хатм намудааст. Аз хурдӣ дилдодаи табиати зебои диёр буду ҳаваси онро дошт, ки пораҳое аз ин зебоиро бо рангу қалам ба рӯи коғази  сафед бикӯчонад. Ба ҳунари рассомӣ самимона дил баст ва ин дилбандӣ ӯро ба омӯзишгоҳи рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимови шаҳри Душанбе овард. Ин ҷо ҳунарҳои рассомию кандакорӣ ва гулбандию нақшбандиро омӯхт ва мутахассиси  бомаҳорате шуд. Фаъолияти меҳнатиашро бо омӯзгорӣ дар мактаб оғоз бахшид, соле чанд омӯзгори санъати тасвирӣ ва меҳнат  дар муассисаи таълимии рақами 3-и ноҳия буд. Пайвастагии бештар ва муҳаббати рӯзафзунаш ба рассомӣ боис гаштанд, ки аз нав рӯ ба пойтахти ҷумҳурӣ – шаҳри Душанбе оварад. Ин ҷо дар Хазинаи бадеӣ ба сифати рассом  - кандакор  ба кор шурӯъ кард ва чун маҳорати комил дошту эҷодкор буд, дар андак муддат ҳамчун соҳибҳунари чирадаст эътироф гардид. Акнун муҳимтарин корҳои марбут ба рассомию кандакориро дар сохтмону иншооти бонуфузу эътиборманди мамлакат ба ӯ бовар мекарданд.

Чунончи, ҳини барқарорсозиву такмили бинои  мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар шаҳри Кӯлоб Исорӣ Каримов дар қатори маъруфтарин ҳунармандони кишвар кор карда, шаш дари ин мақбараро бо камоли маҳорат кандакорӣ намуд ва инак, солҳост, ки ҳамарӯза зоирини зиёди оромгоҳи орифи бузург ба ин дарҳо  бо  ҳавасу таваҷҷуҳи махсус нигариста, ба устои  бомаҳораташ таҳсин мегӯянд. Дар чойхонаи миллии маркази ноҳияи Ховалинг низ, ки як асари комилу пурэъҷози санъатро мемонад, И.Каримов нақши дастони моҳиру сеҳрофари худро гузоштааст. Хориҷ аз кишвар ҳам ин ҳунарвар корҳои шоистаро сомон бахшидааст. Соли 1981 дар намоиш – ярмаркаи ҳунарҳои миллӣ дар шаҳри Познани Ҷумҳурии Лаҳистон ширкат варзида, ҳунарҳои мардумии тоҷикро дар бахшҳои рассомию кандакорӣ (аз ҷумла, бунёди чойхонаи миллӣ) намоиш додаву бисёр тамошобинонро ангушти ҳайрат ба ба лаб гузоштааст. Дар ин намоиши байналмилалӣ ҳунари баланди И.Каримов бо медал ва ҷоизаи махсус арҷгузорӣ гардидааст. Хушбахтона, чунин ҳодисаҳои мондагор дар рӯзгори ин мутахассиси варзида зиёданд.

Соли 2013 Исорӣ Каримов ба кори таълиму тарбия баргашта, дар мактаби рақами 115-и ноҳияи Рӯдакӣ  ҳамчун омӯзгори  технология ба кор пардохт ва то инрӯз дар дабистони мазкур фаъолият дорад, ба шогирдон аз фанни  технология дарс мегӯяд. Омӯзгорест ташаббускору пурғайрат. Машғулиятҳояшро бо шогирдон дар сатҳи баланд ва пурсамар баргузор менамояд. Ҳар дарсаш дарси тарғиби ҳунар, дарси ҷилваи ҳунар аст. Хонандагон аз ин устоди соҳибтаҷрибаи хеш ҳунарҳои гуногун, аз ҷумла, кор бо чӯб, кандакорӣ, дуредгарӣ, рассомиро меомӯзанд. Дарсгоҳи омӯзгор ҳунаристонро мемонад ва бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз аст. Бо ташаббуси ӯ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар таълимгоҳ чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла, намоиши дастранҷҳои шогирдон баргузор карда шуд. Омӯзгори мумтоз Исорӣ Каримов устоди кулли омӯзгорони технологияи ноҳия мебошад.

 

Пироншоҳи САИДАҲМАД,

омӯзгор, ноҳияи Рӯдакӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш