Ба куҷое, ки нигарем, ҳама ҷо пеши назар комёбиҳои илми кимиё ҷилвагар мешавад.
М. В. Ломоносов
Инкишофи чашмгири илми кимиё аз давраи Лавуазе ва махсусан, аз давраи Далтон тасаввуроти куҳнаро оид ба табиат бартараф кард.
Ф. Энгелс
Кимиё илмест дар бораи тағйироти сифатии моддаҳо, ки тавассути тағйироти миқдорӣ ба вуқӯъ мепайвандад.
Кимиё илми ҳайратовар аст. Назари тезбини ӯ ба маркази оташбори Офтоб, шабистони қаъри Замин, олами зарраҳои дили инсон, рози ниҳоди сангҳо, сукути ҳаёти наботот амиқ равона аст. Нигоҳи ин илм дар ҳама ҷониб, дар ҳар тараф ибтидои ҳаётро ҷӯёст. Кимиё ин ибтидоро дарёфт хоҳад кард.
А. М. Горкий
Нуқтаи сарҳисоби кулли саноати муосирро дар истифодаи бошууронаи табаддулоти кимиёвии моддаҳо ҷустан мебояд.
Д. И. Менделеев
Илми кимиё дорои қувваи бузурги эҷодист.
М. Бертло
Агар ба инсон зарурати интихоби се илми беҳтарин пайдо мешуд, бояд ӯ механика, таърихи табиат ва кимиёро авлотар мешумурд.
Д. Дидро
Натиҷаи бевоситаи равнақи қувваҳои истеҳсолкунанда, ки самараи кашфиёти илмии механика ва кимиёст, афзоиши боигарии инсоният мебошад.
Р.Оуэн
Таҳияи Ҳотами ҲОМИД,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр