Солҳои охир, баъди ба нафақа баромаданам, саломатиам халалдор шуд. Ба назди духтурон мерафтагӣ шудам. Духтурон ҳар хел дору менавиштанд, мехаридаму истеъмол мекардам, лекин беҳбудиеро дар худ ҳис намекардам. Аҳволам рӯз ба рӯз бадтар мегашт. Ниҳоят, тақдир маро ба назди табиби мушфиқу меҳрубон, донандаи мумтози касби худ Таҳмина Иноятуллоевна овард. Ӯ маро хуш қабул кард. Пас аз муоина давра ба давра рӯйхати доруҳо ва хӯрокҳоро тартиб дода, тавзеҳам дод. Муносибати нек, забони ширин, дониши хуб ва таҷрибаи бойи ин табиби асил саломатиамро барқарор намуд. Илоҳо, сафи чунин табибони мушфиқу меҳрубон ва масъулиятшинос дар мамлакатамон ҳар чӣ бештар гардад.
Табиби мушфиқиву меҳрубонӣ,
Сано бар модарат, ширинзабонӣ.
Падар дар роҳи илм заҳмат кашида,
Зи эшон қадри инсонро ту донӣ.
Ягона ту умеду такягоҳам,
Бидонистам, ки озурдан намонӣ.
Тани пурдарди ман аз дард раҳо гашт,
Шифои комили дардам ту донӣ.
Вафои ту ба касбу пешаат гашт,
Ту бофарҳангу боилму ҷавонӣ.
Шавад хушҳол аз ту ҳар маризе,
Фаромӯш мекунад ранҷу гаронӣ.
Дуои нек ба роҳат мегузорам,
Ки роҳат сабзу қалбат соф монӣ!
Толеъмурод Бобокалонов,
омӯзгор, Аълочии маориф
ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Иловакунӣ
Иловакунии фикр