Нашрияи Омӯзгор

Парвози баланд

Сана: 2020-05-20        Дида шуд: 802        Шарҳ: 0

 

Маҷмӯаи «Парвоз» - и нависандаи хушзавқ Зариф ғулом аз  қиссаи «Парвоз» ва се ҳикоя: «Фарёди қалб», «Дасти доҳӣ» ва «Дидор» иборат буда, хеле ҷолиб аст.

Воқеаҳои тасвиршаванда ҳаводиси солҳои 30 - юму 40 - ум ва 90 - уми асри ХХ - и таърихи халқи тоҷик буда, бисёр лаҳзаҳои ҳассос ва ҳузновари мардуми печидафарёдро фа-ро мегирад. Ё худ нависанда воқеаҳои солҳои 30 - юм «кӯргиреҳи душмани халқ», ҳаводиси фоҷеабори таърихии солҳои Ҷанги Дуюми ҷаҳонӣ ва «моҳияти барои Ватан - барои Сталин» ва ҳамчунин, дар интиҳои аср тақсимшавию дуршавии миллат аз ҳамдигарро хеле ҷигарсӯзу ҷонкоҳ ба тасвир гирифтааст.

Ҳикояи «Фарёди қалб» (хуб мебуд, ки «Фарёди дил» номида шавад) ҳам аз рӯи мавзӯъ, мазмуну муҳтаво, ҳунари сужасозӣ, истифода ва тасвири ҷузъиёти бадеӣ, забону шеваи нигориш, корбурди луғату ибораҳо ва таъбироти халқӣ, мухтассоти этникӣ ва ғайра басо дилкаш ва хонданист.

Тасвирсозиҳои адиб хеле гуворост, зеро лаҳзаҳои зиндагию корнамоиҳои Карим - қаҳрамони марказии ҳикояро ӯ тарзе сохтааст, ки хонандаро хаста намекунад. Ҳунари волои Карим, хонадоршавии Карим, нақлҳои ҷо - ҷои мӯйсафеди Ҳаким, зуҳури ходимони идораҳои тафтишотию ҳуқуқӣ (аз муфаттиши одӣ то прокурори ҷумҳурӣ), тавассути суруди Карим озод гардидани як дастаи «гунаҳкорони бегуноҳ», «доноиҳо»-и органҳои муҳофизи ҳуқуқ, хусусан, маърифати шеърфаҳмӣ, симои манфур ва ҳаракатҳои хандаовару масхараомезонаи онҳо дар муқобили Кариму завҷаи ӯ манфуртарин ашхоси соҳибмансаби гумроҳ Оқчурин, Хоркашови бумчашм, Толиб Бобоев меистанд.

Дар ҳикояи дуюми маҷмӯаи «Парвоз», ки «Дасти доҳӣ» ном дорад, Мирзои деҳқон давомдиҳандаи пешаи падараш бобои Назар аст, образи марказии ҳикоя мебошад.

Дар ҳикоя фалсафаи зиндагӣ дар муҳокимаҳои акаи Санҷар басо ҷолиб аст:

- Пас аз солҳои серию пурӣ хушксолию гуруснагӣ сар мешавад, зеро ки одамон бандаи ношукранд. Аз пайдоиши одамизод ҳамин хел…

Саргузашти Мирзои заҳмат-қарин фоҷеабор аст, ки дур аз ёру диёр, аз падару модар дар ғарибӣ аз олам мегузарад. Ҳамсари вафодори рӯзҳои ғарибиаш бобои Назарро ақаллан зинда мебинад, вале ин ҷо низ фоҷеа… Ин лаҳзаро нависанда ниҳоят рангину ҷигарсӯз тасвир кардааст.

Ин эпизодҳо даҳшатҳои гӯшношуниди аҳди сталиниро пеши назар ҷилва медиҳад, ки насли кунунӣ дар ин бора иттилооти комил надорад ва аз ин ҷиҳат ҳикояи мазкур арзиши адабӣ - таърихӣ дорад.

Ҳикояҳои маҷмӯаро метавон лаҳзаҳои даҳшатноки таърихи миллат номид. Наслҳои ҷавони имрӯза ва оянда барои худшиносии миллӣ ва таҷрибаҳои рӯзгори хеш аз ин саргузашти пурмоҷарои миллат бояд огоҳӣ дошта бошанд.

Дигар аз ҳикояи маҷмӯа, ки ҳам аз нигоҳи мавзӯю муҳтаво ва ҳам аз ҷиҳати ҳунар басо ҷолиб аст, «Дидор» мебошад. Қаҳрамони марказии ҳикоя Камол шахси ҳамаҷониба обутобёфта, азиятдидаву машаққаткашида ва софдилу ҳалолкор аст.                                             

Мазмунсозии муаллиф хеле ҷолиб аст, ки ҳатто хонанда лаҳзае ёди аз қироат сар бардоштан намекунад, зеро аз оғоз то анҷоми ҳикоя дар банду баст ва ҳунари сужасозӣ як лаҳза аз фронт ва як лаҳза аз зодгоҳи Камол ба тасвир оварда мешавад. Гӯё тазодҳои зиндагӣ, печидагиҳои рӯзгор, шебу фарозҳои ҳаёт, гирудорҳои олам бошад, ки гаҳе ҳаловати ҷон ва лаҳзае кандани ҷон аст. Ин тасвирҳои нависандаи ҳикояи мазкур беихтиёр байти Шайх Саъдиро ба ёд меорад, ки гуфта буд:

Умр агар хуш гузарад,

зиндагии  Хизр кам аст

В-ар ба нохуш гузарад, ними

нафас бисёр аст.

Камол баъди азобҳои ҷанг ва ҷазоҳои сталинӣ, ки панҷаҳои гирояшро ногиро, қомати алифосояшро хам, мӯйҳои мушкосояшро нуқрафом, тавоноияшро нотавон карда буд, ба диёри худ меояд ва ӯро касе намешиносад ва ӯ низ ҳамсараш Ҷаннатро дида, бовар намекунад, ки он сарвқади зуҳраҷабин бошад ва ҳатто беихтиёр, фузун аз чандин дафъа додзанон: Не! Не! Не!... мегӯяд. Аҷоиб он аст, ки Ҷаннат низ ӯро намешиносад, зеро ғуссаву фироқ ӯро дар ҷавонӣ пир карда буд…

Ростӣ, лаҳзаи дидорбинии ду ошиқи як вақтҳо волаву шайдо ва имрӯз барои ҳамдигар «ноошно» ниҳоят ҷонгудоз ва ҳаяҷоновар аст, ки сарддилтарин шахс шояд бенавҳа онро хонда натавонад. Зеро висол иттифоқ афтода бошад ҳам, басо сарду сангин ва беҳис сурат мегирад, ки ҳадаф гузашти умр ва бевафоии олами ҳастӣ аст.

Саргузашти қаҳрамонон - Камолу Ҷаннат камарзишу бозичаи дасти сиёсатмадорон будани насли инсон аст. Охир, Камолу Ҷаннат барин шахсон, ки ба ҷуз меҳнат ва ҷоннисорӣ чизи дигареро ҳатто, тасаввур ҳам намекунанд, барои ватани абарқудрат ҳеҷанд ва ҳатто, касе аз ҳоли эшон огоҳии комил ҳам надорад. Саргузашти Камол бо Мирзо басо монад буда, танҳо фарқашон он аст, ки Мирзо дар ғарибӣ ва Камол дар Ватан мемирад.

Дар маҷмӯаи мазкур як қис-саи адиб низ ҷой дода шудааст, ки «Парвоз» ном дошта, унвони маҷмӯа аз номи ҳамин қисса гирифта шудааст. Қаҳрамонони қисса: Товус, Талбӣ, Рамазон, Қурсия, Гадо,  бобои Назар, Самӣ Маҳмадов, Нина, Мансуров, Холов, Сайфуллоев, Белов, Михайлов ва дигарон мебошанд. Қисса бозиҳои сиёсии солҳои 90 - уми асри гузаштаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро фаро мегирад.

Дар қисса нишон дода шудааст, ки мақомоти баландпояи роҳбарияти ҳизбии Тоҷикистон ба чӣ корҳое қодир буданд. Ҳол он ки онҳо ҳам аз нигоҳи синну сол, собиқаи корҳои ҳизбиву давлатӣ, фаъолият дар вазифаҳои пурмасъулияттарини роҳбарии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра таҷрибаи кофӣ доранд. Онҳо пинҳониву ошкоро нақшаҳои нигоҳдории мансабҳои хешро кашида, бисёр мехостанд, ки Талбӣ Муллобоев баринҳоро дар мавриди зарурӣ истифода бурда, мансабҳояшонро муҳофизат намоянд. Ҳамин ки корашон омад кард, туҳмату буҳтонро дар сари чунин шахсони ҳалолкору ҳақиқатпарасту покният, хоксору ҳалим, одиву зудбовар бирезанд ва  худро чун мусичаи бегуноҳ вонамуд созанд, вале сад шукр, ки тирашон хок хӯрд ва феълан қазовате аз Сайидои Насафӣ ба ёд мерасад, ки гӯё ин шоири мутафаккир дар ҳаққи чунин мансабхоҳон гуфта бошад:

Ҳар кӣ бо душмании халқ

равон аст чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу

гирдоб хӯрад.

Қиссаи мазкур арзиши адабӣ - таърихӣ ва тарбиявӣ - ахлоқӣ дошта, наслҳои имрӯзаву ояндаро огоҳ месозад, ки сари одитарин масоили сиёсӣ ба таъҷилу шитоб роҳ надиҳанд, ниҳоят дурандеш, таҳаммулкор, бомулоҳиза, нуктасанҷу рамузфаҳм бошанд.      

Бояд гуфт, ки муаллифи маҷмӯаи «Парвоз» Зариф Ғулом хеле мушоҳидакор, таҳлилгар ва дақиқназар аст.

Ӯ тарзе мазмунсозиву сужаофаринӣ мекунад, ки ҳар як хонанда ҳадафашро ба хубӣ ва бидуни мушкилот метавонад пай барад. Ҷузъиёти бадеиро дар мавриду мақоми худ ҳунармандона тасвир месозад. Образҳои бадеӣ ва воқеиро хотирмон муаррифӣ менамояд.

Ба назари мо танҳо як ҷиҳат бештар мерасад, ки Зариф Ғулом ба шева бештар такя кардааст. Аз зарбулмасалу мақолҳои халқӣ андак истифода намуда, аз осори шуарои асримиёнагиву муосир ва эҷодиёти шифоҳӣ низ кор гирифтааст. Вале пораҳои шеърӣ на ҳама вақт беғалат оварда шудаанд. Умед аст, ки дар нашрҳои минбаъда онҳо ислоҳи худро меёбанд ва ҳусни баёну камолоти арзиши бадеии асар афзун мегардад.

Муҳаммадюсуф

ИМОМЗОДА,

адабиётшинос


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш