Нашрияи Омӯзгор

Ҷавонии истеъдод

Сана: 2020-05-20        Дида шуд: 818        Шарҳ: 0

 

Сергей Маргелян математики Шӯравӣ,  дар 18 – солагӣ донишгоҳро хатм карда, дар 25 – солагӣ академик шуд.

***

Николай Добролюбов – мунаққиди бузурги рус, револютсионер – демократи  машҳур буд.  Вай  ҳамагӣ  25 сол умр дид.

***

Томас Алва Эдисон, ихтироъкори бузурги америкоӣ, дар 15 – солагӣ газета нашр мекард. Вай барои рӯзнома хабару мақола менавишт, дар матбаа ҳуруф мечид, саҳифа мебаст ва чоп мекард.

***

Ҷузеппа де Верди нахус-тин асари мусиқиашро дар даҳсолагиаш навишта буд.

***

П. А. Семёнов – Тян – Шанский дар 29 – солагӣ ба саёҳати кӯҳҳои Тяншон ва Искандаркӯл баромад. Ин саёҳат ба як қатор экспедитсияҳои ӯ ба Осиёи Марказӣ асос гузошт.

***

Миклухо Маклай дар 23 – солагиаш нахустин маротиба ба ҷазираҳои Канар саёҳат кард. Дар 25 – солагӣ вай ба ҷазираи Гвинеяи Нав рафта,  дар байни папуасҳо зиёда аз як сол зиндагӣ  кард.

***

А. А. Ладигин дар 25 – солагӣ лампочкаи электрикиро ихтироъ намуд.

***

Ба София  Ковалёвская  дар 24 – солагӣ барои асарҳои барҷастааш доир ба математика унвони докторӣ дода шуд.

***

Аркадий Гайдар дар 17 – солагӣ командири полки Армияи Сурх буд.

***

Леся Украинка дар 13 – солагӣ асари манзумашро дар маҷаллаи адабӣ нашр кунонд.

***

Н. И. Лобачевский дар 21 – солагӣ ассистенти профессор ва дар 23 – солагӣ профессори тахассуси математика буд.

Фароҳамсоз

Ҳотами ҲОМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш