Нашрияи Омӯзгор

Ёди устод ва дӯстӣ беғарази мо

Сана: 2020-05-28        Дида шуд: 790        Шарҳ: 0

 

Хабари марги нобаҳангоми устоди гиромиқадр, донишманди забоншинос ва марди хайрхоҳу некбин, доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Баҳриддин Камолиддинов ва духтари эшон Гулнора Камолиддинова мо - кормандони кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқандро бағоят андуҳгин намуд.

Устоди зиндаёд бо муҳити илмию адабии кишвари мо – Ӯзбекистон, бахусус, аҳли илму адаби филологияи тоҷик робитаи зич ва созанда доштанд. Моҳҳои май-июни соли таҳсили 2018-2019 дар тӯли ду ҳафта ҳамроҳи донишманди адабиёт, доктори илмҳои филологӣ, профессор Абдунабӣ Сатторзода ба устодон ва толибилмони бахши тоҷикии факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд дарс гуфтанд, ки хеле ибратангез ва хотирмон буд.

Марги устод талафоти ҷуброннопазирест дар ҳаёти фарҳангии миллати мо. Дар ин рӯзҳои вазнин ба фарзандону пайвандон ва дӯстони устод аз Худованди меҳрубон сабри ҷамил мехоҳем. Маъвои охиринаш фирдавси барин бошад!

Профессор Ҷумъа ҲАМРОЕВ,

ва дигар аъзои кафедраи

забон ва адабиёти тоҷики ДДС


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш