Нашрияи Омӯзгор

Зи кирдори бад даст бояд кашид!

Сана: 2020-05-28        Дида шуд: 804        Шарҳ: 0

 

Дар минтақаҳое, ки иқлим хеле гарм аст, растаниҳои ба ном алкалоидӣ зиёд мерӯянд, ки дар таркибашон ҳар гуна моддаҳои химиявии ба асаб таъсиррасон доранд. Қисми зиёди ин растаниҳо дар қитъаи Амрико  месабзанд ва парвариш меёбанд.

Аз онҳо садҳо моддаҳои химиявӣ ҷудо карда мешаванд. Масалан,  дар барги тамоку яке аз моддаҳои ниҳоят заҳрноки алкалоиди растанӣ – никотин вуҷуд дорад. Ба Аврупо  тамоку аз қитъаи Амрико (12 октябри соли 1494) тавассути маҷмӯи киштиҳои Христофор Колумб аз ҷазираҳои Гуанахана ба Испания оварда шудааст. Дар вақти ба ин ҷазира дохил шудани одамони Колумб пеши назари онҳо одамоне намудор гаштанд, ки ба сӯрохи биниашон найчаи бо хокаи тамоку пуркарда гузошта шуда буд. Найчаро оташ дода, дуди онро ба воситаи нафас фурӯ мебурданд. Номи он найчаро «табако» меномиданд. Яке аз одамони Колумб найчаи аз тамоку пуркардашударо дар гиронда, дудашро нафас кашид ва кайфияти он ба ӯ маъқул шуд. Дигарҳо низ ба вай тақлид карданд. Яке аз сайёҳони мексикагӣ – Кортес ҳамчун туҳфа ба шоҳи Испания Карли 4 (1500 - 1558) буттаи тамокуро овардааст. Карли 4 ин растаниро дар боғаш шинонида, баъдан онро ба миқдори зиёд афзоиш додааст. Чунин туҳфа ба шоҳи Фаронса - Франсиски 2 низ оварда шудааст. Дар Фаронса  тамоку номи «никотин» - ро гирифтааст. 

Соли 1584 ба подшоҳи Англия шоҳзода Елизавета тамокуро аз шимоли Амрико оварда, тарзи  истифода кардани онро намоиш додаанд. Донишҷӯёни Англия тамокуро ба Голландия бурдаанд. Ҳангоми ҷанг дар Аврупо аскарҳои Англия ҷанговарони немис ва швейтсариро тамокукашӣ ёд доданд. Савдогарҳои Англия ва Нидерландия  ба Россия, Туркия  ва Эрон тамокуро оварда мефурӯхтанд ва оҳиста – оҳиста ин анъана ба тамоми мамолики дунё паҳн гардид. Баъдтар, дар аксари кишварҳои ҷаҳон тамокукашӣ манъ гардид. Дар Россия то Пётри 1 тамокукашро бо чӯб ба миқдори муайян мезаданд ё ба Сибир бадарға мекарданд. Дар Эрон тамокуфурӯшро ҳамроҳи тамокукаш месӯзонданд. Дар Олмон аз тамокукаш ҷаримаи калон меситонданд.

Чунин ташаббус аз он сабаб амалӣ карда мешуд, ки истифодаи тамоку тадриҷан ба мардум зарари сахти рӯҳониву ҷисмонӣ мерасонид.

Бино ба маълумотҳои мавҷудбуда нуҳ дар сади мардони аз 15 то 59 – солаи аҳолӣ аз тамоку истифода мебаранд. 29 декабри соли 2010 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» қабул гардид. Ҳадафи ин қонун пешгирии бемориҳо ва нигоҳ доштани саломатии аҳолӣ мебошад. Тамокукашӣ ва зарари дуди он дар тамоми давраҳои ҳаёти инсон таъсири бади худро ба организм мерасонад. Мувофиқи қонуни ҶТ машғул гардидани ноболиғон ба фурӯши  маҳсулоти  тамоку қатъиян манъ аст, вале ба чашм мерасад, ки фурӯшандаҳои маҳсулоти тамокудор, бахусус, сигор аз ҳисоби ноболиғон кам нестанд. Бино ба маълумоти раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД ҶТ, дар ним соли авали  соли гузашта дар ҷумҳурӣ бештар аз 3 ҳазор нафар барои вайрон кардани меъёрҳои қонуни мазкур ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Ба иттилои доктори илми химия, профессори ДМТ Ш. Холиқов, дуди тамоку дар таркиби худ се моддаи зараррасон дорад: қатрон (смола), никотин (заҳри тамоку) ва оксиди карбон. Моддаҳои заҳролуде, ки дар таркиби қатрон вуҷуд доранд, ҳатто метавонанд ба таркиби хун ворид гарданд ва баъдан бо роҳи пешоб берун раванд. Аммо расидани ин моддаҳо ба роҳи пешоб метавонад ба бемории саратони пешобдон оварда расонад. Никотин бошад, моддаи сахти нашъадор ба ҳисоб рафта, ба фаъолияти системаи асаб ва дил таъсири манфӣ расонида, метавонад сабаби  дигар навъи касалиҳои дил гардад. Оксиди карбон аз дуди тамоку ба роҳҳои хунгард ба майна ва дигар организмҳо расида, қобилияти эритроситҳоро дар раванди гардиши хун заиф мегардонад. Он таъсири оксигенро бо хун суст менамояд ва ба ин васила касалиҳои системаи гардиши хунро  ба вуҷуд меояд.

Табибон  ба хулосае омадаанд, ки агар одам дар як рӯз аз 1 то 9 дона сигор кашад, пас ҳаёти худро тақрибан ба 4, 6 сол назар ба нафари сигор намекашидагӣ кӯтоҳ менамояд. Агар аз 10 то 19 сигор кашад, пас ҳаёти худро тақрибан ба 5,5 сол ва агар аз 20 то 39 сигор кашад, пас ҳаёти худро тақрибан ба 6,2 сол назар ба нафари сигор намекашидагӣ кӯтоҳ менамояд. Дуди сигор на танҳо ба одами сигоркаш, балки ба атрофиён низ зарар дорад.

Олимон муайян кардаанд,  нафароне, ки то  синни 15 расидан ба тамокукашӣ оғоз намудаанд, панҷ маротиба бештар гирифтори касалии саратон мегарданд нисбат ба нафароне, ки пас аз 25 – солагӣ шурӯъ намудаанд. Дили одами тамокукаш дар як рӯз 15 маротиба бештар метапад ва ҳазми оксиген дар организм бадтар мегузарад,  зеро дар зери таъсири тамоку  рагҳои хунгард тангтар мегарданд. Ҳамин сабаб аст, ки қобилияти азхудкунии ҷавонон ва талабагоне, ки тамоку мекашанд, назар ба ҷавонони солим сусттар тараққӣ кардааст. Мутаассифона, баъзан ҳампаҳлуи мо сигор кашида на танҳо худ, балки бо дуди тамокуяш дигаронро низ заҳролуд менамояд.        

           

  Ҳотами ҲОМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш