Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ҳам тавъаманд, зеро яке дигареро мукаммал менамояд. Ҳар қадар мо ҳунарҳои мардумиро эҳё созем, рушд диҳем, ҳамон андоза ба ҷалби бештари сайёҳони ватанию хориҷӣ комёб мешавем.
Натиҷа он мегардад, ки эҷоди ҳунармандони мардумӣ зиёд мешавад ва таваҷҷуҳ ба эъҷози ҳунари ниёгони мо меафзояд. Таърих ва фарҳанги тамаддунсози миллати тоҷик аз қаъри асрҳо дигарбора зинда мешавад. Ҳар кӯзаву нақшу нигораҳои гулдӯзишуда, матоъҳои дар дуконҳои одии бобоӣ бофташуда, ҳар сабки халқии ромишгариву овозхонӣ ва амсоли ин як саҳифаи пурҷилои таърихи кӯҳану асолати фарҳанги қадимаи миллиро бозгӯ месозад.
Ҷавҳари талаботи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро кормандони соҳаи маорифи ноҳияи мо хуб дарк кардаанд. Барои фароҳам овардани шароиту имкониятҳои мусоид ҷиҳати манфиатнок ба роҳ мондани дарсҳои таълими меҳнат ва болоравии шавқу завқи хонандагон дар аксар муассисаҳои таълимии ноҳия синфхонаҳои иловагӣ бунёд гардиданд.Феълан дар муассисаҳои №№1,3,4,5,8,9,10,17,31,51,53,64 ва 69 синфхонаҳои омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ барои духтарон (бахшҳои пухтупаз, дӯзандагӣ, тӯрбофӣ ва гулдӯзӣ, зардӯзӣ) ва барои писарон (дуредгарӣ, кандакорӣ, аз тунука сохтани ашёҳо) амал мекунанд. Хусусан, фаъолияти синфхонаҳои иловагии муассисаи таълимии № 4 айни замон аз лиҳози таъминот бо таҷҳизоти техникӣ, фарогирӣ ва доираи омӯзиши ба хонандагон ҷавобгӯи талаботи рӯз аст. Ин иқдом барои таҷрибаомӯзӣ миёни дигар муассисаҳои таълимӣ тавсия дода мешавад. Маҳфилҳои таълимии ҳунарҳои мардумӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия аз ҳисоби Маркази таҳсилоти иловагӣ низ қаноатбахш арзёбӣ мегардад. Аз ҷумла, маҳфили кандакории муассисаи таълимии № 17 (роҳбараш Абдувалӣ Раҳматов) ва маҳфили гулдӯзии муассисаи таълимии №31 (роҳбараш Мошариф Шарифова) бо натиҷаҳои эҷодашон (ҳар гуна бозичаҳо, либосу номгӯи гуногуни гулдӯзиҳо) дар форуми вилоятии ҳунарҳои мардумӣ ширкат варзида, сазовори баҳои баланд гардиданд. Оянда умед аст, ки дар маркази ноҳия чунин як форуми омӯзгорони ҳунарманд баргузор хоҳад шуд, ки ширкати фаъолонаи ҳамаи масъулони маҳфилҳои ҳунарии муассисаҳои таълимии ноҳия дар он дар назар дошта шудааст.
Фарҳанги либоспӯшӣ низ таърихи тӯлонӣ дорад ва барои миллати мо ин амал ҳамеша роиҷ аст. Масъалаи гузариш ба низоми ягонаи мактабӣ аз талаботҳои муҳими соҳа ба ҳисоб меравад. Имсол дар ҳамкорӣ бо ширкати «Алишер – АСК» дӯзонидани либосҳои мактабӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бобат, хушдӯхту шинам омода кардани либосҳои мактабӣ шарти асосӣ мебошад.
Ташкилу гузаронидани озмунҳои «Сабқати зеҳнӣ», «Санъати сухан», «Ровиёни сухан» ва «Китобхонаи бехтарин» низ дар доираи талаботҳои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҷараён доранд. Хусусан, озмуни «Сабқати зеҳнӣ», ки фарогири мавзӯъҳои омӯзиши таъриху фарҳанги гузаштаю муосири миллати тоҷик, расму оинҳои миллӣ, ошноии қавӣ ба боигариҳои табиии кишвар, ёдгориҳои бостонӣ ва мавзеъҳои таърихӣ, такмили маҳорати суханварӣ ва истеъдоди фитрӣ мебошад, бешак, дар тақвияти неруи зеҳнии хонандагон нақши таъсирбахш мегузорад. Дар озмуни «Сабқати зеҳнӣ» муассисаҳои таълимии рақамҳои 1,3,7,8,10,11,12,53,61,64, гимназияи давлатӣ ва мактаб-интернати хонандагони болаёқат аз зумраи ғолибони даври аввал ба ҳисоб мераванд.
М. Орипов,
мудири шуъбаи
маорифи ноҳияи Восеъ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр