Нашрияи Омӯзгор

Ризқи худ соҳибҳунар аз санг пайдо мекунад

Сана: 2020-05-28        Дида шуд: 818        Шарҳ: 0

 

Шеърҳои ба аҳли ҳунар ва ҳунармандон бахшидаро дар адабиёт бо номи «Шаҳрошӯб» мешиносанд.

Ин гуна ашъор дар худ як навъ ҳаҷву мутоиба ва оҳанги зарофат доранд.  Аввалин гӯяндаи ин навъи шеър устод  Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ буда, баъдтар онро Саъдӣ, Масъуди Саъди Салмон, Ашраф Мозандаронӣ, Сайфии Бухороӣ, Сайидо, Бедил, Воҳид Қазвинӣ, Фағфур Неъматхони Алӣ, Маҳастии Ганҷавӣ, Озарӣ, Мирмуҳаммад Ҳошим, Ҷалолиддин Муҳаммади Илоҳӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Огаҳӣ давом дода, шаҳрошӯбҳои гуногун навиштаанд

Саъди Салмон  (1046-1121), Сайфии Бухороӣ ва Муҳаммадтоҳир Воҳидуззамони Қазвинӣ (соли вафот 1708) намояндагони 50 ҳунар ва касбу корро таърифу тавсиф кардаанд. Сайидои Насафӣ дар таърихи адабиёти классикии форсу тоҷик мавқеи барҷаста дорад. Маълум аст, ки ӯ аз табақаҳои ҳунармандон буда, ҳанӯз дар наврасӣ дар Насаф бо касби бофандагӣ ошноӣ доштаасту  дар Бухоро ин пешаро идома додааст.

Худи шоир ҷое мегӯяд:

Шир мегардад бурун аз кӯҳ баҳри Кӯҳкан,

Ризқи худ соҳибҳунар аз санг пайдо мекунад.

Сайидо дар асри ХVII суннати пешиниёнро идома дода, «Шаҳрошӯб»-нависиро дубора эҳё кард. Ин гуна осорро шоир дар вазну навъҳои гуногун, амсоли ғазал,  қасида, қитъа, рубоӣ… эҷод кардааст. Ба ибораи дигар, «Шаҳрошӯб»-и Сайидо омезиши шаклҳои гуногуни шеъриро дар бар мегирад.

Сайидо ашхоси касбу корашон гуногун: бофанда, кулол, танбӯрӣ, қаннод, хиштрез, мӯзадӯз, чарчинфурӯш, ҳалвогар, дарзӣ, сартарош, меъмор, шоир, арзанкор, воиз, айнаксоз, наҷҷор, меҳмондор, бодбаракандоз, сиркофурӯш, пӯстиндӯз, нонфурӯш,- хулоса, намояндагони 212 ҳунару касбро васфу ситоиш мекунад.

«Шаҳрошӯб» бар он далолат мекунад, ки шеър то кадом поя бо мардуми ҳунарманд, истеҳсолкунандагони неъматҳои моддӣ наздик аст.

Шоир заргарро ситоиш карда чунин мефармояд:

Ҳар кӣ як дам ҳамдами он дилбари заргар шавад,

Санг гирад, лаъл гардад, хок гирад, зар шавад.

Дар бораи заргар шеър навишта, шоир вожаҳои хоси ин касб- дам, санг, лаъл, зар, сим, ҳалқа ва тавқро истифода  мебарад.

Ё ин ки ҳалвогарро чунин ситоиш кардааст:

Дилбари ҳалвогарамро ҳаст теғе дилхарош,

Аз ғами ӯ қоматам хам гашт чун ҳалвотарош.

Хонандагоне, ки боре теғи ҳалвотарошро дидаанд, зуд ба хотир меоранд, ки барои чӣ шоир қомати худро ба ин асбоб монанд кардааст.

Сайидо ҳунар ва ҳунармандиро моҳирона васф карда, касбу пешаро  мояи ифтихор ва манбаи ризқу рӯзӣ медонад.

Дилбастагии шоир ба аҳли ҳунар то андозаест, ки дар бораи намояндагони 8 навъи ҳунар (баққол, шустагар, нонво, наққош, наҷҷор, шотир, ташгар ва қассоб) шеърҳои ҷудогона сурудааст, ки дар маҷмӯъ, дорои 290 байт аст. Шоир дар асарҳои ба ҳунармандон бахшидааш аз забони зиндаи халқ, зарбулмасалу мақол, ибораҳои рехта васеъ истифода бурдааст ва ба ин васила, таркиби луғавии забони тоҷикиро бо калимаву ибораҳои соҳавӣ бой гардонидааст.

Дар муассисаҳои таълимӣ устодони адабиёт ва технология метавонанд дар якҷоягӣ аз «Шаҳрошӯб»-и Сайидо васеъ истифода намоянд.

Ҳасан Алимзода,

рӯзноманигор, узви ИЖТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш