Нашрияи Омӯзгор

Фаъолияти осорхонаи мактаб ва нақшаи таълимӣ

Сана: 2020-05-28        Дида шуд: 799        Шарҳ: 0

 

Мақсад аз таҳияи барномаи фаъолияти осорхонаи миллат боло бурдани сатҳи донишу маърифат ва тарбияи насли наврас, шинохти фарҳангу таърихи диёр, ташаккули андешаву шуури миллӣ, гиромидошти суннату анъанаҳои ниёгон, тарғибу ташвиқи арзишҳои маънавии миллӣ ва умумибашарӣ, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ҷавонмардиву ахлоқи ҳамида ба воя расонидани хонандагон, таъмини ҳамоҳангии фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва таҳсилоти иловагӣ бо осорхонаҳои давлативу ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Масъалаи барномарезии таълим, раванд, вазъияти педагогӣ дар барномаҳои таълимии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, Барномаи давлатии тарбияи насли наврас дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017 (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016, № 66) мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Аз ҷумла, дар боби V, моддаи 37-и барномаи мазкур доир ба натиҷаҳои амалии барнома ва «таҳия ва татбиқи барномаҳо оид ба инкишофи тафаккури кӯдакон дар бораи одам, ҷомеа, фарҳанг ва ғайра» тавсияҳо дода шудааст.

Ҳангоми ташкилдиҳии равиши хоси тарбияи ватандӯстӣ ва тарҳрезии барнома бояд ба стандартҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таълимӣ (ҷумҳурӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ) такя кард, ки стратегияи таъмини ҷараёни тарбияро бо комплексҳои ташкилӣ-методӣ (бастаи барномаҳо, тавсияҳо ва ғ.) танзим мекунад. Осорхонаи мактаб дар ҳамкорӣ ва бо такя ба раванди таълимӣ, бояд амалисозии ҳамаи ҷузъҳои тарбияи ватандӯстиро ҳамчун як системаи ҷомеъ таъмин намояд.

Вижагии тарбияи ҳисси ватандӯстии муосир дар он аст, ки имрӯз маъно ва мафҳуми ҷузъҳои минтақавӣ ва маҳаллӣ аҳаммияти рӯзафзун касб мекунад. Ин, бахусус, дар таҳияи барномаҳои минтақавӣ ва маҳаллӣ (шаҳрӣ, ноҳиявӣ, мактабӣ ва аз ин гунаҳо) ба мушоҳида мерасад, ки дар он метавонад танҳо хусусиятҳои тарбияи меҳанпарастӣ дар хонавода, мактаб, ташкилот ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бозтоб шавад.

Ҳадафи фаъолияти омӯзгор дар раванди шаклгирии ватанпарастӣ бояд бо ҳадафҳои фаъолияти хонандагон мутаносиб, созгор ва ҳамбастагӣ дошта бошад, ки сабаб ба ҳамкорӣ мешавад.

Дар маркази технологияҳои педагогӣ, ки дар фаъолияти осорхонаи мактаб истифода мешаванд, бояд системаи муносибати байни омӯзгор ва хонанда ҳамеша дар мадди назар бошад. Ин муносибат тавассути фарҳанг, арзишҳо, маводи иттилоотӣ, моҳияти фаъолият тарҳрезӣ мегарданд.

Бояд системаи методу усулҳо дар фаъолияти осорхонаи мактаб ҷиҳати рушди маърифат ва шаклгирии ҳисси меҳанпарастии хонандагон ононро ба эҳсос, таҷриба, дарк ва арзёбии мавқеияти худ ҳидоят кунад.

Ҳангоми тарҳрезии барномаи рушди маърифат ва парвариши ҳисси ватандӯстии хонандагон ҳаминро бояд ба инобат гирифт, ки раванди мазкур зотан раванди азхудкунии арзишҳо маҳсуб мешавад.

Аз ин тариқ, барномаи он аз ҷиҳати технологӣ ба равандҳои иҷтимоӣ ва дохилӣ такя мекунад. Моҳияти иҷтимоии барнома дар он ифода меёбад, ки он инсонро ҳамчун узви комили иҷтимое, ки ба он мутааллиқ аст, ташаккул медиҳад.

Мушорикати шахсӣ дар рӯйдодҳои муҳими иҷтимоӣ, ки бар қазоватҳои маъқул дар бораи рафтори мусбати вай асос ёфтаанд, барои тарбиятгиранда муҳимтарин маҳсуб мешавад. Чунин ҳолатҳо ҳамеша дастраси бачаҳо нест, бахусус, дар синфҳои поёнӣ. Бино бар ин, дар кори тарбия шароити воқеӣ дар бозиҳои мухталиф ҷойгузини тахайюл мешавад. Осорхонаи мактаб на фақат имконоти абстрактӣ ва шартӣ, балки ҳамкории хос бо намунаи рафторҳоро фароҳам мекунад.

Созмондиҳӣ ва мундариҷаи фаъолияти осорхонаи мактаб бо гароиши ватандӯстона бояд нафақат бар асоси рӯйкардҳои умумӣ ва усули роҳандозии фаъолияти осорхона, балки инчунин, бар асоси рӯйкардҳои умумии илмӣ ва омӯзишӣ сохта шаванд. Мавқеиятҳои мушаххасшуда то ҳадди зиёде ба густариши фаъолияти илмӣ ва омӯзишии осорхона дар низоми таълим, эҳтирому гиромидошти таърихи шукӯҳманди диёр, боло бурдани сатҳи маърифат ва тарбияи насли наврас, шинохти арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ҷавонмардиву ахлоқи ҳамида ба воя расонидани хонандагон мусоидат мекунад.

 

Мақсуд Мизробзода,

директори Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии

 ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш