Нашрияи Омӯзгор

Маърифатоин

Сана: 2020-05-20        Дида шуд: 809        Шарҳ: 0

 

Марди фозил, мураббии аҳли илм, академик, доктори илмҳои педагогӣ, Аълочии маорифи Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон, профессор Муҳаммад Лутфуллозода ҳамчун олими варзидаю  сермаҳсул солиёни зиёдест, ки баҳри рушди илми педагогика ва тарбияи насли наврас пайваста заҳмат мекашанд. Устод аз зумраи он олимоне маҳсуб меёбанд, ки дар кишвар  ва берун аз он бо асарҳои пурмуҳтавои хеш шуҳрати зиёд касб кардаанд. 

Академик М. Лутфуллозода бо талошҳои хастагинопазири худ дар тайёр кардани мутахассисони ҷавони соҳаи педагогика саҳми барҷаста мегузоранд. Аз китоби “Алифбо”-и устод кӯдакон чашми савод боз мекунанду хондану навиштанро меомӯзанд.

Таълифи нахусткитоби донишомӯзӣ ба устод дар натиҷаи ранҷҳои шабонарӯзӣ, мутолиаи силсилаи рисолаву китобҳои илмӣ ва пажӯҳишҳои равонию педагогӣ муяссар гардидааст. “Алифбо” ганҷи бебаҳои миллат, китоби аввалини ҳар яки мост. 

Дастурҳое, ки устод барои мураббиёни муассисаҳои томактабӣ иншо кардаанд,   чун” Лафзи ширин” ва “Субҳи дониш” дар кӯдакистонҳои кишвар васеъ истифода мешаванд ва хеле муҳтавоманданд. Асарҳои дигари устод “Эҳёи педагогикаи Аҷам”, “Тоҷикистон - ватанам, ифтихорам”, “Истиқлолияти  Тоҷикистон ва маорифи навин”, “Тоҷикистони соҳибис-тиқлол  ва масъалаҳои тарбия”,  Дарс”, “Дидактикаи муосир”,  “Дастури фаъолияти омӯзгор”, Тавсифи қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Методикаи таълимии забони модарӣ дар синфҳои ибтидоӣ”, “Асосҳои таълими ибтидоии забони модарӣ”,    “Педагогикаи миллии халқи тоҷик”, “Дастури забони дарӣ” солиёни зиёдест, ки ба китобҳои рӯимизии аҳли таълиму тарбия табдил ёфтаанд. Китобҳои “қиссаи оғози тарбия”, “Шарафномаи миллат”, “Азизномаи Лутф”, “Фарзанд ҳадяи Худованд”, “Адаб тоҷест аз нури илоҳӣ”, “Табассуми муаллим”, “Дидактикаи муосир”,  “Педагогикаи миллии халқи тоҷик” ҷанбаи қавли тарбиявӣ доранд ва хеле воқеъбинона навишта шудаанд. Китоби “Дар хизмати маорифи Афғонистон” ва чанд рисолаашон устодро ҳамчун эҳёгари педагогикаи Аҷам ва методикаи таълиму тарбия дар Тоҷикистону Афғонистон муаррифӣ намудаанд. Дар таҳияи “Консепсияи миллии таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва таҳрири нақшаҳои таълиму барномаҳо, “Консепсияи тарбия”, “Стандарти давлатии таҳсилоти муассисаи миёнаи умумӣ” саҳми устод арзанда аст. Бояд қайд намуд, ки тайи 7 соли  дар давлати Афғонистон  ба ҳайси мушовири вазири маорифи  ин кишвар фаъолият доштанашон устод дар рушду ташаккули маорифи ин кишвари ҳамзабон  саҳми муносиб гузошта, китобҳои дарсӣ, дастурҳои методию тавсиявии зиёдеро  ба табъ расонидаанд .

Тафсиру тавзеҳи рисолаю китоб ва дастуру мақолаҳои зиёди устод худ китобе хоҳад шуд иборат аз чанд ҷилд. Имрӯз устоди маҳбуби мо ҳам дар кишвар  ва берун аз он бо асарҳои судманду дастурии хеш шуҳрати зиёд касб кардаанд.

Давоми беш аз 60 соли фаъолияти хеш академик М. Лутфуллозода мактаби хоси хешро дар соҳаи педагогика ба миён овардаву яке аз маъруфтарин олимони кишвар гардиданд. 

Ба қалами устод  зиёда аз 280 асари илмию тадқиқотӣ,  650 мақолаи илмию методӣ ва оммавӣ мансуб мебошанд. Дар зери роҳбарии ин олими барҷаста 52 нафар рисолаи номзадӣ ва 8 нафар рисолаи докторӣ ҳимоя намудаанд. Шогирдони устод имрӯз дар ҳар гӯшаи кишвари азизамон ва хориҷ аз он фаъолияти муваффақона доранд.

Яке аз хислати ҳамидаи устод ин аст, ки бо ҳама яксон ва хоксорона муносибат мекунанд, хоҳ хурд асту хоҳ бузург, хоҳ донишҷӯсту хоҳ олим. Инсони поксират, соҳибдилу фарзона ва маърифатгустаранд устод. Суханҳояшон ҳама хирадмандона, тавсияҳояшон бунёдист. Мутаассифона, на ҳар олим дорои чунин хислатҳои наҷиб аст.

   Устоди азиз Муҳаммад Лутфуллозодаро ба муносибати 85-умин солгарди умри пурбаракаташон самимона табрик мегӯем. Ҳамеша тансиҳату сарбаланду фаъол бимонед, устод!

Фирӯза Раҷабова,

муаллими калони

кафедраи педагогика ва психологияи ДДЗТ ба

номи С. Улуғзода


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш