Нашрияи Омӯзгор

Волидон низ бояд масъулиятшинос бошанд

Сана: 2020-05-28        Дида шуд: 783        Шарҳ: 0

 

Омӯхтану арҷ гузоштан ба таърихи гузаштагони худ, пеш аз ҳама, ба масъулияти баланд, нангу номус, шаъну шараф, меҳру муҳаббат, садоқату вафодорӣ ва аз ҳама муҳим, ба тарбияи ҳамаҷонибаи шахс вобастагии калон дорад.

Дар ҷомеаи имрӯза вазифаи ҳар як фард, махсусан, онҳое, ки ба таълиму тарбия саҳмгузор ва масъул ҳастанд, бояд бештар тарбияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллии насли наврас маҳсуб ёбад. Илова бар ин, дар ин рӯҳия тарбия намудани насли наврас ва ҷавонон танҳо бар дӯши мактабу маориф набуда, балки вазифа ва уҳдадории ҳар як фарди ҷомеа ва масъулони тамоми сохторҳои давлатӣ мебошад. Зери таъсири ҳамин субъектҳо дар тарбияи ватандӯстии онҳо мақоми бузург дорад. Ҳарчӣ бештар тарғибу ташвиқ намудани ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ дар байни кӯдакону насли наврас, дар боғчаю кӯдакистонҳо, мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дигар муассисаҳое, ки ба таълиму тарбия машғул ҳастанд, бояд эътибори ҷиддӣ дода шаванд, то ки дар шахсияти онҳо меҳру муҳаббат ва садоқату вафодорӣ ба эҳтирому ҳифзи Модар - Ватан ҳамаҷониба ҷӯш занад ва ташаккул ёбад. Ҳамзамон, бояд қайд намоем, ки тарғибу ташвиқи тарбияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ набояд рӯякӣ ва сатҳӣ бошад. Дар солҳои охир дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ меъёрҳои тарбияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ як мафҳуми одӣ шуда мондааст. Мо ин ҷо ҳама мактабҳоро дар назар надорем, мактабҳое ҳастанд, ки корҳои тарбиявиро хеле хубу ҷолиб ба роҳ мондаанд. Вале гап дар сари он аст, ки мунтазам, собитқадамона ва масъулиятмандона ба роҳ мондан ва ташаккул додани корҳои тарбиявӣ вазифаи аввалиндараҷа ва асосии ҷомеа бояд бошад, на ин ки оилаву мактаб. Ин мақсадҳо бояд дар барномаҳои таълимӣ ва корҳои беруназсинфию беруназмактабӣ, созмонҳои хонандагон, оиннома ва низомномаи мактаб ҳамчун дарси машғулияти тантанавӣ дохил карда шаванд. Илова бар ин, таъсис додани озмунҳо ва клубҳо оиди тарбяи ҳарбӣ - ватандӯстӣ дар атрофи корнамоиҳо ва қаҳрамониҳои ҷанговарону қаҳрамонони халқӣ, шаҳидони Ватан, иштирокчиёни Ҷанги Дуюми ҷаҳонӣ ва ғайра аҳамияти хоса доранд. Хуб мешуд, агар тарбияи ватандӯстӣ ва худшиносии хонандагон ҳамчун қисми таркибии системаи тарбияи миллӣ бо чунин самтҳо қарор гиранд:

- дар асоси майлу хоҳиш ва принсипҳои ватандӯстӣ шинос намудан ва ташаккул додани ҳисси қарзи шаҳрвандӣ;

- садоқатмандию вафодорӣ ба Модар - Ватан, касбу кори худ; - ҳисси муҳаббат ба Модар - Ватан, ҳисси дӯстиву рафоқат, якпорчагӣ ва эҳтироми якдигар; - дар шахсияти хонандагон бедор намудани ғояи миллӣ;

- инкишоф ва ташаккул додани хислатҳои ватандӯстиву худшиносӣ. Бояд ёдовар шуд, ки ба масъалаи тарбияи кӯдак нисбат ба ҳисси эҳтиром ба халқу Модар - Ватан бояд аз қадамҳои аввали ҳаёташ аз ҷониби падару модар эътибори ҷиддӣ дода шавад. Зеро аз рӯи гузариши синну сол ба ин тарбия ҷалб намудани кӯдак аҳамияти калон дорад. Ҳамзамон, падарону модарон бо намунаи шахсии эҳтироми хизмат ба Ватан, бо меҳнату заҳмат, бо иштироку рафтору кирдор, андешаву тарбия ва дониши худ дар шахсияти фарзандонашон ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллиро парвариш бояд диҳанд. Дар боғча ва кӯдакистонҳо мураббиҳо ба кӯдакон дар бораи дӯст доштани Модар - Ватан, эҳтирому арзишҳои он, шеъру сурудҳои ватандӯстона аз ашъори шоирону адибон, афсонаҳои халқӣ, ташкил намудани экскурсияҳо дар боғҳои фарҳангию фароғатӣ, мавзеъҳои таърихӣ, осорхонаҳо, театрҳо, ёдбуди ҷанговарон ва шаҳидони Ватан, боғҳои миллӣ ва дигар чизҳо дар тарбияи онҳо аҳамияти муҳим доранд.

 

Шерзод КОМИЛОВ,

лейтенанти хурд,

омӯзгори омодагии ибтидоии ҳарбии  мактаби №24 ба номи Чӯлибой Комилов,

шаҳри Истаравшан


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш