Нашрияи Омӯзгор

Дарси самаровар

Сана: 2020-05-20        Дида шуд: 795        Шарҳ: 0

 

Имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ дарсҳои забони русӣ дар асоси муносибати босалоҳият ба таълим ҷараён меёбанд.

Сохтор ва услуби пешниҳоди Стандартҳои таълимӣ интихоб шудаанд, ки паҳлуҳои гуногуни раванди таълими фанни забони русиро дар синфҳои 1-11 фаро гирифта, ба ин васила, фаъолияти омӯзгорро дар ҷараёни банақшагирӣ ва таълиму тарбия арзёбӣ мекунанд. Дар стандарти фанни забони русӣ роҳу усулҳои гуногуни салоҳиятнокӣ, ба мисли навиштан, нақл кардан, бо луғат кор кардан ва шунидану хондан оварда шудааст.

Барои ташаккул додани малакаҳои нутқи шифоҳии хонандагон омӯзгор метавонад дар раванди дарс аз усулу методҳои гуногун истифода намояд. Масалан, дар мавзӯи «Флаг Таджикистана» омӯзгор метавонад усули «Гузориши рӯз» - ро барои ташаккули салоҳиятҳои нутқи шифоҳии хонандагон истифода барад. Тартиби гузаронидани усули «Гузориши рӯз» дар раванди дарс чунин аст: Хонандагонро ба гурӯҳҳои чорнафарӣ ҷудо намуда, дар тахтаи синф ибораҳои «Красный цвет», «Белый цвет», «Зелёный цвет» - ро навишта, овезон кунад. Омӯзгор аз хонандагон хоҳиш мекунад, ки як дақиқа фикр карда, гӯянд, ки мавзӯи дарси имрӯзаашон чӣ аст? Сипас, мавзӯъро матраҳ намуда, пурсон мешавад, ки «Ранги сурхи парчам чӣ маъно дорад? Ранги сабзи парчам чӣ маъно дорад» Ранги сафеди парчам чӣ маъно дорад?» Хонандагон рангҳои парчамро шарҳ медиҳанд. Омӯзгор шарҳи хонандагонро бодиққат гӯш карда, хулосабарорӣ намуда, онро бо иловаҳои худ пурра мекунад.

Ғайр аз ин, вай метавонад ба ҷойи мавзӯи «Парчами Тоҷикистон» мавзӯи «Тартиби рӯз»-ро гузошта, расмҳои гуногунро дар вақти субҳ, машқи пагоҳирӯзӣ, ноништа, мактабравӣ, дарсхонӣ, баргаштан ба хона, либоскашӣ, чоштхӯрӣ, дарстайёркунӣ, кумак намудан ба корҳои хона, хӯроки шом хӯрдан ва вақти хобро нишон медиҳад. Ба хонандагон мустақилона супориш медиҳад, ки дар варақҳои сафеди калон соати «Тартиби рӯз» - ро нависанд. Дар бораи тартиби рӯз шеърҳо хонанд ва ҳикояҳо нақл кунанд. Барои ташаккули салоҳиятҳои нутқи гуфторӣ гуфтан дар раванди дарсҳои ҳаррӯза омӯзгорон метавонанд аз методҳои гуногун барои шавқу завқи хонандаро бедор намудан истифода кунанд ва раванди босифати таълимро ба роҳ монанд. Масалан, аз методи «В мире сказок», «Чай питье», «Душанбе мой любимый город», «Наша семья», «Доктор Айболит» ва дигар мавзӯъҳо методи дигарро истифода мебарем. Ин гуна мавзӯъҳо барои хонандагон имкони дар назди ҷомеа озодона баромад карданро медиҳад. Бар замми ин, барои пешрафти дарси салоҳиятнокӣ ба хонандагон имконият додан лозим аст, ки мавзӯи дарси ояндаро худашон интихоб намоянд. Дар ин ҳолат хонанда дигар ҳарос намекунад, нутқи шифоҳии ӯ бурро ва равон мешавад ва масъулиятро ҳис мекунад.

Аз ҳаёти рӯзмарраи мардуми тоҷикистон хабарҳои зиёдеро пешниҳод кардан мумкин аст. Аз хонандагони аълохон хоҳиш кунед, ки гузоришашонро ба таври хаттӣ нависанд ё расм кашанд. Дар бораи масъалаҳои мазкур ба ҳамсинфон нақл кунанд. Дар ҳар рӯзи дарс метавонед аз бозиҳои шавқовар истифода кунед. Ин барои рушди малакаҳои гуногуни хонандагон имконият медиҳад. Метавонед оид ба 40-50 мавзӯъ номгӯи бозиҳоро дар варақаҳо алоҳида нависед. Аз як ё ду хонанда ҳар дарс хоҳиш намоед, ки як мавзӯъро интихоб карда, омода шаванд ва дар бораи он нақл кунад.

Бо ҳамин гуна усулҳо метавонед дар дили хонандагони имрӯза меҳри беандозаро нисбат ба дарси забони русӣ бедор намоед.

 

Наҷиба МУСТАФОЕВА,

омӯзгори мактаби №6-и ноҳияи Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш