Нашрияи Омӯзгор

Баҳриддин Камолиддинов

Сана: 2020-05-20        Дида шуд: 809        Шарҳ: 0

 

Забоншиноси варзида, доктори илмҳои филологӣ Баҳриддин Камолиддинов пас аз чанд ҳафтаи беморӣ 13-уми майи соли 2020 дар 85-солагӣ аз дунё гузашт.

Баҳриддин Камолиддинов 5-ми октябри соли 1935 дар деҳаи Понғози ноҳияи Ашт ба дунё омадааст. Баъди хатми факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) аз соли 1959 ба ҳайси ассистенти кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд. Соли 1966 рисолаи номзадӣ ва соли 1988 рисолаи докторӣ дифоъ намудааст ва аз соли 1991 унвони илмии профессориро ба даст овардааст. Солҳои зиёде муовини таълимии декани факултаи филология ва шарқшиносӣ, мудири кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ, муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Солҳои 1994 - 2011 дар вазифаи мудири кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор кард.

Профессор Б. Камолиддинов муаллифи асарҳои  “Ҳаким Карим”, “Забон ва услуби Ҳаким Карим”, “Услубшиносӣ” (Д.,1973, ҳаммуаллиф, 1978, 1982), “Муродифоти синтаксисӣ ва ҳусни баён” (1986), “Ҳусни баён” (1989), “Хусусиятҳои услубии сарфу наҳви забони тоҷикӣ” (1992), “Услубшиносӣ” (ҳаммуаллиф, китоби дарсӣ барои хонандагони макотиби миёна, 1995), “Сухан аз баҳри дигарон гӯянд” (2001), “Масъалаҳои баҳсноки наҳви забони тоҷикӣ” (2003), “Сухандонон сухан санҷида гӯянд” (2005), “Меъёрҳои забонҳои адабӣ ва забони матбуот” (2007), “Сухан гуфтию дур суфтӣ, ё рӯ ба рӯи микрофон” (2007), «Забони тоҷикӣ» (китоби дарсӣ барои хонандагони синфи 11 (2007), “Наҳви забони тоҷикӣ” (китоби дарсӣ барои донишҷӯёни факултаҳои филология, журналистика ва забонҳои Шарқ, 2010), «Синтаксическая синонимия в современном таджикском литературном языке» (2010), «Чанд мушкили гузоштан ё нагузоштани вергул» (2013) ва ғайра мебошад. Инчунин, бо ҳаммуаллифӣ бо олимони дигар дастури ёрирасони таълимии “Тарҷума ва балоғати сухан” (иборат аз ду ҷилд, 2004 ва 2005) ва беш аз 150 мақолаи илмию методӣ таълиф намудааст. Баҳриддин Камолиддинов яке аз муаллифон ва муҳаррирони “Грамматикаи забони ҳозираи тоҷик” (грамматикаи илмии академӣ, 1985-1992) аст. Аз соли 1998 то охири умр ба ҳайси узви шӯроҳои дифои рисолаҳои номзадӣ ва доктории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон, Институти илмҳои педагогӣ дар тайёр кардани мутахассисони ҷавон хизмати шоиста намудааст ва ба ҳайси узви Комиссияи татбиқи қонуни забони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати кории ислоҳоти имлои забони тоҷикӣ (солҳои 1994-1998 ва 2010) низ хидмат кардааст. Баҳриддин Камолиддинов ба сифати сардори гурӯҳи ҳамоҳангсози фанни забони тоҷикии Шӯрои миллии таҳсилоти Вазорати маориф ва илми  Тоҷикистон дар таълифи барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсии забони тоҷикӣ барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олӣ низ ба муаллифони китобҳои дарсӣ ҳамчун мушовир, муқарриз ё муҳаррир ёрдам кардааст. Таҳти роҳбарии Баҳриддин Камолиддинов беш 20 нафар рисолаи номзадӣ ва 4 нафар рисолаи докторӣ дифоъ кардаанд.

Хидматҳои шоистаи шодравон, профессор Баҳриддин Камолиддинов дар рушди забони тоҷикӣ, тайёр намудани мутахассисони варзидаи соҳаи забоншиносӣ ва таълифи асарҳои бунёдӣ номи ӯро дар илми тоҷик зинда нигоҳ медорад.

 

Аҳли қалами  ҳафтаномаи  «Омўзгор»  аз  даргузашти  доктори  илмҳои  филологӣ,  профессор  Баҳриддин КАМОЛИДДИНОВ  ва духтараш Гулнора КАМОЛИДДИНОВА андуҳгин буда, ба аҳли оила ва хешону пайвандони марҳумин изҳори таслият ва ҳамдардӣ менамоянд.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш