Нашрияи Омӯзгор

Орзуи модар

Сана: 2020-05-28        Дида шуд: 834        Шарҳ: 0

 

Субҳ дамид. Холаи Замира аз хоб хеста, офтобаро гирифту ба рӯйи ҳавлӣ баромад. Бо қираи чашм  ба сӯйи дарвоза нигоҳ карду оҳ кашид.

Худоё, имрӯз писаракам Собирҷон меомада бошад, оё рӯйи ӯро медида бошам, тӯйи домодиашро медида бошам? Холаи Замира дар намозаш аз Худованд дидори писарашро талаб намуд. Чун ҳарвақта аз зери болинаш бо дастони ларзон расми писараш Собирҷонро гирифту бӯсид. «Оҳ, писаракам ёздаҳ сол мешавад, ки туро надидаам, дур аз Ватан, дур аз  чашмони ман чӣ ҳол дошта бошӣ?» Қатраҳои ашки модар ба рӯйи расм мешориданд. Замирахола соатҳои дароз бо расми писараш гуфтугӯ намуд. Субҳи дигар ӯ боз офтоба дар даст ба рӯйи ҳавлӣ баромад, чашм ба сӯйи дарвоза дӯхта, аз дил гузаронд: «Имрӯз писарам Собирҷон меомада бошад?».

Оҳ, чаро дилам ба тапиш даромад, чаро вуҷудам меларзад? Замирахола ин дафъа дили шод, бо як умед намозашро хонд. Қарибиҳои чошт буд. Шодии модар зиёдтар мешуд. Чашмони модар беихтиёр ба сӯйи дарвоза афтод. Замирахола дар ҷояш шах шуда монд, маҷоли аз ҷой ҷунбидан надошт «Худоё, ин дар хоб аст ё дар бедорӣ? Ман киро мебинам? Оҳ, ин писарам Собирҷон аст. Замирахола  бо дастони ларзон ба сӯйи писараш оғӯш кушод. Собирҷон ҳам ба сӯйи модараш оғӯш боз кард. Модару писар якдигарро ба оғӯш гирифтанд. Замирахола писарашро мебӯсиду мебӯйид. Собирҷон ҳам модарашро мебӯсиду аз ӯ узрхоҳӣ мекард, ки ёздаҳ сол интизораш намуд. Ёздаҳ соли умри модар дар роҳи омадани ӯ гузаштааст.

Замирахола бо Собирҷон соатҳои дароз суҳбат мекарданд, аз дидори якдигар ҳеҷ сер намешуданд. Чашми модар ба ҷуз рӯйи писараш чизи дигареро намедид. Чашм аз рӯйи писараш намеканд. Яке қисса мекарду дигаре гӯш мекард. Собирҷон ба модараш гуфт, ки Россия ҳам мамлакати тинҷу ором аст, лекин Ватани худамон, ба назарам, бештар зебою обод мебошад.

Замирахола аз Худованд шукргузорӣ намуд, ки рӯйи фарзанди ба умед калонкардаашро дид. Даст ба дуо бардошта гуфт: - Бигзор ҳамаи модарон ба дидори рӯйи фарзандони худ бирасанд.

Хурсандию шодии Замирахола ҳадду канор надошт.

 

Қумригул Соҳибова,

омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби №131, шаҳри Ваҳдат


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш