Нашрияи Омӯзгор

Қуллапаймои илм

Сана: 2020-05-28        Дида шуд: 796        Шарҳ: 0

 

Ман устод Саттор Ғаффоровро аз солҳои 1971-1975, айёми таҳсил дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки мо донишҷӯёнро аз фанни физикаи олӣ дарс медоданд, мешиносам. Воқеан, устод марди хоксор, чеҳракушод, қавиирода, донишманд ва устоди касби худ мебошад. Саттор Ғаффоров аз овони ҷавонӣ ба ин касби заҳматталабу пуршараф дилбастагии калон дошт ва оташи шавқу меҳри омӯзгориро дар дили ӯ қиблагоҳаш афрӯхта буд. Мавсуф баъди хатми мактаби миёнаи №8-и ноҳияи Восеъ ба омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлоб дохил шуда, онро соли 1967 бо муваффақият  хатм намуда, худи ҳамон сол ба факултаи физика ва математикаи ДДК дохил шуд ва соли 1971 донишгоҳро бо дипломи аъло хатм намуд.Қобилияти баланди донишандӯзии ӯро ректори донишгоҳ ба назар гирифта, Саттори ҷавонро ба ҳайси омӯзгори фанни физика ва математикаи кафедраи физикаи умумӣ ба кор қабул намуд. Соли 1972-1977  ҳамчун муаллими калони кафедраи физикаи умумӣ ба кор шӯруъ мекунад. Дере нагузашта хислатҳои ҳамида, феълу рафтори нек, дониши баланди касбӣ ва муомилаи хуб Саттори ҷавонро дар як муддати кӯтоҳ миёни аҳли олимону устодони ин даргоҳ соҳибэҳтирому икром гардонид. Саттор Ғаффоров соли 1979 ба аспирантураи кафедраи химияи физики Донишкадаи техникаи электронии Москва дохил гардида, соли 1982 рисолаи илмиашро дар мавзӯи «Тадқиқи эффекти Холл дар моеъҳои нимноқилии характери гуногуни таъсири мутақобилаи байниатомидошта» дар шаҳри Москва  бо мувафаққият дифоъ намуда, соҳиби унвони номзади илмҳои физика ва математика мегардад.Ӯ солиёни зиёд дар вазифаҳои мудири кафедра, декани факултаи физика, сардори шуъбаи таълимии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб фаъолият намудааст. Соли 2006 аввалини китоби ӯ бо номи «Физикаи молекулавӣ» аз чоп баромад. Баъдан китобҳои дарсии барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ навиштаи Саттор Ғаффоров, монанди «Курси физикаи умумӣ», «Физикаи нимноқилҳо ва диэлектрикҳо», «Физика, химия ва технологияи ҷисмҳои сахт», «Физика ва асосҳои биофизика», «Электроникаи нимноқилӣ» ва ғайраҳо ба нашр расиданд. Фаъолияти омӯзгорӣ ва қобилияти кордониву роҳбарияшро ба инобат гирифта, ӯро соли 2012 ба ҳайси мудири кафедраи шабакаҳои барқӣ ва физикаи умумии Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб ба кор даъват мекунанд. Саттор Ғаффоров аз рӯзҳои аввали фаъолият дар ин вазифа, дар татбиқи амалии ислоҳоти маориф хизматҳои назаррасе ба анҷом расонид. Таҳти сарпарастии ӯ заминаи моддию техникии донишкада мустаҳкам гардид. Аз ин ҷост, ки сатҳи донишандӯзии донишҷӯён сол то сол беҳтар гардида, дар озмунҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ҷойҳои намоёнро сазовор мешаванд.

 

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш