Нашрияи Омӯзгор

Тани сиҳат-бехи давлат

Сана: 2020-05-20        Дида шуд: 796        Шарҳ: 0

 

Ҷои баҳс нест, ки дар ташаккули шахс, дар тарғиби омӯзиши одоби ҳамида тамоми самтҳои тарбия моҳияту нақшу аҳамияти махсус доранд.

Дар ин маврид ҳамин нуктаро махсус зикр бояд кард, ки дар давраҳои муайян вобаста ба ҳодисаву сабабҳои гуногун дар мактабҳо, дар фаъолияти омӯзгорон ин ё он навъи тарбия аҳамияти бештаре пайдо мекунад, зарур меояд, ки ба  навъ ё самти алоҳидаи тарбия диққати бештаре зоҳир карда шавад. Ба мушоҳида мерасад, ки солҳои охир дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ зарурати таваҷҷуҳи махсус доштан ба тарбияи саломатии хонандагон ва тарғиби ҳаёти солим миёни онҳо пайдо шудааст. Маълум, ки саломатӣ пойдевори кохи ҳастии инсон аст  ва бар ҳар амале танҳо дар заминаи саломатии комил доштан метавон муваффақ шуд. Ҳикматест машҳур, ки «ақли солим дар тани солим аст». Куҳансолону рӯзгордидагон мегӯянд, ки чун одам солим набошад, дасту дилаш ба коре намеравад, дунё ба назараш тор менамояд, майлу ҳавасаш коста мегардад. Хонандаи носолим низ дар таҳсил ноком мешавад, ба монеаву душвориҳо бармехӯрад, дар азхудкунии дарсҳо қафо мемонад. Дар айёми мо ифлосшавии ҳаво тавассути партовҳову маводи сӯхт ва ашёи кимиёвӣ дар сатҳи баланд аст, гоҳ-гоҳ бемориҳои гуногуни сироятӣ авҷ мегиранд, ҳамагон ба истифодаи либоси синтетикӣ майли бештар пайдо кардаанд ва ин ҳолат тақозо дорад, ки тарбияи саломатӣ дар таълимгоҳҳо пурзӯр карда шавад. Дар ин замина, махсусан, дар синфҳои ибтидоӣ, ки марҳилаи асосии шаклгирии хулқу атвори шогирдон аст, ба ин масъала таваҷҷуҳи ҳамешагӣ мебояд. Дар тамоми дарсҳо (аз ҳамаи фанҳо) метавон ба масъалаи тозагӣ, риояи он дахл кард, албатта, дар доираи муайяни вақт (аз 2-3 дақиқа то 5-10 дақиқа). Ба хонандагони хурдсол оид ба саломатӣ ва аҳамияти он бояд ба таври фаҳмою саҳеҳ ва соддаю муассир сухан гуфт. Дар ин боб истифода аз ҳикояту ашъор, зарбулмасалу мақол ва андарзи бузургону фармудаҳои ҳакимон айни муддаост.

Аз ин лиҳоз, чанд намуна меорем, ки омӯзишу тавзеҳи онҳо барои хонандагон муфид хоҳад буд: Тани сиҳат-бехи давлат. Тандурустӣ агар ҳавас бошад, Андаке аз таом бас бошад. Тозагӣ-гарави саломатӣ. Варзиш асоси сиҳатмандист. Тарбияи ҷисмонӣ-бақои ҷавонӣ. Аз ҷисми тоза дард меҳаросад.

Ташреҳи қитъаи зерини Фаридаддини Аттор барои хонандагон дорои аҳамияти махсус аст:

Офиятро гар бихоҳӣ, эй азиз,

Метавонӣ ёфтан дар чор чиз:

Эминиву неъмат андар

хонадон,

Тандурустиву фароғат баъд

аз он.

Дар мактаб байни хонандагон тавассути машғулиятҳои гуногун саломатӣ на танҳо тарғиб кардаву аҳамияташ тавзеҳ бахшида мешавад, балки дар ин самт корҳои амалӣ баргузор мегарданд. Чунончи: дарси тарбияи ҷисмонӣ, варзиши аҳлонаи пагоҳирӯзӣ, иҷрои бозиҳои серҳаракат дар лаҳзаҳои дарсҳо, созмонбахшии мусобиқаҳои варзишӣ, роҳандозии бозиҳои миллӣ ҳангоми танаффусҳои калон, зимни ҷашнвораҳо ва сабқатҳо, саёҳат ба табиат, ба пуштаҳои атроф… Ҳамчунин, ташкили вохӯриҳо бо варзишгарони маъруф, тамошои аҳлонаи мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, таҳияи рӯзномаи девории «Варзишгари ҷавон», «Саломатӣ», нақл дар бораи варзишгарон-қаҳрамонони ҷумҳурӣ ва ҷаҳон ва монанди инҳо  дар тарбияи саломатии хонандагон нақши муассир  доранд. Шогирдонро пайваста даъват бояд кард, ки ҳамеша ба тозагӣ риоя намоянд, зеро саломатии устувори  ҳар як шахс, пеш аз ҳама, ба тозагии ӯ вобастагии қавӣ дорад. Муҳим аст, ки ҷисми инсон, либоси ӯ, муҳити ӯ, хонадони ӯ,  ашёи ӯ ҳамеша тозаю озода бошад. Тозагии дарсгоҳ, ки хонаи дуюми хонандагон аст, хеле муҳим аст.

Ба шогирдон таъкид бояд кард, ки сиҳатии онҳо аз саломатӣ, тозагии ҳамдигарашон вобастагии қавӣ дорад. Маъмулан дар синфҳо комиссияи тозагӣ амал менамояд. Ин комиссия бояд вазифаашро бо камоли масъулият ва мунтазам иҷро кунад, албатта, бо роҳбарии омӯзгор.

Чун анъана ҳамасола хонандагон пеш аз ба мактаб омадан аз муоинаи тиббӣ мегузаранд. Худи ҳамин амал ҳам як далели ҷиддии аҳамияти саломатӣ дар ҷараёни омӯзиш мебошад.

Бисёр манфиатовар мебуд, агар ҳангоми баргузории курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорон ба масъалаи роҳҳои беҳтар ба роҳ мондани тарбияи саломатӣ байни хонандагон низ чанд соат бахшида мешуд.

Фароғат Аслонова,

омӯзгори мактаби №67-и ноҳияи Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш