Нашрияи Омӯзгор

Ободонӣ аз об аст

Сана: 2020-05-20        Дида шуд: 801        Шарҳ: 0

 

Пазируфтани пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид боиси ифтихори мо, тоҷикон, аст.

Дар ҳақиқат, об манбаи ҳастии ҳамаи мавҷудоти олам аст ва зиндагониро таровату зебоӣ ва сарсабзиву хуррамӣ мебахшад. Ҳастии ҳаёт ва кулли мавҷудот дар кӯраи замин ба об вобастагӣ дорад. Масъалаи тоза нигоҳ доштани муҳити зист ва об ҳамчун асоси зиндагии ҳамаи мавҷудоти олам аз оила сар карда, то боғчаю мактабу донишгоҳҳо бояд омӯзонида шавад. Тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид соли 2050 аз норасоии об 3 миллиард нафар дар 50 кишвари ҷаҳон азият хоҳанд кашид. Тоҷикистон дар ҳалли масъалаи мушкилоти об дар ҷаҳон ҳамчун кишвари пешоҳанг эътироф гардидааст. Бахусус, ибтикороти Сарвари давлати тоҷикон оид ба масъалаи об ва танзими захираҳои он аз ҷониби кулли давлатҳо дастгирӣ ёфтанд.

Мо, омӯзгорон, кӯшиш менамоем, ки корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба масъалаҳои тозаву мусаффо нигоҳ доштани об дар миёни шогирдон ҷоннок кунем. Бо мақсади татбиқи сиёсати экологии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва баланд бардоштани маърифти фарҳанги экологии хонандагони мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятиму бепарастори ноҳия дар мавзӯи «Ҷаҳонро сарсабзӣ аз об аст» дар миёни хонандагони синфҳои 5-8, 9-11 аз рӯи 9 номинатсия: расми беҳтарин, мақолаи беҳтарин, шеъри беҳтарин, суруди беҳтарин ва ғайраҳо озмун гузаронида шуд, ки баланд бардоштани маърифати хонандагон нисбат ба муҳити зист мусоидат менамояд. Ҳамчунин, дар ҷараёни омӯзиши фанни биология хонандагонро ба махсусиятҳои оби нӯшидании мавзеи Саричашма, Бобо Носир, Арабҳо, Одинабой ва Ялабулии ноҳия шинос намуда, сабабҳо ва омилҳои ба вуҷуд омадани хушкшавии чашмаҳо ва обҳои зеризаминиро ба онҳо мефаҳмонем ва хонандагонро таъкид мекунем, ки захираҳои обҳои нӯшиданиро сарфакорона истифода баранд. Дар мактаб-интернат бо омӯзгорону хонандагон низ дар ҳамин мавзӯъ, яъне, захираҳои оби ошомиданӣ ва истифодаи оқилонаи он озмун гузаронидем. Ҳамчунин, шогирдони муассисаи таълимии мо дар озмуни ноҳиявӣ ва вилоятӣ бахшида ба масоили об ширкат варзида, ба дарёфти ифтихорномаҳои раёсати маорифи вилоят ва туҳфаҳои хотиравии бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия мушарраф шуданд.

 

Ҷумъахон ШАРИФОВ,

омӯзгори биологияи  мактаб-

интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими  ноҳияи Шамсиддин Шоҳин


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш