(Ҳаҷвия)
Дари дафтари кори директор беовоз кушода шуду котиба хабар дод, ки мухбирони нашрияи ҷумҳуриявӣ бо намояндаи шуъбаи маориф омадаанд. Директор Олим Салим гиребон ва галстукашро ба тартиб дароварда, мӯйсарашро шона карда, ба истиқболи меҳмонон ба роҳрав баромад. Бо меҳмонон гарму ҷӯшон вохӯрӣ карда, онҳоро ба дафтари корияш пазироӣ намуд. Пас аз аҳволпурсӣ вай бо чеҳраи бозу табассуми малеҳ рӯзноманигоронро хуш омадед гуфт ва лаҳзае маънидор ба намояндаи шуъбаи маориф нигарист.
- Журналистони газетаи бонуфузанд. Мехоҳанд дар бораи вазъи таълиму тарбия, сатҳу сифати дониш, дарсазхудкунии хонандагон, иштироки онҳо дар олимпиадаҳо ва дигар масъалаҳо бо шумо суҳбат карда, мақола нависанд, - фаҳмонд намояндаи шуъбаи маориф ва афзуд:
-Дар ҳамин бораҳо маълумоти муфассалу дақиқ пешниҳод кунед. Вассалом.
-Гап нест, гап нест, -хушҳол нидо баровард директор. Мо ба посухи суолҳо тайёр. О, наход дар хусуси мактабу корҳоямон чизе гуфта натавонем? Устухонамон дар кори мактаб шах шудагӣ.
Ҳа-а, бо вуҷуди ташвишҳои зиёдатӣ, ки ба сарамон бор шудааст…
Намояндаи шуъбаи маориф теғи нигоҳ ҷониби директор кашиду вай хомӯш монд.
Яке аз рӯзноманигорон, ки қадбаланду харобандом буд, қалам дар даст дафтарчаашро кушод ва ба суол додан оғоз кард.
-Мебахшед, аввал дар он хусус маълумот медодед, ки дар мактабатон чанд омӯзгор кор мекунад?
-Ҳа, э… а… - директор якбора гап гум кард, забон хойид ва папкаҳояшро кофтан гирифт.-Чанд нафар буданд-а?
-Сиву… сиву дута буд, хаёлам…
- Як дам, як дам, -гуфта котибаро ҷеғ зад ва саҳл норизо амр дод:
-Ҷонишина ҷеғ зан. Фақат зудтар…
Пас аз чанд дақиқа ҷонишин дар остонаи дар пайдо шуд.
-Ҳалимуф, мо чанд омӯзгор доштем? -пурсид директор аз ҷонишин ва хандаи зӯракие карда:
-Худам медонаму сабил аниқ не-да.
-38 омӯзгор, ака. 28 марду 10 зан, - филфавр ҷавоб дод ҷонишин ва узр пеш овард, ки дар синфи 10 дарс гузашта истодааст ва баромад аз дар.
Мухбир гуфтаҳои ҷонишинро дар дафтараш сабт карда, боз ба пурсишаш идома дод:
-Чанд нафар хонанда дар мактаб таҳсил мекунанд?
-Хонандаҳоро мегӯед? - ба суол суол дода, саҳл табассум кард директор ва пушти сар хорид:
-Хаёлам шашсаду… шашсаду бист нафар ҳастанд. Аниқашро намедонаму лекин аз шашсад зиёдтар ҳастанд. Як дам, як дам, -гуфта директор ҷониби дар қадам зад ва ба котиба фармуд, ки зуд ҷонишинро ҷеғ занад.
Ҷонишин лаҳзае пас дубора дар остонаи дафтари кории директор пайдо шуд ва суоломез ба сарвари мактаб нигарист:
-Ҷеғ задед?
-Ҳа, медонед, ин ҷо шумораи хонандаҳоро мепурсанд,-фаҳмонд директор. -Ман медонаму лекин аниқаш чанд нафар буданд, Ҳалимуф?
- 680 нафар, -посух дод ҷонишин ва хомӯш монд.
-Ҳа, рост, рост. Сабил, гуфтам аз 600 нафар зиёдтаранд. Майлаш, шумо равед, аз дарсатон намонед, - таъкид кард директор ва хандаи зӯракӣ дар лабон ҷониби ҳозирин нигарист. Мухбир боз дар дафтар рақами гуфтаи ҷонишинро сабт карду суол дод:
-Соли ҷорӣ аз ҳисоби хатмкунандагон чанд нафар тибқи низоми тестӣ ба макотиби олӣ ва коллеҷҳо дохил шуданд?
-Ҳа, ҳа, имсол аз … э… чанд нафар хатм карда буд мактабро? - директор худ ба худ гап зада, гӯё теъдоди хатмкунандагонро дақиқ мекарда бошад, ба ҳисобу китоб машғул шуд. Чанд папкаи дар пешаш бударо кушодаву тагурӯ кард, ҷусту ҷуст. Муроде ҳосил нашуд, ки бо талвоса бархост аз ҷо ва ҷониби дар гом ниҳод.
-Ҳалимуфро ҷеғ зан, - хитоб кард ба котиба ва қафо гашт:
-Ҳозир, ҳозир, ҳамаашро аниқ мекунем.
-Сабил, дар ёдам буду…-директор хиҷолатомез ба рӯзноманигорон нигарист, аз намояндаи шуъбаи маориф бошад, чашм гурезонд.
- Вақтҳои охир фаромӯш-хотир шудаам. Набошад, факту рақамҳоро аз ёд медонистам.
Ҷонишин аз дар сар даровард.
-Ҳалимуф, - ба рӯяш сурхӣ давида, муроҷиат кард директор ба ҷонишин, - ҳамин сол чанд нафар синфи 11-ро хатм карданд? Ман ба ростӣ медонаму аниқ не-да.
- 58 нафар, - ҷавоб дод ҷонишин ва илова кард: - Аз онҳо 36 нафар ба мактабҳои олию коллеҷҳо дохил шуданд.
- Э, маладес, офарин, Ҳалимуф, забон ба ситоиши ҷонишин кушод директор ва боз ба ҳозирин нигарист.
- Дар мактаб синфхонаи алоҳидаи компютерӣ доред?-суол дод рӯзноманигор.
- Не, аз куҷо? - директор гӯё ба шикояту шиква оғоз мекарда бошад, идома дод ба суханаш:
- Дар мактаб ҷойи нишаст намерасад. Аҳволамон бад.
Намояндаи шуъбаи маориф зӯракӣ сулфид, гулӯ равшан кард. Мазмун, ҳаддатро нигоҳ дор, аз камбудию норасоиҳо сухан магӯ.
Директор дар ҷойи нишасташ ҷумбида, ғиҷирроси курсиро баровард.
Мухбир нобоварона ба директор нигарист.
- Дар умум чанд компютер доред?
- Компютер, компютер,-пичиррос зад директор ва чашм ба фарш дӯхт. Чунон ба фикр фурӯ рафт, ки … гӯё кадом муаммои муҳими ҳастии инсону кайҳонро ҳал мекарда бошад.
- Чанд компютер буд-а? Агар хато накунам, 10, не, не… 8-то буд. Эҳ сабил, хотираам фиребам медиҳад. Ҳозир, ҳозир, - гуфта директор дафъатан бархост аз ҷо ва ҷониби дар шитобид. Боз ба котиба амр дод, ки ҷонишинро ҷеғ занад.
-Фақат зудтар гӯед, ки ояд,-таъкид кард вай ва қафо гашта дар ҷояш нишаст. Шармидаву хиҷолат кашида (гӯё!) боз хандаи зӯракие кард:
-Бахшиш, бахшиш. Камтар нофаҳмӣ шудааст, ҳозир ҳамааш ҳал мешавад. Ҳа, ҳа! Ҷонишин шитобзада дар остонаи дар пайдо шуд ва ба директор ба маънои «боз чӣ гап?» назари суол дӯхт
- Ҳалимуф, мо чанд компютер доштем? - умедворона ҷониби ҷонишин нигаҳ афканд директор.
-12 компютер мавҷуд аст. Аз ин теъдод 3-тояш корношоям,-оромона посух дод ҷонишин ва лаҳзае ба ҳозирин нигарист.
- О, дуруст, о, ин гапи дигар,-чеҳрааш шукуфта директор аз ҷо хесту ба китфи ҷонишин ба маънои «офарин» тап-тап зад.
- Шумо аз паси дарсатон шавед. Мо худамон ин тарафашро ҳал мекунем. Хуб?
Мухбир низ дар навбати худ муддате ба дарёи хаёлот ғӯтавар шуда, пасон домани нигоҳашро аз манзараи берун барканда, ба директор нигарист:
- Иштироки хонандагон дар олимпиадаҳо чӣ хел? Муваффақияту дастовардҳо ҳастанд ё…
- Э, напурсед, - папкаҳоро каноре тела дод гуфт директор.
- Дар олимпиадаҳо шогирдони мо иштирок карда, ҷойҳои намоёнро ишғол карданд. Хоҳ бовар кунед, хоҳ не, як қопча медал бардошта оварданд, шаҳбозҳо. Ҳа-а… шухӣ надоранд инҳо.
- Дар ин бора мушаххастар маълумот медодед, - хоҳиш кард мухбир. Кадом хонандагон ҷойҳои ифтихориро ишғол карданд, чанд медал ба даст овардед? Аз кадом фанҳо…
- Ҳа-а… ҳозир, ҳозир, як дам, як дам, - гӯён директор боз бархосту ҷониби дар қадам зад.
- Ҷонишина ҷеғ зан, - супориш дод ба котиба ва қафо гашт.
- Ҳозир ҳамааш дақиқу мушаххас мешавад. Ҳозир, сабр кунед… ҳа-а…
Ҷонишин каме хастаю асабинамо аз дар даромад.
- Ҳалимуф, ҳамин сол чанд хонандаи мо дар олимпиадаҳо иштирок карданд? Аз кадом синфҳо? Чанд медал оварданд?-якбора суолборон кард директор ҷонишинро.
Ҷонишин бо таҳаммул як-як ному насаби хонандагонеро, ки дар олимпиадаҳо иштирок кардаанд, ба забон оварда, аз кадом фанҳо соҳиби медал гардиданашонро баён кард. Пас, оҳиставу нарм қадам зада аз дар баромад.
Мухбири дуюм, ки чанд маротиба директорро дар вазъияти гуногун аккосӣ намуда буд, гӯё дар омади гап аз директор пурсид:
-Мебахшед, шумо чанд сол шуд, ки дар мактаб директор шуда кор мекунед?
-Ман? - суоломез хитоб кард директор. - Агар дурӯғ нашавад, 10 сол…
Э… не-не, ё 11 сол шуд. Эҳ, сабил, хотирпарешон шудама.
- Аз соли 2008 буд, 2010, э, не, не, соли 2005 буд ё ки…
Вай ба рақамзанӣ оғоз кард, лаҳзае ошуфтаву хаёломез ба берун нигарист ва боз бархост аз ҷо.
- Як дам, як дам, - гуфта ҷониби дар давид. Дарро кушода ба котиба муроҷиат кард:
- Тез, Ҳалимуфа ҷеғ зан. Ҳадаҳа кун, ҳа… Аммо аз ҷонишин дигар дарак нашуд. Директор инони сабру тоқатро аз даст дода ба берун, ба саҳни ҳавлӣ баромад ва бо садои баланд ҷеғ зад:
-Ҳалимуф, ҳо Ҳалимуф, тезтар биё, куҷо шудӣ? Дар кабинет меҳмонон интизори ҷавобанд. Ба як саволи дигар ҷавоб деҳ, тамом.
Аниқашро гӯй, чанд сол шуд, ки ман дар мактаб директор ҳастам? Илтимос…
Ҳалимуф, Ҳалимуф…
Шодӣ Раҷабзод
Иловакунӣ
Иловакунии фикр