Мулоқоти таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар Душанбе намоёнгари иродаи қавии сиёсии сарварон ва ормонҳои асили мардумони ин ду кишвари дӯсту бародар ба ҳисоб меравад.
Ин мулоқот барои аз нав барқарор кардан ва мустаҳкам намудани муносибатҳои ду кишвар дар ҳама соҳаҳои фаъолият – сиёсат, иқтисод, нақлиёт, илм, фарҳанг, тиҷорат, кишоварзӣ ва ғайра заминаву имкониятҳои заруриро фароҳам сохт. Бесабаб нест, ки ин мулоқот на танҳо аз ҷониби ду сарвари оқилу дурандеш ва халқҳои тоҷику ӯзбек, балки аз ҷониби кишварҳои дигари ҳамсоя низ ҳамчун мулоқоти таърихӣ эътироф гардид ва хуш пазируфта шуд.
Ин мулоқот заминаҳои нави ҳамкориро дар соҳаи маориф низ муҳайё намуд. Вобаста ба ин мехоҳем дар мавриди имконияту монеаҳо ва роҳҳои бартараф кардани онҳо дар ин самт чанд андешаи худро иброз намоем.
Масъалаи муҳимме, ки дар муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи маориф то ҳол вуҷуд дорад, ба таҳсили тоҷиктаборони ӯзбекистонӣ дар муассисаҳои таълимии Ӯзбекистон ва ӯзбектаборони тоҷикистонӣ дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон марбут аст. Инсофан бояд эътироф кард, ки ӯзбектаборони тоҷикистонӣ дар масъалаи таҳсил бо забони модарии худ дар муассисаҳои таълимӣ, ба ғайр аз норасоии баъзе китобҳои дарсӣ мушкилоти қобили назар надоштанд ва надоранд. Аммо боз гардидани сарҳад ва густариши робитаҳои дуҷониба имкониятҳои наверо барои сифатан баланд бардоштани таҳсили ақаллиятҳои миллии ҳар ду кишвар ба миён хоҳанд гузошт. Аз ҷумла, аз имкон берун нест, ки хоҳишмандони гирифтани таҳсилоти олӣ дар миёни тоҷикони Ӯзбекистон ва ӯзбекони Тоҷикистон дар кишварҳои ҳамдигар хоҳад афзуд. Аз ин ҷо саволе ба миён меояд, ки дар қабули довталабон аз кишварҳои ҳамдигар ҳар ҷониб то кадом андоза омода аст, кадом монеаҳо мавҷуданд ва роҳҳои ҳалли он кадомҳоянд.
Барномаҳои таълим. Барномаҳои таълим кори сирф ҳар як кишвар буда, вобаста ба сиёсати давлат дар соҳаи маориф таҳия мешаванд. Аз ин рӯ, онҳо дахолатнопазир мебошанд. Ба ҳам мутобиқ сохтани барномаҳои таълим танҳо дар заминаи муносибатҳои бисёрҷониба (минтақавӣ, дар доираи созишномаҳои гурӯҳӣ, байналмилалӣ) имкон дорад. Вале номутобиқатии барномаҳои таълим ҳаргиз монеи таҳсили довталабон дар кишварҳои ҳамдигар буда наметавонад. Инро аз таҷрибаи таҳсили ҷавонони тоҷикистонӣ дар кишварҳои дигар ва баръакс, сол то сол бештар шудани шумораи донишҷӯёни хориҷӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар мушоҳида кардан мумкин аст.
Китобҳои дарсӣ ва таъминот бо онҳо. Насли калонсол хуб дар ёд дорад, ки дар замони Шӯравӣ ақаллиятҳои миллии ҳар кишвар бо китобҳои дарсие таъмин мешуданд, ки дар кишвари соҳиби ин ақаллияти миллӣ таҳия ва чоп мегардиданд. Дар мисоли мо тоҷиктаборони Ӯзбекистон аз китобҳои чопи Тоҷикистон ва ӯзбектаборони Тоҷикистон аз китобҳои чопи Ӯзбекистон истифода мекарданд (ғайр аз китобҳои дарсие, ки сирф миллӣ буданд, масалан, географияи Тоҷикистон, таърихи Тоҷикистон ва ғайра). Ин тарзи муносибат ба ақаллиятҳои миллӣ дар он замон комилан дуруст буд, зеро ҳама худро шаҳрвандони як кишвари бузург бо номи Иттиҳоди Шӯравӣ муаррифӣ мекарданд ва маҳз дар рӯҳияи ватандӯстии шӯравӣ тарбият мегирифтанд. Мансубият ба ин ё он кишвари узви Иттиҳод дар ҷойи дувум қарор дошт. Аз тарафи дигар, барномаҳои таълим низ дар тамоми қаламрави Шӯравӣ яксон буданд. Аммо ба истиқлолияти давлатӣ соҳиб гардидани кишварҳои пасошӯравӣ дар таҳия ва такмили китобҳои дар-сӣ низ таҳаввулоти бузургеро дар ҳар кишвар ба вуҷуд овард. Барои ҳар кишвар муҳим аст, ки ҳама сокинони он, новобаста ба мансубияти миллӣ, дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ҳифзи арзишҳои ҳамон кишвар тарбият ёбанд. Саволе, ки аз ин мулоҳизаҳо ба миён меояд, чунин аст: Оё дар чунин шароит мутобиқ сохтани китобҳои дарсии чопи ҳамдигар имкон дорад, то ки дар кишвари дигари ҳамсоя қобили истифода бошад? Ба андешаи мо, аз ин ҷиҳат китобҳои дарсиро ба ду гурӯҳи асосӣ ҷудо кардан мумкин аст:
А) Фанҳои сирф миллӣ (забони модарӣ, адабиёт, таърихи кишвар, географияи кишвар, асосҳои давлат ва ҳуқуқ ва ғайра). Ин фанҳо аз муҳимтарин фанҳои мактабӣ дар раванди ташаккули шахсият ва тарбияи миллӣ ба ҳисоб мераванд. Маҳз ба ҳамин хотир пурра мутобиқ сохтани онҳо, ба андешаи мо, аз имкон берун аст. Аммо ба хотири фарогирии ҳаҷм ва тартиби мавзӯъҳои таълимӣ, истифода аз истилоҳоти яксон ва дигар масъалаҳои умумӣ ҳамкориро ба роҳ мондан зарур аст. Истифода аз мушовирони кишварҳои ҳамдигар (масалан, мушовири тоҷикистонӣ дар таҳияи китобҳои дарсии забони тоҷикӣ барои муассисаҳои Ӯзбекистон ва баръакс) ба мақсад мувофиқ аст.
Б) Фанҳое, ки характери байналмилалӣ доранд (фанҳои дақиқ, таърихи умумӣ, географияи кишварҳои ҷаҳон ва ғайра). Ба андешаи мо, дар ин самт имконияти ҳамкорӣ барои мутобиқ сохтан ё ба ҳам наздик кардани ҳаҷму мазмуни китобҳои дарсӣ бештар буда, ба роҳ мондани он ба манфиати ҳар ду ҷониб хоҳад буд.
Истифода аз алифбоҳои гуногун. Масъалаи истифода аз ин ё он навъи алифбо низ масъалаи дахолатнопазир аст. Аммо дар ҷараёни ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар соҳаи маориф хоҳ-нохоҳ ин масъала ба миён меояд. Ҳамагон медонанд, ки ҳоло дар Ӯзбекистон аз алифбои лотиниасос истифода мекунанд, аммо барои ӯзбектаборони тоҷикистонӣ китобҳои дарсӣ мисли пештара бо алифбои кириллӣ (русиасос) таҳия ва нашр мешаванд. Бо мурури замон, вақте ки дар Ӯзбекистон насли нав фақат аз алифбои лотинӣ истифода мекардагӣ мешавад, чунин мушкилот барои тоҷикони Ӯзбекистон низ ба миён хоҳад омад. Ин масъала хеле нозук аст. Дар ниҳояти кор шаҳрванди ҳар кишвар бояд бо ҳамон алифбое кор кунад, ки расман қабул шудааст, зеро забони коргузории расмӣ онро талаб мекунад. Дар Ҷумҳурии Қирғизистон дар ин маврид як таҷриба ҳаст: дар муассисаҳои таълимии ӯзбекии ин кишвар таълим ҳамоно бо алифбои кириллӣ ба роҳ монда шудааст, аммо ҳафтае як соат ба таълими алифбои лотинӣ бахшида мешавад. Огоҳ будан аз алифбои расмии кишварҳо, махсусан, барои онҳое, ки таҳсили худро дар муассисаҳои олии кишварҳои ҳамдигар идома додан мехоҳанд, хеле муҳим аст.
Таҳсилоти олӣ. Ҳамон тавре ки зикр кардем, рушди ҳамкориҳои дуҷониба имконияти таҳсили ҷавононро дар кишварҳои ҳамдигар дар зинаи олии таҳсилот фароҳам месозад. Дар ин маврид ду монеаи асосӣ вуҷуд дорад: истифода аз алифбоҳои гуногун ва хусусиятҳои имтиҳоноти дохилшавӣ. Вобаста ба ин мушкилӣ дар марҳилаи аввал ҳамкориро дар асоси созишномаҳои дуҷониба, ки миқдори муайяни қабули довталабонро ба муассисаҳои олии ҳамдигар муайян мекунанд, бо роҳи ташкили имтиҳоноти қабул дар дохили кишвари ирсолкунанда (аз рӯйи квота) амалӣ намудан мумкин аст. Ин амр, пеш аз ҳама, барои таъмин намудан ва баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорон барои кор дар макотиби ақаллиятҳои миллии кишварҳои ҳамдигар хеле муҳим аст. Барои довталабон ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати тайёрӣ барои аз худ кардани алифбоҳои кишварҳои ҳамдигар низ аз фоида холӣ нахоҳад буд.
Андешаҳои фавқуззикр нуқтаи назари холисонаи як нафар буда, ҳаргиз маънои ҳатман пазируфта шуданро надорад. Муҳимтар аз ҳама он аст, ки бо ибтикори сарварони кишварҳои дӯсту ҳамсоя имрӯз иродаи қавии сиёсӣ дар рушди босубот ва мустаҳкам намудани муносибатҳои судманди дуҷониба байни тоҷикону ӯзбекон арзи вуҷуд намудааст. Вазифаи масъулону мутахассисони соҳаҳои гуногун он аст, ки бо назардошти хусусиятҳои самтҳои фаъолият барои амалӣ гардидани ин мақсади наҷиб саҳми арзандаи худро гузоранд. Ҳикмати халқии “ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад” дар ин маврид метавонад шиори ҳақиқӣ бошад, яъне ҳамкориҳоро тарзе ба роҳ монем, ки манфиату арзишҳои миллии ҳамдигарро дар мадди назар дошта бошанд.
Азим Байзоев,
сармутахассиси Академияи таҳсилоти Тоҷикистон
Иловакунӣ
Иловакунии фикр