Нашрияи Омӯзгор

Тест дар дарсҳои забони англисӣ

Сана: 2020-05-28        Дида шуд: 825        Шарҳ: 0

 

Солҳои охир таваҷҷуҳ ба омӯхтани забони хориҷӣ дар ҷаҳон ниҳоят афзудааст. Вобаста ба ин, эҳтиёҷот ба тестҳо низ зиёд мегардад.

Тестҳо дар аввали асри ХХ барои санҷиши дониш, маҳорат ва малака дар байни омӯзгорони Англия ва ИМА ва баъдтар дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ пайдо шудаанд. Дар аввали пайдоишашон тестҳо ба муқовимати зиёд дучор гардиданд. Дар солҳои 30-юми асри гузашта кор бо тестҳо ниҳоят суст буд, аммо он тамоман аз байн нарафт. Қисми зиёди тестҳо дар намуди корҳои санҷишӣ ва лабораторӣ гузаронида мешуданд. Дар ИМА намояндагони гуногуни табақаҳои ҷамъиятӣ бар зидди тестҳо буданд. Ҳатто соли 1966 дар сенати ин кишвар оид ба тамоман манъ кардани тестҳо пешниҳод гузошта шуда буд, аммо ин пешниҳод аз тарафи бисёриҳо дастгирӣ наёфт.

Аз соли таҳсили 2013-2014 дохилшавӣ ба мактабҳои олии ҷумҳуриамон бо воситаи ММТ сурат гирифт. Ба хонандагон омӯзонидани кор кардан бо тестҳо талаби замон мебошад. Тест методи санҷиши дониши хонандагон дар ММТ мебошад ва хонандагон ба ин бояд тайёр бошанд.

Ҳоло дар ҷумҳуриамон ба ин намуди санҷиш диққати зиёд дода мешавад. Тестҳо дар  забономӯзӣ, аз ҷумла, омӯзиши забони англисӣ воситаи муҳиманд. Бояд тестҳои дар дарсҳои забони англисӣ истифодашаванда мазмуну мундариҷаи амиқу дақиқ дошта бошанд. Тестҳо на танҳо барои санҷиши дониши хонандагон, балки барои мустаҳкам кардани дониши онҳо нигаронида шудаанд. Гузаронидани тестҳо дар 10 -15 дақиқаи дарсҳо аҳамияти калон дорад. Бо ин роҳ дар як соати дарсӣ ҳамаи хонандагон баҳо мегиранд, ки ин дар боло бардоштани сатҳи донишомӯзии толибилмон нақши амиқ мебозад.

     Баъзе тестҳоро дар варақаҳо, баъзеашонро дар тахтаи синф ва баъзеи дигарашонро баъди хондани матн менависанд.

Дар дарсҳои забони англисӣ ман аз тестҳо васеъ истифода мебарам. Масалан, мавзӯъ: “My family”.            

Матнро хонда бо хонандагон тарҷума мекунем. Хонадагон бояд дар варақаҳои додашуда ин тестро иҷро кунанд:

1. She is thirty - seven. She is young. She is tall. She is a doctor. She works in the hospital.

2. She is sixty. She is old. She is tall. She is a pensioner. She doesn’t work.

3. He is thirty - nine. He is young. He is tall. He is an engineer. He works in the factory.

4. He is sixty - five. He is old. He is tall. He is a pensioner. She doesn’t work.

5. She is seven. She is young. She is my friend. She is a good pupil. She studies at school.

6. He is three. He is little. He likes to play with his toys. He is not a pupil. He is at home.

Тести 2

1).----a book now.

 a) am reading b) read c) read d) will read

2) The boy----every day

a) watches TV b) will watch TV. c) watched TV d) is watching TV.

3) They----football yesterday.

a) play b) played c) is playing d) will play

4) We---- a test tomorrow

a) write b) will write c) are writing d) wrote

Тести 3

I----a pupil.

a) am b) is c) are                                                                                       

2) She -----at school.

a) work b) works

3) They----football player.

a) am b) is c) are

    4) We----football every day.

a) play b) plays

Тести зерин барои мустаҳкам намудани дониши хонандагон оид ба 3 мавзӯи грамматикӣ пешбинӣ шудааст.

             Тести 4

 « Three – s » Test

Машқи 1. 6 ҷумла нависед:

А) суффикси шакли ҷамъи исмҳо «-(e) s»

Б) анҷоми феъли шахси 3-юми танҳо « -(e) s»

В) суффикси соҳибии исмҳо «-s»

Машқи 2. Фикр карда, як ҷумлаи содае нависед, ки дар он ҳар се пункт истифода шуда бошанд.

Мисол: He reads his friend’s books…

Ба таври муассиру ҳадафман-дона баргузор кардани санҷишҳои тестӣ ба маҳорату малакаи омӯзгор вобастагӣ дорад.

 

Сабоҳат Абдукаримова,

омӯзгори забони англисии

мактаби №10 ба номи

профессор Карим Абдулови шаҳри Бӯстон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш