Нашрияи Омӯзгор

Дастури ҳидоятгар

Сана: 2020-05-20        Дида шуд: 792        Шарҳ: 0

 

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон  дастовардҳои соли гузаштаро амиқ таҳлил намуда, аз байни онҳо чанд самти афзалиятнокро, ки барои рӯзгори мардуми тоҷик хеле заруранд, баён карданд.

Дар Паём ба масъалаи илму маърифат диққати махсус дода шуд, зеро он дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд нақши муҳим мебозанд. Дар соли гузашта бунёди 130 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо 32 ҳазор ҷои нишаст ба маблағи 500 миллион сомонӣ ва дар соли 2020 пешбинӣ шудани сохтмони 181 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба маблағи 900 миллион сомонӣ  аз ниятҳои нек ва назари равшанбинонаи  Пешвои миллат дар соҳаи маориф шаҳодат медиҳад.

Дар баробари ин, Пешвои миллат роҳбарону кормандони соҳаи маорифро даъват намуданд, ки дар ҷавоб ба ин ғамхориҳои давлат сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон, дар ҳама зинаҳои таҳсилот баланд бардоранд. Ҳамаи масъулони ин соҳаро вазифадор намуданд, ки назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият дода, ба таълими фанҳои табиатшиносиву дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.  

Ин дастурҳои Пешвои миллат шаҳодат аз он медиҳад, ки он кас зарурияти омӯзиши фанҳои дақиқ ва табиатшиносиро дар баланд бардоштани маънавиёти наврасону ҷавонон аз масъалаҳои  аввалиндараҷа дониста,  пешниҳод намуданд, ки ба хотири  боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон  карда шавад.   Баробари  ин, Вазорати маориф ва илм, Академияи илмҳо ва дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ ҳастанд, вазифадор карда шуданд, ки нақшаи чорабиниҳоро барои амалӣ намудани ин масъала дар муддати се моҳ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Ин дастури Пешвои миллат ҷавҳари  Паёми имсолаашон ҳаст. Дар ҳақиқат, бе баланд бардоштани маърифати ҷавонон, аз он ҷумла, маърифати риёзиву табиатшиносӣ ва дониши фанҳои дақиқ,  пеш бурдани тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии ҷамъият мумкин нест.  Тараққиёти техникаву технологияи ҳозиразамон тақозо мекунад, ки  ҷавонони  миллатдӯсти тоҷик барои  пеш бурдани  Ватани худ ва таъмин кардани устувории мақоми  миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, чи хеле ки Пешвои миллат таъкид мекунанд, донандаи забонҳои хориҷӣ ва илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ  бошанд. Дар ҳақиқат, ба донистани унсурҳои фанҳои дақиқу риёзӣ ва табиатшиносӣ ниёз доштани ҷавононро Пешвои миллат ба таври кушод маънидод карданд. 

Аён аст, ки бе устодони баландихтисос омода кардани мутахассисони баландихтисос воқеӣ ғайриимкон аст. Агар хоҳем, ки дар оянда дар соҳаҳои мухталиф мутахассисони донандаи хуби касбиро тайёр кунем, бояд муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо мутахассисони баландихтисоси ба талаботи замон ҷавобгӯ  таъмин карда шаванд. Аммо имрӯз дар соҳаҳои риёзиву табиатшиносӣ ва фанҳои дақиқ мутахассисони унвони илмидошта ниҳоят каманд. Масалан, дар тамоми вилояти Суғд риёзидони соҳиби дараҷаи доктори илм ҳамагӣ  ду нафар ҳастанд. Вазъият байни физикҳо ҳам аз ин беҳтар нест. Аз байни онҳо аксарияташон, ҳам математикону ҳам физикон нафақахӯр шудаанд.  Дар дигар самтҳои илмҳои табиатшиносӣ  низ ин муаммо ҷой дорад. 

Умуман, миқдори мутахассисони дараҷаи илмидошта  дар самти  фанҳои табиӣ торафт кам шуда истодаанд. Ба назари мо, ба миён омадани ин муаммо ду сабаби асосӣ дорад. Аввал,  дар вилояти Суғд дар соҳаҳои табиатшиносӣ мактабҳои илмӣ ва озмоишгоҳҳои сатҳи баланди дорои шароити хуби бурдани корҳои татқиқотӣ нест. Дигар, аксари ҷавонон пас аз хатми донишгоҳҳо, бинобар мушкил будани омӯхтан ва бурдани  корҳои  илмӣ-тадқиқотӣ дар самти фанҳои  табиатшиносӣ, хусусан математикаву физика ва биологияву химия хоҳиш ва қобилияти  кор кардан надоранд.  Барои ононе, ки мехоҳанд, дар ин самтҳо кори илмӣ баранд, зарурати ба марказҳои  илмии хориҷа рафтан ба миён меояд. На ҳамаи ин гуна хоҳишмандон барои ба хориҷа рафтан шароити молиявӣ ва иҷтимоӣ доранд. Ҷавонони боистеъдоду дар самтҳои илмҳои дақиқу табиатшиносӣ қобилияти коридошта муҳтоҷи дастгирӣ мешаванд.

Аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон намудани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» арзиши ниҳоят баланди маънавӣ дошта,  неруи маънавиву моддии тамоми  миллати тоҷикро барои  ба даст овардани натиҷаҳои арзишмандтарин  дар соҳаи илму маърифат равона мекунад ва то ба дараҷаи ҷаҳонӣ расидани ин соҳа пойдевори бунёдӣ хоҳад гашт. Ин ҳидояти Пешвои миллат машъале аст, ки фазои маънавиёти миллати тоҷикро солҳои  бисёр равшан хоҳад кард. 

Ш.Ғаюров,

Р. Ахмедов,

устодони  ДДҲБСТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш