Нашрияи Омӯзгор

Пизишкон – пешсафони мубориза бо коронавирус

Сана: 2020-05-20        Дида шуд: 794        Шарҳ: 0

 

Паҳншавии коронавирус имрӯз хатари ҷиддии глобалӣ маҳсуб меёбад ва он дар муддати чанд моҳи охир ба иқтисод ва молияи давлатҳои ҷаҳон зарари ҷиддӣ расонид.

Афзун бар ин, вуруди вируси нав мардуми сайёраро ба ҳолати изтироби равонӣ мубтало кард ва имрӯз кам минтақа ва мамлакатеро метавон пайдо кард, ки аз ин вирус зарар надида бошад. Аз ин ҷост, ки мубориза ва муқовимат бо ин вабои аср талабот ва воқеияти рӯз ба шумор меравад.

Нуктаи дигар ин аст, ки табибони меҳанпараст, масъулиятшинос ва башардӯст дар ҳама давру замон, новобаста аз шароит ва бурузи ҳассосиятҳои рӯзгор ҳамеша канори мардум будаанд ва ҳангоми таҳдиди хатарҳои беҳдоштӣ қабл аз дигарон ба мушкилоти аҳолӣ расидагӣ карда, дар масири сиҳатӣ ва солимии ҷомеа қадамҳои устувор бардоштаанд. Бахусус, дар шароити имрӯзаи фаъолгардии вируси нав пизишкони кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла, Тоҷикистон низ қаҳрамонӣ нишон дода, ҷиҳати бартараф кардани ин бемории хатарзо аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода мекунанд. Ҳанӯз дар ибтидои пайдоиши вируси короноӣ дар Вуҳони Чин ва баъдан дар дигар минтақаҳои дигар пизишкон ва табибон буданд, ки довталабона ба мубориза пардохтанд ва дар ҳассостарин лаҳзаҳо мардумро тарк накарда, дар нигоҳубини беморон ва ҳифзи саломатии омма хидмати арзанда намуданд.

Мутаассифона, коронавирус ба сарзамини Тоҷикистони азиз ҳам қадами шуми худро гузошт ва давлат ва ҷомеаи тоҷикро нигарон кард. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати ҳалли мушкилоти беҳдоштӣ ва пойин бурдани сатҳи хатари вируси нав дар кишвар тадбирҳои зарурӣ рӯйи даст гирифтаанд. Зиёда аз ин, ба таври шабонарӯзӣ гирифторони ин вирус таҳти назорати бевоситаи Ситоди умумиҷумҳуриявӣ қарор доранд ва масъулини беҳдоштӣ ва сиҳатии омма мушкилоти мавҷударо ба таври марҳилавӣ ҳаллу фасл менамоянд. Аз ҷумла, телефонҳои боварии Ситоди умумиҷумҳуриявӣ ва сохторҳои марбута ҳамеша фаъол буда, тими вежаи пизишкӣ, чи дар маҳалҳо ва чи дар марказҳои шаҳру вилоятҳо омодаи хидмат ба мардум аст. Албатта, дар ин самт мушкилот ҷой дорад, вале ҷиҳати рафъи онҳо сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ниҳодҳои зиддахли давлатӣ даст ба коранд ва давлату ҷомеа дар ҳамбастагӣ ин бемории вирусии хатарнокро рафъ хоҳанд кард.

Пизишкони ба ору номуси тоҷик дар як моҳи охир қаҳрамонона бо коронавирус дасту панҷа нарм намуда, ба ин натиҷа расидаанд, ки танҳо дар ҳамбастагӣ, иттиҳод ва ҳамдигарфаҳмӣ метавонанд дар баробари ин хатар пирӯз шаванд. Аз тарафи дигар, пизишкони ватанӣ барномарезиҳои махсусро дар ростои омӯзиш ва табобати олудашудагон, кумаки аввалияи тиббӣ ба мизоҷон, сафарбарии нақлиёти сайёри тиббӣ ба нуқтаҳои фармоишӣ, сари вақт расидагӣ намудани мушкилоти беҳдоштии ҷомеа, ҳифзи сиҳатии омма, солим нигоҳ доштани мардум ва роҳҳои муътадилу оптималии пешгирӣ аз ин вирус роҳандозӣ менамоянд.

Офарин, пизишкони меҳанпараст ва масъулиятшиноси мо!

Н. Нуров,

устоди ДДФСТ ба

номи М. Турсунзода


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш