Нашрияи Омӯзгор

Донистани тарбияи ҳуқуқӣ муҳим аст

Сана: 2020-05-20        Дида шуд: 829        Шарҳ: 0

 

Тибқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» падару модарон вазифадоранд, ки дар баробари омӯзгорон ба сатҳи дониш ва интизомнокии фарзандон диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия кунанд ва ба камол расонанд.

Мутаассифона, аксарияти падару модарон тамоми масъулияти таълиму тарбияи фарзандони худро бар дӯши омӯзгорон водор намуда, ба сатҳи дониш ва интизоми онҳо беаҳамиятӣ зоҳир менамоянд, ки ин торафт сатҳи ҷинояткориҳоро афзоиш медиҳад.

Барои дуруст тарбия намудани фарзандони комил падару модаронро лозим меояд, ки фарзандони ҳаматарафа обутобёфтаро ба камол расонанд, то ки онҳо дар оянда ба ватану миллати хеш хизмат карда тавонанд.

Ба андешаи мо сабаби рӯй додани ҳуқуқвайронкуниҳо аз тарафи наврасону ҷавонон дар шароити ҳозира аз надонистани ҳуқуқҳо, уҳдадориҳо ва вазифаҳои шаҳрвандиашон мебошад. Бинобар он, мехоҳем чанд андешаи  худро дар ин хусус баён намоем.

Дар асоси таълимоти илмҳои педагогика вазифаҳои асосии тарбияи ҳуқуқии хонандагон аз инҳо иборат мебошад:

Дар хонандагон ташаккул додани ақидаҳои ҳуқуқӣ, ҳамаҷониба инкишоф додани шуур ва баланд бардоштани маданияти ҳуқуқӣ, дар рӯҳияи муносибати бошуурона тарбия намудани хонандагон нисбат ба қонунҳои давлатӣ, тарбия намудани хонандагон дар рӯҳияи муносибати бошуурона ба ҳуқуқу вазифаҳояшон дар соҳаи таълиму донишгирӣ, иштироки фаъолонаи хонандагон дар меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ, риоя намудани қоидаҳои талабагӣ.

Барои дуруст ба роҳ мондани дониши ҳуқуқии хонандагон ва паст намудани сатҳи ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон моро лозим аст, ки дар бораи мазмуни тарбияи ҳуқуқии хонандагон маълумоти мукаммал дошта бошем. Ба мазмуни тарбияи ҳуқуқии хонандагон масъалаҳои зерин дохил мешаванд:

1.         Ташаккул додани эътиқод ва шуури ҳуқуқӣ, маданияти ҳуқуқӣ ва ҳуқуқшиносӣ, дарк намудани принсипҳои қонунҳои ҷумҳурӣ, ҳуқуқ ва вазифаҳои шаҳрвандон, меъёрҳои тартиботи ҷамъиятӣ ва риоя кардани онҳо, донистани ҷавобгарии шаҳрвандӣ, оштинопазирӣ нисбат ба вайронкунандагони қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ, маълумот дар бораи Конститутсияи ҷумҳурӣ ва рамзҳои давлатӣ, кодексҳои шаҳрвандӣ, кодекси ҷиноятӣ, кодекси меҳнатӣ ва оилавӣ.

Тарбияи ҳуқуқии хонандагон 3 марҳиларо дар бар мегирад:

1.         Тарбияи ҳуқуқии хонандагони синфҳои ибтидоӣ (синфҳои 1 - 4);

Моҳияти тарбияи ҳуқуқии хонандагони синфҳои ибтидоиро ба маънои он ки ҳар кадоми шумо метавонед ҷойи нишасти доимӣ дошта бошед, дарсҳоро хуб тайёр кунед, баҳои хубу аъло гиред, ҷойҳои нофаҳморо аз муаллим пурсед, бо иҷозати муаллим аз ҷой хезед ва шинед, аз ашёи кабинету лабораторияҳои мактаб истифода баред ва ғайраҳоро фаҳмонидан ба мақсад мувофиқ аст;

2. Тарбияи ҳуқуқии хонандагони мактабҳои асосӣ (хонандагони синфҳои 5 – 9).

Тарбияи ҳуқуқии хонандагони синфҳои миёнаи мактабӣ давоми тарбияи ҳуқуқии хонандагони синфҳои ибтидоӣ мебошад, вале ба мазмуни он масъалаҳои нав дохил мегардад, аз ҷумла, ба хонандагон фаҳмонидани қонунҳои ҷумҳурӣ, ҳуқуқ ва вазифаҳои шаҳрвандиашон, қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ба ҷо овардани иззату эҳтироми мақомоти қонунгузор, фаҳмонидани масъулиятнокӣ, ҷазодиҳӣ, маъумотҳо дар бораи Конститутсияи ҷумҳурӣ.

3. Тарбияи ҳуқуқии синфҳои болоӣ (хонандагони синфҳои  10 – 11).

Тарбияи ҳуқуқии синфҳои болоӣ давоми тарбияи ҳуқуқии хонандагони синфҳои миёнаи мактабӣ мебошад. Илова бар ин, ба масъалаҳои дар хонандагон ташаккул додани ақидаву эътиқодҳои ҳуқуқӣ, маданияти ҳуқуқӣ, ҳуқуқшиносӣ, дар бораи кодексҳои шаҳрвандӣ, ҷиноятӣ, меҳнатӣ ва оилавӣ ба онҳо маъумоти мухтасар дода мешавад.

Қайд намудан ба маврид аст, ки дар тарбияи ҳуқуқии хонандагон таълими фанҳои таърих, асосҳои давлат ва ҳуқуқ ва адабиёт нақши асосӣ мебозанд. Хонандагон ҳангоми омӯхтани ин фанҳо ба таърихи пайдоиши қонунгузорӣ дар давраҳои гуногуни ҷамъияти инсонӣ, дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ, вазифаҳою уҳдадориҳои шаҳрванд, тартиботи ҷамъиятӣ ва ғайра маълумотҳо мегиранд. Барои паст намудани сатҳи ҷинояту ҷинояткории ноболиғон дар тарбияи ҳуқуқии хонандагон ташкил намудани суҳбату вохӯриҳо бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқук, гузаронидани суҳбатҳо дар бораи зарурати риоя кардани қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ аҳамиятнок мебошанд.

 

Парвиз ЛОИҚОВ,

Зулфия ҶИЁНЗОДА,

устодони Донишгоҳи

давлатии Кӯлоб ба номи

Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш