Нашрияи Омӯзгор

Абӯрайҳони Берунӣ ва илмҳои дақиқ

Сана: 2020-05-20        Дида шуд: 801        Шарҳ: 0

 

Яке аз бузургтарин алломаҳои Машриқзамин, риёзидон, файласуф, табиатшинос, табиб, мунаҷҷим, муаррих ва ҷомеашиноси тоҷику форс Абӯрайҳон Муҳаммад Ибни Аҳмади Берунӣ (04.09.973) дар шаҳри Урганҷ ба дунё омадааст.

Берунӣ ҳамчун донишманди фозили замон,  донандаи забонҳои хоразмӣ, суғдӣ, паҳлавӣ, дарӣ ва арабӣ буда, асарҳои худро бештар ба забонҳои арабӣ, қисман ба забони тоҷикӣ навиштааст. Вай бо мақсадҳои илмӣ  сафарҳои зиёде  карда, таҷрибаи ҳаёт ва донишҳои ҷамъкардаашро дар асарҳои худ сабт намудааст. 

Берунӣ бо олимони зиёди Бухоро ва дигар шаҳрҳои Сомониён, ки баъд аз барҳам хӯрдани ин давлат ба Хоразм ҳиҷрат карда буданд вохӯрда,   баҳра гирифт ва ба онҳо низ таъсир расонид. Вай аз сарпаноҳии ҳокими Хоразм Маъмуни II низ баҳраёб шудааст. Аммо баъд аз он ки Султон Маҳмуд соли 1018 Хоразмро забт карда, ин маркази илмро барҳам дод, Беруниро ҳамроҳи олимони дигар ба пойтахти кишвари худ - Ғазна бурд. Берунӣ дар аксар сафарҳои ҳарбии Султон Маҳмуд ба Ҳиндустон иштирок кардааст. Вай дар ин ҷо на ҳамчун истилогар, балки ҳамчун олим ба расму русум, илму фарҳанг ва таъриху маданияти ин кишвар шинос гардида, забони санскритро омӯхтааст.

  Мероси илмии Берунӣ хеле бузург аст, вале то ҳол пурра ҷамъ нашудааст. Ёқут ном сайёҳи араб нақл кардааст, ки ӯ рӯйхати асарҳои Беруниро дар яке аз масҷидҳои шаҳри Марв дидааст, ки аз шаст саҳифа иборат будааст. Дар рӯйхати дигаре, ки дар миёнаи асри XIX дар Эрон тартиб дода шудааст, 27 асар ба номи ӯ зикр гардидааст. 

  Яке аз асарҳои машҳур ва шояд аввалини Берунӣ «Ал-осор-ул- боқия илал- қурун- ил- ҳолия» (осори боқимондаи қарнҳои гузашта дар замони ҳозира) аст, ки дар соли 1000 ба номи Қобус таълиф шуда,  бо номи «Осор – ул- боқия» машҳур аст. Вай дар ин асари худ дар бораи тақвим ва тартиби солшуморӣ ва ҷашнҳои суғдиён, форсиён, хоразмиёни қадим, яҳудиён, юнониён, мусулмонон ва насрониён маълумот додааст. Китоби «Таҳдид ниҳоят-ул-амокин лӣ тасҳеҳӣ масофат-ил-масокин» низ асари геодезию ҷуғрофии Абӯрайҳони Берунӣ буда, солҳои 1018-1025 ба забони арабӣ таълиф шудааст. Асари мазкур барои омӯхтани таърихи дунёи қадими ин халқҳо аҳамияти хеле бузурги илмӣ ва таърихию этнографӣ дорад.

Саҳми Берунӣ дар пешрафти илмҳои дигар, аз ҷумла, риёзиёт (арифметика, алгебра ва ғайра), инкишофи арифметикаи назариявӣ, муттаҳид намудани назарияи ададҳои бутун (назарияи касрҳо) ва назарияи муносибатҳои бузургиҳои муттасил (ҳисоб кардани қимати адади π (пи) аз тариқи дарозии доира ва диаметри он ва ғайра), илми нуҷум (ситорашиносӣ), сохтани устурлоби мукаммалтар, таълимот дар бораи гардиши Замин дар гирди меҳвари худ ва эҳтимолияти гардиши он дар гирди Офтоб - ба вуҷуд овардани заминаҳои зарурӣ барои назарияи Галилей ва Коперник дар бораи ҳаракати Замин ва офтобмарказият, кашфиёти зиёди илмӣ дар соҳаи ҷуғрофия - назарияи иқлимҳо, қабатҳои геологӣ (пастиву баландиҳо ва қабатҳои умқҳои замин) ва ғайра, маълумоти муфид ва нодир дар бораи минерология (ҷавоҳирот), маводи доруворӣ (фармакология)  хеле бузург аст.

Айни ҳол 31 асари Берунӣ ба забонҳои англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, русӣ ва ӯзбекӣ тарҷума шуда, мавриди истифода қарор гирифта, 24 асар таҳқиқ, 3 асари ӯ бо забони асили арабӣ тарҷума шудаанд. Яке аз танӯраҳо (кратер) дар Моҳ ба шарафи Берунӣ номгузорӣ шудааст. Ҳамчунин, яке аз сайёраҳои хурди Системаи офтобӣ (астероид), ки дар Гарвард бо рақами №9936 қайд шудааст, номи Беруниро дорад.

 

Фирдавс ТОШЕВ,

омӯзгори гимназияи хусусии

ба номи Абӯрайҳони Берунии ноҳияи Рӯдакӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш