Нашрияи Омӯзгор

Татбиқи муносибати босалоҳият

Сана: 2020-05-28        Дида шуд: 791        Шарҳ: 0

 

Муносибати босалоҳият тақвиятбахшандаи тамоми маълумоти фанҳои таълимӣ мебошад. Ақидаи асосӣ дар ин низом дар он аст, ки барои таъмини «таъсири дур» ба маълумоти мактабӣ ҳама чизе, ки омӯхта мешавад, бояд дар раванди истифодабарӣ дохил карда шавад. Хусусан, ин ба он донишҳои назариявие дахл дорад, ки дар мавриди истифода ба як воситаи амалии баён дар ҳалли мушкилот дар оянда хизмат мекунанд.

Масъалаи омӯзиши анъанавӣ-чиро бояд омӯзонд?  ғайриактуалӣ мегардад. Муносибати босалоҳият ба мазмуни фаъолиятнокии маълумот такя мекунад, ки он масъалагузории дигарро металабад, яъне «бо кадом шакли фаъолият бояд омӯзонд?». Дар ин ҳолат мазмуни асосии омӯзиш фаъолияти амалӣ мебошад. Ҳамзамон, нақши дониш иваз мегардад. Донишҳо пурра ба маҳорат тобеъ мегарданд. Ба мазмуни омӯзиш танҳо он донишҳое дохил карда мешаванд, ки барои фароҳам овардани маҳорат заруранд. Ҳамаи донишҳои боқимонда ҳамчун дастурамал дар назар дошта мешаванд, онҳо дар дастурҳо ва қомусҳо (энсиклопедияҳо) нигоҳдорӣ мегарданд, дар майнаи сари хонандагон не, балки дар шабакаҳои интернетӣ. Дар баробари ин, хонандагон бояд дар ҳолати зарурӣ зуд ва бехато аз ин сарчашмаҳои иттилоотӣ истифода бурда тавонанд.

Панҷ салоҳияти асосӣ (бунёдӣ), ки имрӯз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тадбиқ бодарназардошти робитаи байни фаннӣ аз байни салоҳиятҳои зиёд интихоб кардааст (эҷодкорӣ, тафаккури интиқодӣ, рушди маҳорати омӯхтан, маҳорати иртиботӣ (коммуникативӣ), ҳамкорӣ дар раванди таълим ва берун аз он ташаккул дода мешаванд.

Салоҳиятҳои асосӣ мақсадҳои умумии таълим, таҳсилот ва фаъолиятҳои омӯзиш дар тӯли ҳаётро шарҳ медиҳанд. Онҳо роҳнамои умумиро барои ҳадафҳо ва мақсадҳои мактаб ва маориф фароҳам меоваранд.

Салоҳиятҳои асосӣ (бунёдӣ) чист?

Салоҳиятҳои асосӣ гуногунҷабҳа буда, дар ҳолатҳои гуногун истифода мешаванд. Ин ба тавре калиди муваффақият дар ҳаёт мебошанд.

Салоҳиятҳои асосӣ ва шарҳи онҳо:

• Салоҳияти омӯхтан: таълим на ба гирифтани донишҳои мушаххас, балки ба дарёфти шаклу усулҳои зуд ва самаранок азхудкунии онҳо, яъне ба ташаккули маҳорати омӯхтани хонандагон равона карда мешавад.

• Салоҳияти тафаккури интиқодӣ - омода будан барои ҳалли ҳар гуна масъалаҳои муҳим.

Аз оғози асри XXI рушди бемайлони технологияи иттилоотӣ, ки тавассути паҳншавии воситаҳои электронии ахбор сурат гирифт, боиси рушди босуръати тафаккури инсонӣ гардид. Яъне, моро воситаҳои электронӣ иҳота намудаанд ва онҳоро бояд моҳирона истифода барем. Аз ин лиҳоз, имрӯз на донистани иттилоъ салоҳияти асосӣ пазируфта мешавад ва на малакаи пайдо кардани он. Салоҳияти асосии имрӯза ва махсусан фардо-маҳорати баҳо додан, тасниф ва дарк кардани он ва бунёди иттилои нав ҳисобида мешавад.

• Салоҳияти иртиботӣ (коммуникативӣ)-омода будан ба муошират бо одамони дигар, ки дар асоси иттилоот ба амал меояд. Маҳорати истифодаи усулҳои гуногуни иртибот: қабул ва интиқоли иттилоъ (шифоҳӣ, хаттӣ, аёнӣ-графикӣ, ғайризабонӣ, бо истифодаи алоқаҳои рақамӣ) ҳангоми муоширати хусусӣ, таълимӣ, ҷамъиятӣ ва касбӣ.

• Салоҳияти ҳамкорӣ- омода будан ба ҳамкорӣ бо дигар одамон. Маҳорат ва малакаи ҳамроҳ кор кардан ба сифати узви гурӯҳ ё даста барои ҳалли якҷояи мушкилот, тадбиқи ақидаҳои умумӣ ва лоиҳаҳо. Ҳамзамон, тафовутҳои гендерӣ, динӣ ва ғайра набояд монеа бошанд.

• Салоҳияти эҷодкорӣ: маҳорати таҳияи ягон чизи нав, мустақилона пайдо кардани роҳҳои ғайримаъмулии ҳал дар масъалаҳои нав, тахайюлпазирӣ ва образнокии фикрронӣ, ҳамгиро кардани усулҳои маъмули фаъолият бо фаъолиятҳои нав, ҳалли комилан нави вазъияти проблемавӣ, ки ба ғояҳои нав ва кашфиёт боис мешаванд.

Барои муваффақона амалӣ намудани муносибати салоҳиятнок омӯзгор бояд дорои чунин салоҳиятҳо бошад:

- шавқу ҳаваси ҳақиқии хонандагонро бедор намояд, бинад, фаҳмад ва ташаккул диҳад;

- мушкилии ҳолати омӯзишро дарк намояд;

- ба хонандагони худ, ба андешаронӣ ва саволҳои онҳо, ҳатто мушкил ҳам бошад, ба хатоии онҳо эҳтиром гузорад;

- алоқаманд намудани маводи омӯзишӣ ба ҳаёти ҳамарӯза ва майлу рағбати хонанда, ки ба синну сол вобаста аст;

- дониш ва маҳораташро ҳам дар таҷрибаи таълимӣ ва ҳам берун аз  таълим мустаҳкам намояд ва дар амал тадбиқ карда тавонад;

- дарсро бо истифодаи шаклҳои гуногуни усулҳои кори таълимӣ нақшагирӣ намояд, пеш аз ҳама, тамоми намудҳои кори мустақилонаро;

- якҷоя ба хонандагон, мақсадгузорӣ кардан ва сатҳи муваффақияти онҳоро баҳогузорӣ намудан;

-аз панду андарзҳои зиёд худдорӣ намояд, вақтро барои фаъолиятҳои таълимиии мушаххас сарф намояд;

-вақтро на барои ёфтани сабабҳои мушкилот, балки барои ҳалли роҳҳои мушкилот равона созад;

-ба хонандагони фаъол бештар корҳои мустақилона диҳад ва дар ин вақт бо хонандагони сустхон фаъолият барад ва ғайра.

Ҳамин тавр, натиҷаи асосии фаъолияти муассисаҳои таълимӣ набояд системаи донишҳо, малакаю маҳоратҳо, балки маҷмӯи салоҳиятҳои асосӣ, ки аз тарафи ҳукумат пешбинӣ ва истифода мегардад, бошанд.

Ҷамшед Намозов,

директори ФМД ДҶТИБКСМ дар шаҳри Кӯлоб,

Ҷамшед Бобоев,

омӯзгори калони кафедраи

методикаи таълими фанҳои гуманитарӣ ва табиӣ-риёзии ФМДДҶТИБКСМ дар

шаҳри Кӯлоб,

Лайлӣ Нусратова,

мудири кафедраи методикаи

таълими фанҳои  гуманитарӣ ва табиӣ - риёзии  ФМД ДҶТИБКСМ дар шаҳри Кӯлоб    


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш