29 майи соли равон дар толори китобхонаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ даври ниҳоии озмуни қабули духтарону писарони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ дар соли 2018-2019 оғоз гардид. Суҳбатро бо довталабони шаҳри Кӯлоб гурӯҳи корӣ бо роҳбарии намояндаи Вазорати маориф ва илм Сафарбой Саматов оғоз намуд. Тавре ки номбурда дар суҳбат ба мо гуфт, ки дар соли таҳсили 2018-2019 барои шаҳри Кӯлоб ҳамагӣ 33 ҷой (квота) ҷудо гардидааст. Раёсати маорифи шаҳр тибқи фармоиши вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ ба озмун руйхати 161 нафар довталабро пешниҳод намудааст, ки барои ҳар як ҷой 5 нафар довталаб рост меояд. Барои кластери 5 бошад, 6 нафар довталаб пешниҳод гардидааст. Бо довталаб вобаста ба равия ва ихтисоси интихобкардааш аз фанни забони тоҷикӣ барои ҳамаи кластерҳо ҳатмӣ буда, боз аз ду фанни ихтисосӣ суҳбат гузаронида мешавад. Ба ҳар як довталаб барои суҳбат 15 савол (5 савол) аз ҳар як фанни таълимӣ) пешниҳод карда мешавад ва ҷавоби довталаб дар шакли хаттӣ пешниҳод мегардад. Мутаассифона, дар рафти суҳбатҳо муайян гардид, ки баъзе довталабон аз 15 савол танҳо ба як ё ду савол ҷавоб доданд, ки сатҳи пасти дониши онҳоро нишон медиҳад.
Шариф АБДУЛҲАМИД,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр