Нашрияи Омӯзгор

Донистан мехоҳед?

Сана: 2020-05-28        Дида шуд: 774        Шарҳ: 0

 

Муш ва харгӯш дар як шабонарӯз то бист маротиба  хоб мекунанд. Баъзе  навъҳои муши паррон дар як сол 320  рӯз мехобанд. 

***

Нуздаҳ дарёи Россия дарозии зиёда аз 2000 километр ва 26 – тоашон дарозии зиёда аз 1000 километр доранд. Калонтарини онҳо дарёи Амур (дарозиаш 4444 км), Лена (4400 км), Енисей (4092 км), Об (3650 км), Волга (3531 км) ва Днепр (2201 км) аст. Дарозии умумии дарёҳои Россия 9 миллиону 648 ҳазор километрро ташкил медиҳад. Ҳаҷми умумии сарфаи яксолаи об 4350 километри мукааб аст, ки ин 11, 2 фоизи ҳаҷми сарфаи оби дарёҳои ҷаҳонро ташкил медиҳад. 

***

Дар қаламрави уезди Фэнсзеи шаҳри Чунсини Чин чоҳе кашф шудааст, ки диаметр (қутр) – аш 626 метр, чуқуриаш 662 ва зарфияташ, яъне, ғунҷоиши об 119  миллион мукааб метр мебошад. Мувофиқи гуфти олимон, чоҳи табиии  Сяочжай калонтарин чоҳ дар дунё мебошад. Аз таги ин чоҳ дарёи бузурге, ки аз дараи асрорангез сарчашма мегирад, мегузарад. Тадқиқотҳо  нишон  доданд, ки ин дара 37 километр дарозӣ ва 900 метр баландӣ дорад.

***

Шаршараи баландтарини  ҷаҳон Анхел (дар Венесуэлаи Америкаи Ҷанубӣ) буда, 979 метр баландӣ дорад ва дар шохоби дарёи Каррао мерезад. Лётчики амрикоӣ Ҷ. Анхел соли 1935 ҳангоми ҷустуҷӯи тиллою алмос шаршараи Анхелро кашф кард.

***

Кӯли Гусгупдак (дар Ҷумҳурии Туркия) аз ҳама кӯли шӯртарини ҷаҳон ба шумор меравад, ки дар як литр оби он 368 грамм намак вуҷуд дорад.

***

Кӯли Байкал (чуқуриаш 1620 метр) чуқуртарин кӯли ҷаҳон  мебошад. Дарозии  кӯл 636 километр, бараш 79 км ва миқдор (ҳаҷм) – и обаш 23 000 километри мукааб аст.

 

Таҳияи Ҳотами  ҲОМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш