Нашрияи Омӯзгор

Оинаи сеҳр

Сана: 2020-05-20        Дида шуд: 786        Шарҳ: 0

 

Бисёр хуб аст, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»  роҳандозӣ гардид ва он бешак, дар бедор кардани завқи доираи васеи мардум ба мутолиаи адабиёти бадеӣ нақши босазо мегузорад. Дар кори  тарғибу ташвиқи адабиёти гузаштаву муосири тоҷик ва ҷаҳон, инчунин, таҳия, тарҷума ва нашри намунаҳои беҳтарин аз осори адибони маъруфи  дунё маҷаллаи илмӣ, адабӣ ва таълимию маърифатии «Адаб» низ хидмати шоистаеро ба сомон мерасонад. Инак, шумораи 53-юми ин маҷалла бо мундариҷаи ғанӣ ва сифати баланди техникӣ чоп ва дастраси муштариён гардид. Зери рубрикаи  «Аз Рӯдакӣ то имрӯз» мақолаҳои донишмандони шинохта Мирзо Солеҳов, Аҳлиддин Ширинзода «Оид ба нахустин тарҷумаи «Калила ва Димна» дар замони Сосониҳо», Гулихандони Маликнеъмат, Азиза Раҳимзода «Вежагиҳои қиссаи меҳварӣ дар «Маснавии маънавӣ», Субҳон Амирзода «Авомили назариявӣ ва идеологии инкишофи адабиёти тоҷик дар Мовароуннаҳри қарни XIX», Иқрориддин Айниддинов «Сайри таърихии Мавлавӣ Ҷунунӣ ба сирати шайх Абӯбакри Варроқ дар “Маъдан-ул-ҳол”,  дар бахши «Машриқу Мағриб» матни суханронии донишманди маъруфи фаронсавӣ Эрнест Ренан  «Дар бораи улуми арабӣ ва ҳунари исломӣ», ки моҳи марти соли 1883 дар Донишгоҳи Сорбонн ироа намуда буд ва дар атрофи он баҳсҳои пуршӯр то замони мо ҳам идома доранд,  мунташир шудааст.

Нависандаи маъруфи фаронсавӣ Албер Камю (1913-1960), ки  дар 44-солагӣ ҷоизаи Нобели адабиётро баранда шуд (1957) ва дар 47-солагӣ даргузашт, ба унвони яке аз таъсиргузортарин нависандагони қарни бистум шинохта мешавад. Аз  ин шумораи маҷаллаи «Адаб» хонандагон мақолаи  «Албер Камю – виҷдони бедори Ғарб», охирин мусоҳибаи Албер Камю бо хабарнигори рӯзномаи фаронсавии «Навгониҳои адабӣ» (les nouvelles litteraires) Жан Клод Брисвел «Танҳо ба марги ростин мемирем ва ин дигар бозӣ нест» (1959) ва ҳикояи   «Сукут»-и нависандаро мутолиа карда метавонанд.

 Дар бахши «Аз ганҷинаи адабиёти ҷаҳон» мақолаи муҳаққиқ ва мутарҷими пуркор Обид Шакурзода «Марди танҳоро ҳама ҷо бодия аст» ва чаҳор ҳикояи нависандаи бузурги рус Антон Чехов («Шартбандӣ», «Ванка», «Бепаноҳ», «Бурди бузург») дар тарҷумаи ӯ, инчунин,  нигоштаи адабиётшинос Шодӣ Шокирзода «Александр Куп-рин - нависандае бошарофат»  ва намунаҳое аз осори ин адиб  (ҳикояҳои  «Буттаи ёсамин», «Дуздӣ ҳунар аст!») чоп шудаанд. Бахши ниҳоии маҷалла «Арзишдоварӣ»-ро нигоштаи муҳаққиқ Холмурод Муртазоев «Шаҳзодаи Самарқандӣ ва «Регистон»-и ӯ» зеб медиҳад.

Н. ОХУНЗОДА,

 «Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш