Нашрияи Омӯзгор

Гирди дилҳо сайр кун…

Сана: 2020-05-20        Дида шуд: 785        Шарҳ: 0

 

Соиби Табрезӣ бо мероси гаронбаҳояш дар адабиёти тоҷик мақому мартабаи баландеро касб кардааст. Махсусан, панду андарзҳои шоир бо зоҳири зебою хушоянд, бадеияти баланд ва мазмунҳои амиқу дақиқ ақлҳоро тасхир ва зиндагиро нуру зиё бахшида, ӯро дар сафи бузургони андарзгӯ қарор додаанд.

Ғазалиёти Соиб гувоҳи онанд, ки андешаҳои ӯ дар ҳаллу фасли масоили мухталиф сарчашма аз дини мубини ислом мегиранд. Азбаски ислом дини ақлгарост, бешак, дар таълиму тарбияи инсонҳо мавқеи калидӣ дорад. Шоир вобаста ба ин, дар байте чунин изҳори андеша мекунад:

Маро зи оташи дӯзах наметавон  тарсонд,

Зи шармсории рӯзи шумор метарсам.

Аслан, мухотаби шоир зоҳидону воизони зоҳирбинанд, ки бо мақсади худхоҳӣ ва худнамоӣ ғулғулаву воҳима бунёд намуда, мардуми зудбоварро бо тарс додан аз оташи дӯзах дар доираи хурофот зиндонӣ мекунанд, вале қудрати боздошт намудани Соиб барин одамони баландмаърифатро надоранд. Байти мазкур моро ҳушдор медиҳад, ки аз амалҳои ношоиста парҳез кунем, дину дунёро бо ақл бинигарем, чунки зиндагии ҷисмонии мо роҳи тӯлонӣ надорад ва набояд бо амали нописанде дар парвози рӯҳ ба сӯйи асли хеш монеа эҷод кунем.

Масъалаи дигаре, ки дар маркази андешаҳои ӯ қарор дорад, дарки маърифати баланди инсоншиносӣ ва рӯ овардан ба сӯйи «Каъбаи дил» аст:

Афтад зи тавфи Каъбаву бутхона дарбадар,

Саргаштае, ки роҳ наёбад ба кӯйи дил.

Дар афкори сӯфиёнаи шоир «Каъбаву бутхона» ишора аз ҷою макони баргузории ибодату итоат ва парастишу ниёиши намояндагони дину мазоҳиби мухталиф аст, вале пойгоҳи «дил», яъне «гузаргоҳи Ҷалили Акбар» дар мартабаи муқаддамтар аз тамоми онҳост. Пас, дар маърифати исломшиносии шоир мусулмони муъмин ва воқеӣ он кас аст, ки мароми зиндагиашро дар дилошноию роҳатрасониҳо ба мардум медонад, на дар мардумозорию бадкориҳо:

Аз хасу хошок бигзар, гирди дилҳо сайр кун,

То чу занбӯри асал пуршаҳд созӣ хонаро.

Дар байти дигар шоири рӯзгордида хушбахтии инсонҳоро дар он мебинад, ки дар ин олами хокӣ аз худ хотироти некеро боқӣ гузоранд, то ин ки ояндагон аз он баҳрабардорӣ намуда, онҳоро ба некӣ ёд кунанд:

Хушо касе, ки аз ин хокдон чу даргузарад,

Зи нақши пой чароғе ба раҳгузар монад.

Инсонҳо дар зиндагӣ ҳамеша ба роҳнамо ва роҳкушо зарурат доранд, то ки бо кумаки онҳо мушкилоти зиндагӣ роҳи ҳалли худро пайдо намоянд. Мутаассифона, бисёр одамон дидаю дониста гуноҳро эътироф не, балки   эътироз мекунанд, ки бегуноҳанд:

Кӯрро аз раҳбари бино буридан ғофилист,

Бесабаб аз айббини хеш ранҷидан чаро?

Муроди шоир аз калимаи «кӯр» одами нодон ё камтаҷриба буда, «бино» оқилон ва рӯзгордидагон мебошанд, ки масъалаҳои доғи рӯзро дида, изҳори нигаронӣ мекунанд ва содиқона аз пайи ошкор ва ислоҳи он мешаванд. Пас, мусоҳибашон низ вазифадор аст, ки нуқтаи назари онҳоро собирона дар тарозуи ақл баркашида, мардона ба хатоҳои худ иқрор шавад, нагузорад, ки ин норасоиҳо дубора дар зиндагиашон арзи ҳастӣ намоянд ва ҳаёти нурониашро зулмонӣ гардонанд.

 

Д. Рашидов,

омӯзгори мактаби

 №2-и ноҳияи Шуғнон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш