Нашрияи Омӯзгор

Таносоию коҳилӣ дур кун

Сана: 2020-05-28        Дида шуд: 815        Шарҳ: 0

 

Ташаккули шахсияти инсон, зиндагию фаъолияти ӯ ва мавқеи ҷамъиятиаш бо меҳнат пайванди ҳамешагӣ дорад. Меҳнат хушбахтии одамон ва рӯзгори осоиштаву пурбаракати онҳоро таъмингар аст.

Ҳикмати «Меҳнат шараф аст» асоси комили воқеӣ дорад. Ба шарофати меҳнат инсон соҳиби хислатҳои ҳамида мешавад, дар ҷомеа обрӯ меёбад, сазовори ҳурмату эҳтироми ҳамагон мегардад. Меҳнат рӯзирасони одамон, омили ғановати дастархон ва серию пурии ҳамагон мебошад. Шахси меҳнатдӯст зиндагии шоиста дорад, вале оне, ки коҳилу коргурез аст, ба коми дил намерасад, ба мушкилиҳо дучор меояд, азият мекашад. Аз ин рӯ, шоири хирадманду тавоно Абулқосим Фирдавсӣ даъват мекунад:

Таносоию коҳилӣ дур кун,

Бикӯшу зи ранҷи танат

сур кун,

Ки андар ҷаҳон суди

беранҷ нест,

Касеро, ки коҳил бувад,

ганҷ нест.

Бо дарназардошти аҳамияти махсуси кору заҳмат дар мактабҳо ба тарбияи меҳнатӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад. Пеш аз ҳама, зимни тамоми дарсҳо, чорабиниҳои беруназсинфӣ, маҳфилу вохӯриҳо ва саёҳатҳо омӯзгорон мекӯшанд, ки ба шогирдон моҳияти меҳнат кардан, ба коре машғул шуданро тавзеҳ бахшанд. Хонандагон бояд фаҳм кунанду эътимод ҳосил намоянд, ки меҳнат ранҷу машаққату азоб нест, балки воситаи роҳатёбӣ, таъмини маишати ҳамагон аст. Тамоми дороиҳои аҳли башар маҳз ба шарофати меҳнат ба даст омадааст. Инсонро меҳнат обутоб мебахшад, тавонову устувор, саодатманд месозад. Зимни тарбияи меҳнатии хонандагон ба онҳо ёдовар шудану тавзеҳ бахшидани ҳикматҳои зерин хеле манфиатбахшу таъсиргузор хоҳад буд: «Ҳунар омӯз, к-аз ҳунармандӣ, Даркушоӣ  кунӣ, на дарбандӣ», «Ҳеҷ ганҷе беҳ аз ҳунар нест», «Тавонгарӣ ба ҳунар аст, на ба мол», «Ҳунар – беҳтар аз симу зар», «Меҳнат кунӣ, роҳат меёбӣ», «Меҳнат шараф аст, қудрати дастони ман ин аст», «Аз бекор ҳама безор»…

Тарбияи меҳнатӣ бо ҳунаромӯзӣ ва тарғиби касбу ҳунар алоқаманд аст. Одами меҳнатдӯст, албатта, соҳиби касбе, пешае, машғулияте, ҳунаре мешавад. Касбу ҳунар одамро соҳибмартаба, хушрӯзгору осудаҳол мекунад. Дар дарсҳои технология (касбу ҳунар) бояд ба хонандагон давра ба давра оид ба махсусиятҳо ва моҳияти ҳунарҳои алоҳида маълумот дод ва ба ин васила, барои касбинтихобкунии шогирдон замина фароҳам овард.

Бояд шогирдони мо хуб донанду дарк намоянд, ки касбу ҳунарҳо ҳаргиз якумдараҷаю дуюмдараҷа намешаванд, ҳамаи пешаҳо дар ҷомеа заруранд, манфиатоваранд. Ин нуктаи муҳим аст. Меҳнати шоистаи кас, дастранҷи арзишмандаш боиси эътибору эътирофи зиёд пайдо кардани ӯ мегардад. Бисёр ба мушоҳида мерасад, ки хонандагон бо таъсири омилҳои  беруна касбу ҳунарҳоро ба сердаромаду камдаромад ҷудо мекунанд. Бояд зимни машғулиятҳо омӯзгор нодурустию беасосии ин гуна фаҳмишро ба шогирдон шарҳ диҳад. Бо ин мақсад  тамошои аҳлонаи филмҳои  таълимӣ,  муҳокимаи асарҳои бадеӣ, ҳамкорӣ бо волидон, вохӯри бо ҳунармандони маъруф, намояндагони касбу ҳунарҳои гуногун аз тадбирҳои созандаву манфиатбор хоҳанд буд.

Тарбияи меҳнатӣ ва интихоби касби хонандагон аз омӯзгорон, роҳбарони синфҳо, роҳбарияти мактаб таваҷҷуҳи ҳамешагӣ тақозо дорад.

Саида Каримова,

омӯзгори технологияи

литсейи ДССХ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш