Нашрияи Омӯзгор

Ҷаласаи онлайнии раёсати маориф

Сана: 2020-05-20        Дида шуд: 779        Шарҳ: 0

 

Ҷаласаи раёсати маорифи вилояти тариқи онлайн тавассути шабакаи интернетӣ баргузор шуда, дар он сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода оид ба масъалаҳои пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ баҳри пешгирии бемории сироятии коронавирус дар муассисаҳои таълимӣ, раванди ҷамъбасти соли таҳсил, аттестатсияҳои хатми синфҳои 9 ва 11, пардохти музди меҳнат ва рухсатиҳои омӯзгорон, аз ҷумла, дар муассисаҳои таълимии хусусӣ, омодагии иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдат, тайёрии муассисаҳои таълимӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони соли 2020 - 2021, таъмиру сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва омодагӣ ба мавсими соли нави хониш, иҷрои Барномаҳои давлатии компютеркунонӣ ва таҷҳизонидани кабинетҳои фаннӣ, таъминоти кадрӣ ва ҳозиршавии мутахассисони ҷавон, таъмини китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва дархости воқеӣ, омодагии урдугоҳҳо ба мавсими нави истироҳату фароғати хонандагон аз сардорони раёсатҳои маориф ва мудирони шуъбаҳои шаҳру навоҳии вилоят пурсиш ба амал овард.

Зикр гардид, ки яке аз василаҳои эмин мондан аз бемории сироятии коронавирус “COVID - 19” риояи гигиенаи шахсӣ буда, дар ин замина дастур дода шуд, ки масъалаи таъминоти муассисаҳо бо оби нӯшокӣ, ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ гардонидан ва безараргардонии муассисаҳои таълимӣ мавриди назорати ҷиддӣ қарор гирифта шавад. Самаранок истифода бурдани қитъаҳои замини назди муассисаҳои таълимӣ, таъмиру тармими биноҳои таълимӣ дар давраи таътил бояд аз ҳозир шурӯъ гардад.

Таъкид шуд, ки минбаъд низ чунин ҷаласаҳо тариқи онлайн тавассути шабакаи интернетӣ мунтазам гузаронида мешаванд.

 

Нуъмон РАҶАБЗОДА,

Абдусабур АБДУВАҲҲОБОВ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш