Нашрияи Омӯзгор

Роҳбари кордон ва муҳаққиқи варзида

Сана: 2020-05-20        Дида шуд: 787        Шарҳ: 0

 

Омӯзгорон дар ҷомеа бо фаъолияти бавусъат ва самарабахши хеш ҳамеша соҳибэҳтироманд. Муовини ректор оид ба таълим ва идораи сифати таҳсилоти Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ Маҳмуд Тошматов аз ҷумлаи устодонест, ки дар тайёр намудани мутахассисони варзида ва баланд бардоштани маърифати ҷомеа ҳамвора талош менамоянд.

Мавсуф баъди хатми мактаб, соли 1977 ба факултаи сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандии Донишкадаи политехникии Тоҷикистон (ҳоло ДТТ ба номи академик М. Осимӣ) дохил шуда, бо роҳхати Вазорати маорифи ҷумҳурӣ таҳсилро дар Донишкадаи сохтмонӣ-муҳандисии шаҳри Киев идома бахшида, онро соли 1982 бомуваффақият хатм кардааст.

Ӯ аз 1 ноябри соли 1982 ба ҳайси ассистенти кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ дар сохтмони ДТТ ба номи М. Осимӣ фаъолияташро оғоз бахшидааст. Соли 1984 ба аспирантураи Донишкадаи муҳандисӣ - иқтисодии шаҳри Ленинград дохил мешавад ва соли 1987 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи “Методические основы перестройки структуры регинального управления строительством (на примере Таджикской ССР)” дифоъ мекунад. Дар ин миён солҳои 1988-1991 дар вазифаҳои ассистенти кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ дар сохтмони Донишкадаи политехникии Тоҷикистон ва мудири сектори Пажӯҳишгоҳи марказии илмӣ - тадқиқотии иқтисодиёт ва идоракунӣ дар сохтмони Кумитаи давлатии сохтмони ИҶШС фаъолият намудааст. Аз сентябри соли 1991 то сентябри соли 1996 дар вазифаҳои муаллими калон, дотсент, мудири кафедраи технология ва ташкили истеҳсолоти сохтмони Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон кор кардааст.

Устод М. Тошматов аз сентябри соли 1996 фаъолияти омӯзгории худро дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон идома дода, дар ин даргоҳи илму маърифат 25 сол боз ба таълиму тарбия машғул аст. Аз рӯзи аввали оғози фаъолият дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон маҳорату малакаву дониши хешро баҳри мукаммал намудани барномаҳои таълимии фаннии бахши иқтисодиёт ва ҷалби олимони шоистаи ҷумҳурӣ ба раванди таълиму тарбия равона намуд. Ҳамин тавр,  нақшаҳои таълимии ихтисосҳои бахши иқтисодиёт низ бо дарназардошти талаботи рӯзафзуни бозори меҳнат таҷдиди назар гардида, таҳия карда шуд. Инчунин, дар донишгоҳ аввалин факулта дар бахши иқтисод бо номи факултаи муҳандисӣ-иқтисодӣ таъсис ёфт.

Аз соли 2007 то 2009 дар вазифаи декани факултаи муҳандисӣ - иқтисодӣ ва сипас, бо сабаби ислоҳоти сохторӣ дар донишгоҳ (ба факултаи иқтисодиёт ва менеҷмент табдили ном кард), ҳамчун роҳбар ва ташкилотчии хирадманд тавонист як коллективи тифоқ ва потентсиалии сатҳи илмию-педагогиаш баландро созмон бидиҳад. Дастовардҳои факулта дар ҷодаи таълим ва илм назаррас гардид, ки дар  он мутахассисони варзидаи соҳаи иқтисод омода карда мешаванд. Хатмкардагони ин факулта дар рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми босазо гузошта истодаанд. Дастовардҳои факулта низ дар озмуну олимпиадаҳои бонуфузи ҷумҳурӣ назаррас мебошад.

М. Тошматов аз соли 2009 инҷониб ҳамчун муовини ректор оид ба таълим ва идораи сифати таҳсилоти Донишгоҳи технологии Тоҷикистон баҳри баланд бардоштани сатҳи сифати таҳсилот, рақобатпазирии хатмкунандагони донишгоҳ дар бозори озоди меҳнати дохилию хориҷӣ, ба стандартҳои сифати таҳсилоти байналмилалӣ мувофиқат намудани донишу малакаи мутахассисон, рейтинги донишгоҳ, рушди бунёди моддию техникӣ ва инфрасохтори таълимию татқиқотии донишгоҳ  ҳамвора талош менамояд. Саҳми ӯ дар ҷорӣ намудани системаи кредитии таҳсилот дар донишгоҳ низ бузург буда, бо роҳбарии мавсуф даҳҳо семинар оид ба баланд бардоштани сифати таълим ва усулҳои муосири таълим гузаронида шудааст. Ӯ яке аз таҳиягарони “Низомномаи  таҳсилоти олии касбии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити низоми кредитии таҳсилот”мебошад. Устод Тошматов ҳамчун мушовири маҳаллӣ оид ба зинаи  таҳсилоти олии касбӣ дар таҳияи лоиҳаи “Нақшаи миёнамуҳлати татбиқи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020”  дар асоси Стратегияи миллии рушди маориф то соли 2020 бевосита ширкат варзидааст. Ӯ, инчунин, ҳамчун эксперти байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ аз ҷониби Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинги Ҷумҳурии Қазоқистон пазируфта шудааст.

Ҳамчунин, ба донишҷӯён аз фанҳои менеҷмент, сармоягузорӣ, банақшагирии бизнес, иқти-содиёти корхона, омор, иқтисоди идоравӣ ва усулҳои тадқиқоти иқтисодӣ дарс мегӯяд ва дарсҳояш ҳамеша рангину ҷолиб мегузаранд.

Дар роҳбарӣ ба  пажӯҳишгаро-ни ҷавон низ фаъолияти устод сазовори таҳсин аст. Таҳти роҳбарии ӯ ду нафар рисолаҳои номзадии худро ҳимоя намуда, соҳиби дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисод гардидаанд.  Дар айни замон роҳбари илмии ду нафар дар зинаи Ph.D,  се  нафар  аспирант ва 3 нафар унвонҷӯ  мебошад. Рисолаи докториашро дар мавзӯи «Теория и методология повышения эффективности инвеститционных процессов в условиях переходной экономики Республики Таджикистан”  омода намудааст. Ҳамчунин, муаллифи 7 китоби дарсӣ ва як силсила дастурҳои таълимӣ буда, беш аз 100 мақолаи илмӣ таълиф кардааст. Пажӯҳишҳои устод Тошматов ба яке аз мавзӯъҳои муҳими рушди босуботи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсат ва раванди тезонидани сармоягузорӣ ба бахшҳои иқтисодиёт бахшида шудааст. Дар тадқиқотҳои илмиаш масъалаҳои калидии рушди иқтисодиёт, сиёсати сармоягузории корхонаҳо, самтҳои баланд бардоштани самаранокии комплекси сохтмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фазои сармоягузорӣ ва  самтҳои беҳтар намудани он, имтиёзҳои сиёсати сармоягузорӣ дар шароити иқтисоди гузариш, аҳамият ва мавқеъи сармоягузории хориҷӣ дар кишвар, тезонидани фаъолияти сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ ва омилҳои он, мушкилоти механизмҳои ҷалби сармоя ба иқтисодиёти мамлакат, арзёбии ҷалбнокии сармоягузорӣ, вазифаи давлат дар ташаккули фазои сармоягузорӣ таҳлил гардидааст. Назарияи потенсиали сармоягузорӣ, баланд бардоштани маърифати молиявии мардум ҳамчун самти муҳими ташаккулёбии захираҳои сармоягузорӣ, хусусиятҳои хоси андӯхт ва сармоягузорӣ дар шароити ҷумҳурӣ, ҷалби пасандозҳои аҳолӣ ба сармоягузорӣ, таҳлили истифодаи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва масъалаҳои сармоягузории рушди иқтисодиёт, баланд бардоштани ҷалбнокии сармоягузорӣ ҳамчун вазифаи стратегии давлат, масъалаи рушдаи коғазҳои қимматнок дар ҶТ, воситаҳои муосири ҷалби сармоя ба бахши соҳибкорӣ дар ҶТ ва ғайра дар сатҳи баланди назариявӣ ва амалӣ  баррасӣ шуда, фикру пешниҳодҳои илмии ӯ  дар  Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2030 ба инобат гирифта шудаанд. 

Ӯ барои хидматҳои шоистааш  дар таълиму тарбия ва ба камол расонидани  мутахассисони варзида ва рушди саноати кишвар бо нишони “Аълочии маорифи Тоҷикистон” ва ифтихорномаҳои Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст. Ба устод Маҳмуд Тошматов дар роҳи таълиму тарбия ва пажӯҳиш комёбиҳои навин таманно дорем.

Н. ОХУНЗОДА,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш