Мавлуда Боймуродзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Панҷ изҳор дошт, ки воқеан, шароити таълим, сифати таҳсил ва дастоварди толибилмони ноҳия солҳои охир беҳтар гардидааст. Аз ҷумла, дар олимпиадаи мактаббачагон дар соли таҳсили 2019-2020 дар даври вилоятӣ 26 нафар хонандаи синфи 9-11 сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардиданд. Аз ин шумора 9 нафарашон хонандаи синфи 11 мебошанд, ки ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтаанд. Дар ҷамъбасти даври ниҳоӣ хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№5, 12, 3, 39, 27, 47, литсейи ноҳия ва гимназияи давлатӣ фаъолона иштирок карданд. Дар олимпиадаи наврасон ва ҷавонон то имрӯз 3 нафар хонанда ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
- Дар олимпиадаи анъанавии ҷумҳуриявӣ хонандаи синфи 11-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 Мастона Тайлонова аз забони давлатӣ ҷойи сеюмро гирифта, сазовори медали биринҷӣ гардид, - афзуд М.Боймуродзода. Чор нафар хонандаи беҳтарини муассисаҳои таълимии ноҳия ба дарёфти стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 3 нафар ба гирифтани стипендияи раиси вилояти Хатлон ноил гардиданд.
Соли таҳсили 2019-2020 аз 1970 хатмкунандаи муассисаҳои таълимӣ 1393 нафарашон аз қайди Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштанд.
Ҳамчунин, дар аксарияти муассисаҳои таълимии ноҳия бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибкорони ватанӣ бино ва синфхонаҳои иловагӣ сохтаву мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Имсол дар назди муассисаи таълимии №12 4 синфхонаи иловагӣ, барои 100 ҷойи нишаст дар як баст, сохта ба истифода дода шуд. Дар назди муассисаи таълимии №23 бунёди ду синфхонаи иловагӣ барои 40 ҷойи нишаст дар як баст дар арафаи анҷомёбист. Дар назди муассисаи таълимии №43 сохтмони 2 синфхонаи иловагӣ, дар назди муассисаи таълимии №44 10 синфхонаи иловагӣ, муассисаи таълимии №42 8 синфхонаи иловагӣ, муассисаи таълимии №49 2 синфхонаи иловагӣ ва муассисаи таълимии №32 4 синфхонаи иловагӣ идома дорад. Соли 2020 дар чор муассисаи таълимӣ сохтмони 16 синфхонаи иловагӣ ба нақша гирифта шудааст.
Мавлуда Боймуродзода изҳор дошт, ки мутобиқи нақшаи барномавӣ, соли ҷорӣ 120 адад компютер, 6 адад тахтаи электронӣ, 54 адад проектор харидорӣ карда хоҳад шуд.
- Аз ҳисоби ташкилотҳои гуногун дар муассисаи таълимии №21 як кабинети компютерӣ бо 11 адад компютер таҷҳизонида шуд. Ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 аз ҳисоби ташкилотҳои ғайридавлатӣ 285 ҷуфт мизу курсӣ, 16 адад ҷевони китоб, 40 адад курсии мулоим ва 40 мизи омӯзгорӣ тақдим гардид, - гуфт М.Боймуродзода.
С.АЗИЗӢ,
“Омӯзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр