Нашрияи Омӯзгор

Анҷоми имтиҳоноти хатм

Сана: 2020-05-20        Дида шуд: 838        Шарҳ: 0

 

Сардори Маркази матбуоти Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Сангимурод Шарифов гуфт, ки имтиҳоноти хатми донишҷӯёни донишгоҳ  ба охир расид.

Мавсуф қайд кард, ки дар соли таҳсили 2019-2020 дар донишгоҳ 9659 донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шуданд, ки аз ин теъдод 1737 нафарашонро хатмкунандагон ташкил медиҳанд. Донишҷӯён рисолаи хатм ва имтиҳонотро бомуваффақият ва дар вақти муайянгардида супориданд. Ба иттилои манбаъ, дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав вобаста ба вазъи имрӯза зимни супоридани имтиҳонот ҳолати санитарӣ, нигоҳ доштани масофаи байниҳамдигарӣ (аз 1,5 то 2 метр), истифодаи маводи безараргардонӣ дар синфхонаҳо комилан риоя гардид.

 С.АЗИЗӢ,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш