Дар вохӯрии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли маориф ва илми ҷумҳурӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ба рушди соҳаи илм, алалхусус, илмҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ зоҳир гардид. Зикр шуд, ки «…имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад».
Рушди тафаккури техникии аҳолӣ, хусусан, ҷавонон ва фароҳам овардани фазои мусоид барои пешрафти илмҳои бунёдӣ ва техникиву технологӣ мақсади асосии давлат арзёбӣ гардид. Маҳз дар доираи рушди илмҳои муосир саноатикунонии кишвар ҳадафи чоруми стратегияи мамлакат эълон шуд. Инчунин, эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ҳамчун омили рушди тафаккури техникии наврасону ҷавонон арзёбӣ гардида, дар ин замина ба Вазорати маориф ва илми кишвар ҷиҳати баргузории озмунҳои сатҳи гуногун, зиёд намудани ҷойҳои ифтихорӣ, таҷдиди назар намудани нақшаву барномаҳои таълимии ҳама зинаҳои таҳсилот ва баланд бардоштани сифати таълим дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар ин вохӯрии Пешвои миллат дурнамои рушди маориф ва илм, беҳтар намудани омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзиву дақиқ, ташаккул додани тафаккури техникӣ, вусъат бахшидан ба навоварию ихтироъкорӣ, бурду бохти раёсат ва институтҳои Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, сохторҳои онҳо ва сатҳу сифати тарбияи кадрҳои илмӣ равона гардида, дастоварду комёбиҳо ва норасоиву камбудиҳои соҳа мавриди таҳлилу баррасии хос қарор дода шуд. Қайд гардид, ки «…бо вуҷуди душвориҳои зиёде, ки ба сари давлат ва халқи Тоҷикистон омаданд, мо на танҳо Академияи илмҳоро нигоҳ доштем, балки академияҳои соҳавиро низ таъсис дода, соҳаҳои илму маорифро дастгирӣ кардем ва муассисаҳои илмию таълимиро дар доираи имкониятҳои мавҷудаи буҷет маблағгузорӣ намудем». Президенти кишвар таъкид намуданд, ки дастовардҳои имрӯзаи соҳаи илм ҳанӯз наметавонанд талаботи давлатро қонеъ намоянд. Аз ин рӯ, Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ ва бахшҳои илмии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ вазифадор карда шуданд, ки сохтори идории худро таҷдиди назар карда, самаранокии фаъолият ва назорати корҳои илмӣ-тадқиқотиро таъмин намоянд.
Масъалаи таҳқиқи илмҳои ҷомеашиносию гуманитарӣ, нақши олимони соҳа дар эҳёи арзишҳои миллию давлатӣ, ба чоп расонидани осори гаронмояи донишмандон, аз ҷумла, монографияи шашҷилдаи “Таърихи халқи тоҷик” ба забони русӣ ва китоби “Этногенез ва таърихи этникии тоҷикон” зикр карда шуд. Таъкид гардид, ки дар пешбурди корҳои бостоншиносӣ дар мавзеъҳои таърихӣ то ба имрӯз мушкилот вуҷуд доранд.
Масъалаи дигаре, ки Пешвои муаззами миллат ба аҳли илму маорифи мамлакат ҳушдор доданд, масъалаи хурофот, ифротгароӣ ва радикализми динӣ буд. Бинобар ин, аҳли зиёи кишвар, алалхусус, сиёсатшиносон, файласуфон ва ҷомеашиносон вазифадор гардиданд, ки сабабу омилҳои зуҳури ақидаҳои хурофотӣ, шиддат гирифтани ифротгароии динӣ, оқибатҳои номатлуби чунин зуҳуроти манфии ҷомеа, роҳҳои аз байн бурдани онҳо ва сабабу омилҳои сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ мавриди таҳқиқи амиқ қарор диҳанд.
Масъалаҳои эътибори ҷиддӣ додан ба сифати таълим дар ҳама зинаҳои таҳсилот, таъсиси гурӯҳи мақсаднок дар литсейҳои Президентӣ, фаъолияти кафедраҳои тахассусӣ, сифати омода намудани кадрҳои омӯзгории фанҳои табиӣ ва риёзию дақиқ, норасоии соатҳои таълимӣ ва мавҷуд будани таносуби нобаробарии соатҳо дар самти мазкур низ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.
Вобаста ба масъалаи арзёбии рейтинги донишкадаву донишгоҳҳо зикр карда шуд, ки «…дар оянда мо бояд мақоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро на аз рӯйи шумораи хатмкардагон, балки вобаста ба шумораи хатмкардаҳои бо кор таъминшуда ва дастовардҳои илмии дар истеҳсолот татбиқгардида муайян намоем».
Таъсиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди замони истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ гардид. Мушкилоте, ки вобаста ба дифои рисолаҳои илмӣ аз ҷониби Пешвои миллат номбар гардид, сатҳи пасти аксар рисолаҳои илмӣ, рӯйбардор гардидани баъзе аз рисолаҳо, таваҷҷуҳи кам зоҳир гардидан ба тадқиқи рисолаҳои илмӣ дар самти илмҳои табиатшиносию риёзӣ, дақиқ … ба шумор меравад. Бо мақсади ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва беҳтар кардани сифати таҳқиқоти илмӣ дар ҳамаи институту марказҳои илмии академӣ аз ҷониби Президенти ҷумҳурӣ чордаҳ пешниҳоди мушаххас ироа карда шуд, ки тадбиқи амалии онҳо метавонад калиди мушкилоти ҷойдошта дар ин самт бошад.
Дар ин замина, бояд гуфт, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои созандаи Сарвари давлатамон муассисаҳои таълимии Вазорати корҳои дохилӣ, алалхусус, Академияи ВКД ҳамчун муассисаи олии таълимӣ амал намуда, дар таълиму тарбияи мутахассисони варзидаи соҳаи ҳифзи ҳуқуқ саҳми назарраси худро мегузорад. Дар ин таълимгоҳ, донишҷӯён дар баробари ихтисосҳои равияи гуманитарӣ, инчунин, ихтисосҳои «Бехатарӣ аз сӯхтор», «Муҳандис», «Огоҳонӣ ва бартараф кардани ҳолатҳои фавқулода»-ро низ меомӯзанд. Имрӯз дар Академияи мазкур тамоми барномаҳои таълимӣ ва умуман, низоми таҳсил тибқи муқаррароти стандарти давлатӣ роҳандозӣ гардидааст. Ҳамчунин, дар асоси супоришҳои вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҷиҳати татбиқи яке аз нуктаҳои Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ оид ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 ҳамчун «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» чораҳои мушаххас андешида шудааст.
Файзалӣ Шарифзода,
сардори Академияи Вазорати корҳои дохилии
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
генерал-майори милитсия
Иловакунӣ
Иловакунии фикр