Нашрияи Омӯзгор

Ҳамкории волидайн бо мактаб ҳатмист

Сана: 2020-05-20        Дида шуд: 778        Шарҳ: 0

 

Дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ, соҳиби илму маърифат ва хушахлоқ тарбия намудани наврасон яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи падару модарон, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, бояд байни мактаб ва волидон робитаи ҳамешагӣ вуҷуд дошта бошад, зеро “аз як даст садо намебарояд”. Бо такя ба таҷрибаи 33-солаи омӯзгории худ мегӯям, ки дар ин ҷода дар муассисаҳои таълимии мо мушкилот ҳанӯз ҳам ҷой доранд. Иддае аз падару модарон дар ин масъала саҳлангорӣ мекунанд ва аз аҳволи фарзандонашон дар мактаб, раванди таҳсилашон кам хабардор мешаванд. Дар маҷлисҳои падару модарон на ҳама волидайн ҳозир мешаванд, серкориашонро баҳона пеш меоранд. Ин ҷо саволе ба миён меояд, ки барои волидайн аз таълиму тарбияи фарзандонашон кори муҳимтаре буда метавонад? Ба омӯзиш ва тарбияти фарзанд, асосан, дар хурдсолӣ ва вақти мактабхонӣ таваҷҷуҳи бештар мебояд.

Агар ба таълифоти гуҳарбори адибони классикамон назар афканем, мебинем, ки саршор аз суханҳои ибратбахшу пандомез дар васфи  таълиму тарбия мебошанд. Шоир ва орифи барҷастаи форсу тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ мефармояд:

Ба ҳангоми барноию кӯдакӣ,

Ба дониш тавон ёфтан зиракӣ.

Дарахте, ки хурдак бувад боғбон

Бигардонад ӯро чу хоҳад чунон.

Чу гардад калон боз натвонадаш,

Ки аз кажжию хам бигардонадаш.

Агар имрӯз падару модарони муҳтарами мо бо мактаб, муаллимон ва роҳбари синфи фарзандашон робитаи доимӣ дошта бошанд ва дар таълиму тарбияи дурусташон саҳлангорӣ накунанд, ҳама мушкилот ҳалли худро пайдо хоҳанд кард. Фарзанди босаводу боадаб дар ҳар давру замон ифтихору номбардори давлату миллат ва волидайнаш аст. Барои ноил шудан ба натиҷаҳои хуб ҳамкории падару модар бо мактаб ҳатмист.

Саодат Қараева,

омӯзгори синфҳои ибтидоӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш