Нашрияи Омӯзгор

Ёвон: чораҳои зарурии безараргардонӣ аз сироят

Сана: 2020-05-20        Дида шуд: 792        Шарҳ: 0

 

-  Дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия баҳри пешгирӣ аз паҳншавии вируси нав корҳои фаҳмондадиҳӣ – иттилоотӣ ба роҳ монда шудааст, - гуфт Исломиддин Нарсов, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон. Давоми се моҳи аввали сол бо истифода аз тавсияҳои мутахассисони соҳаи тиб бобати пешгирии пайдоиш ва паҳншавии  бемории сироятии коронавирус дар байни хонандагон дарсҳои иловагӣ, суҳбатҳои кушоду мақсаднок пеш аз оғози бастҳои якум ва дуюм, корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба риояи гигиенаи шахсӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Ба иттилои мудири шуъбаи маориф, имрӯз соҳаи маорифи ноҳияи номбурда тамоми фаъолияти худро дар самти  пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) равона намуда, дар 85 муассисаи таълимӣ ва 7 муассисаи томактабӣ ситодҳои амалкунанда ташкил карда шуд. Шурӯъ аз 3 апрел  то 15 майи соли равон дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ бо фарогирии кулли омӯзгорону хонандагон ва кормандони соҳа, падару модарон ҷамъомад, суҳбатҳои фардӣ баҳри огоҳ будан аз корҳои паҳн гардидани коронавирус, бо усули синф ба синф, сарироҳӣ ва тариқи телефонҳои мобилӣ гузаронида шуд. Илова бар ин, бо иштироки муовини раиси Ситоди ноҳиявӣ, муовини раиси ноҳия Г. Саидзода ва аъзои ситоди вилоятӣ роҳбарии гурӯҳи корӣ дар ноҳияи Ёвон, сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон Диловаршо Исозода бо директорон, омӯзгорон, кормандони техникӣ ва хонандагони  муассисаҳои таълимӣ ҷамъомаду корҳои тавзеҳӣ гузаронида шуд. И. Нарсов афзуд, ки барои бесироятгардонии иншооти муассисаҳои таълимӣ истифодаи ҳазориспанд, риояи гигиенаи шахсӣ бо истифода аз ниқоб рӯзҳои санитарӣ ба роҳ монда шуда, садди безараргардонӣ дастшӯякҳо бо собун ташкил карда шуд.

Тибқи мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 7 апрели соли равон, № 06/3-396 дар кабинетҳои технологияи таълими меҳнат ва дар муассисаҳои таълимие, ки мошинаи дарздӯзӣ доранд, дӯхти ниқобҳои муҳофизатии арзон ва ҷавобгӯй ба талаботи тиб ба роҳ монда шуд.

- Масъулини соҳаи маориф вазифадор карда шуданд, ки тибқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимӣ корҳои асосии нақшавии таълимӣ, аз ҷумла, батартибдарории журналҳои синфӣ, баҳогузории чорякҳо, ҷамъбасту аз синф ба синф газаронидани хонандагони синфҳои 4 - 8 ва 10, аттестатсияи  хатму ҳуҷҷатнигории хатмкунандагони синфҳои  9 ва 11,  омодагӣ ба ташкилу баргузории озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон - хонаи ободи ман”, “Навқаламони наврас” анҷом дода шаванд, - изҳор дошт Исломиддин Нарсов.

С.АЗИЗӢ,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш