Нашрияи Омӯзгор

Захираҳои обӣ дар шароити тағйирёбии иқлим

Сана: 2020-05-20        Дида шуд: 790        Шарҳ: 0

 

Кӯҳҳои Помир манбаи асосии ташаккулёбии обҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд, ки 65%-и онро ташкил медиҳад.  Маҳз дар ин минтақа қисмати зиёди захираи обии Осиёи Марказӣ ташаккул меёбад.

Захираҳои обии Помир аз оби дарёҳо, кӯлҳо, пиряхҳо ва қабати барфӣ иборат аст. Помир калонтарин минтақаи яхбандии  ҳозиразамон ба шумор рафта, дар ҳудуди он беш аз 6 ҳазор пирях, ки 7493 км2-ро ташкил медиҳанд, ҷойгиранд. Мувофиқи маълумоти мутахассисон шумораи рӯзҳои боришоти саршор афзуда, дар баробари ин, ҳодисаҳои хушксолӣ низ зиёд шуда истодааст. Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки дар тӯли солҳои 1956-1990 ҳаҷми пиряхҳои Осиёи Марказӣ беш аз се маротиба кам шудааст. Олимон дар он андешаанд, ки ҳангоми бо чунин суръат идома ёфтани раванди афзоиши ҳарорат то соли 2100 дар ҷумҳурӣ қариб, ки пирях намемонад.

Агар чунин ҳодиса рӯй диҳад, шумораи офатҳои табиӣ, ба монанди обхезӣ, сел, ярч ва хушксолӣ афзоиш ёфта, бо ҳамин ҳаёти ҳазорҳо одамон дар хатар мемонад, таҳдидоти зиёд ба нигоҳдории захираҳои биологӣ ва авҷи намудҳои бисёр касалиҳои сироятӣ мегардад. Тағйироти иқлим, инчунин, боиси ба вуҷуд овардани раванди биёбоншавӣ гардида, майдони он то соли 2100 то 2 маротиба меафзояд. Дар бораи оқибатҳои глобалии экологии он ҳоҷати гап ҳам нест.

Аз ин лиҳоз, тадқиқи ҳар чи пурраи омилҳое, ки ба таври манфӣ ба ҳолати умумии он таъсир мерасонанд, дар мисоли минтақаҳо ва минтақаҳои алоҳида, аз нав дида баромадан ва такмили усулҳои бурдани корҳои хоҷагидорӣ, таҳлили муфассали ҳолати ҳозираи онҳо ва омилҳое, ки устуворияти онҳоро вайрон мекунанд, зарурият дорад.

Аз ин лиҳоз, ба қатори мушкилоти муҳим, ки зарурияти ҳаллу фасли фавриро талаб мекунанд, тадқиқ ва амалӣ намудани масъалаҳо ва чорабиниҳои зеринро пешниҳод менамоем:

- омӯзиши ҳаракати тағйирёбии иқлим дар баландиҳои гуногун дар асоси ҷорӣ намудани комёбиҳои навтарини илм ва технологияи ҷаҳонӣ;

- омӯзиш ва таҳлили таъсироти тағйирёбии иқлим ба экосистемаҳои табиӣ, ба нигоҳдории гуногуннамудии он, ба ҳайвонот ва набототи хоҷагии қишлоқ;

- беҳтар намудани системаи маниторинги муҳити табиӣ ва таъсис додани бонки  маълумотҳо дар минтақаи пайдоиши захираҳои обӣ;

- коркарди барномаи ояндадор оид ба истифодаи самараноки захираҳои гидроэнергетикӣ, бо об таъмин намудани хоҷагиҳои коммуналӣ-маишӣ, хоҷагиҳои саноатӣ ва хоҷагии деҳот дар ояндаи наздик;

- таъсис додани механизми идоракунии якҷоягии захираҳои обии Помир, ҳам ба манфиати рушди устувори иҷтимоӣ-иқтисодии ҳамаи мамлакатҳои минтақа ва ҳам бо мақсади ҷалби сохторҳои давлатӣ, хоҷагидорӣ, илмӣ ба мушкилоти инкишоф додан, ҳифз ва истифодаи самараноки захираҳои обии минтақа.

Дар кураи замин ҳамагӣ сездаҳ минтақаи иқлим аст, ки фақат як хел фаъолият дошта, дар даҳсолаҳои охир дигаргунӣ ва тағйирёбии иқлим дар бисёр минтақаҳо ба чашм мерасад. Масалан, дар пойтахти Япония - шаҳри Токио баъд аз 54 сол боридани барфи зиёд сабаби зиёди харобиҳо  гашт. Дар Африқо боридани барф ва хунукии сахт сабаби марги чандин нафар кӯдакон гашта, аксарияти онҳо дар хонаҳои хасин, зиндагӣ мекарданд. Дар Арабистони Саудӣ бошад, боридани борон сабаби шусташавии заминҳои регӣ ва вайрон кардани роҳҳо гардид.

Суҳроб Бобокалонов,

устоди калони Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи

Сотим Улуғзода


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш