Нашрияи Омӯзгор

Таъсири сухан ба кӯдак

Сана: 2020-05-20        Дида шуд: 804        Шарҳ: 0

 

Мехоҳем фикру андешаи худро доир ба яке аз матнҳои китоби забони модарии синфи 3-юм иброз дорем. Сухан дар бораи матни «Саъва ва фил» меравад, ки он афсонаи дӯстдоштаи хонандагон аст. Дар матни пешини китоби «Забони модарӣ, синфи 3», ки  соли 2012 чоп шуда буд, парандае бо номи Мурғи дарознӯл набуд. Дар матн чунин навишта шуда буд: дӯстони Саъва занбӯрҳо чашмони филро мегазанд. Чашмони Фил  варам мекунад, ҳеҷ ҷоро намебинад. Ташна мемонад. Ғукҳо ба лаби ҷарӣ рафта овоз мебароранд. Фил фикр мекунад, ки дар он ҷо об аст, тарафи ҷарӣ меравад. Қариб аз ҷарӣ афтидани мешавад, ки Саъва ба болои сараш парида меояду мегӯяд: Эй Фил, қафо гард, ба ҷарӣ меафтӣ! Фил тарсида ба қафо меравад. Саъва ба фил мегӯяд, ту бо бузургҷуссагиат меболидӣ, ки зӯри касе ба ту намерасад. Акнун дидӣ, ки агар мо, хурдакакон, тифоқ шавем, шумо барин филҳои бузургро нобуд мекунем. Фил хатоияшро фаҳмида, дигар Саъваро азоб намедиҳад.  

Дар китоби нав чунин навишта шудааст: ғук аз шикастани байзаҳои Саъва афсӯс хурда гуфт, ки хотирҷамъ бошед.

Бо ҳилла кӯҳро паст кардан мумкин аст. Барои нест кардани Фил ҳиллае ба кор мебарам. Он ҳилла ин аст, ки Занбӯр назди гӯши Фил биравад ва ӯро ба овози худ маст кунад. Ҳамин ки Фил маст шуд, Мурғи дарознӯл бо минқори тези худ ҳарду чашми ӯро биканад, то кӯр шавад. Баъди чанд рӯз Фил ташна мемонад, ман ба пеши ӯ меояму овоз мебарорам, Фил овози маро мешунавад. Вай ба худ мегӯяд, ки Ғук дар ҷое зиндагӣ мекунад, ки дар он ҷо об аст. Ӯ аз қафои ман меояд. Ман ӯро ба назди ҳавзи пуроб мебарам ва ғарқ мешавад. Дигар касе овозашро намешунавад ва ба касе зарар намерасонад, пас онҳо ҳамчунон карданд.

Акнун мо намедонем, ки ҳақиқат дар мазмуни матни пешин аст, ё ин ки дар мазмуни матни ҳозира? Аммо ҳаминро донистанием, ки бо кадом мақсад муаллифони китоб дар он тағйирот даровардаанд? Ба мо, омӯзгорон, ин тағйирот писанд наомад. Ба фикри мо, дар ҳамин қисмат ба ҷойи он ки «Мурғи дарознӯл бо минқори худ ҳарду чашми Филро биканад, то ки кӯр шавад, шакли пешинаи он занбӯрон Филро мегазанд ва чашмони ӯ варам мекунаду ҳеҷ куҷоро намебинад»-ро истифода мебурдем, беҳтар мебуд, зеро ҳамин қисмати афсона дар дили хонандагон шояд ҳисси бераҳмӣ, қасосгирӣ, душманӣ ва бадбиниро бедор намояд. Аз ин рӯ, ҳамин қисмати афсона мисли солҳои қаблӣ мононда шавад ва хонандагон дар охир фаҳманд, ки дӯсти ва ягонагӣ одамонро бо ҳам наздик карда, ҳамагуна мушкилотро осон менамояд. Ба аҳамияти тарбиявии  матнҳо низ диққати ҳамаҷониба додан хуб аст.

Бибихол ҒОЗИЕВА, 

омӯзгори синфҳои ибтидоии

мактаби №48, ноҳияи Шоҳмансур


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш