Нашрияи Омӯзгор

Сохтмони донишкада кай анҷом меёбад?

Сана: 2020-05-28        Дида шуд: 791        Шарҳ: 0

 

Филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар шаҳри Кӯлоб соли 1933 таъсис ёфта, дар баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва такомули малакаю маҳорати касбии омӯзгорон ва кормандони раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб саҳми босазо мегузорад.

- Дар донишкада 10 кабинети таълимию методӣ, озмоишгоҳҳои физика, химия, биология ва устохонаи коркарди чӯбу металл ва хобгоҳ барои шунавандагони донишкада хизмат мерасонанд. Аз соли 2014 инҷониб, донишкада аз системаи кабинетӣ ба шакли кафедравӣ гузашта, кормандони ФДҶТИБКСМ тибқи нақшаи тақвимии курсҳои такмили ихтисос ва курсу семинарҳои махсус дар соли таҳсили 2019-2020 дар маҷмӯъ, 129 курс бо фарогирии 3094 нафар шунаванда ва 18 семинари мақсаднок бо фарогирии 455 нафар шунаванда гузаронидаанд, - иттилоъ медиҳад директори муассиса Ҷамшед Намозов.

Дар доираи ҳамкориҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи январ ғайр аз курсҳои нақшавӣ, тибқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 14. 12. 2018, № 7944) бо Иттиҳоди Аврупо “Оид ба гузаронидани семинари омӯзишӣ ҷиҳати татбиқи муносибати босалоҳият дар таълим” барои омӯзгорони фанҳои забони русӣ, англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ ва арабӣ дар минтақаи Кӯлоб дар 80 гурӯҳ 2438 нафар омӯзгор ба омӯзиш фаро гирифта шуданд.

Инчунин, дар доираи ҳамкориҳои Вазорати маориф ва илм бо лоиҳаи “Ҳамроҳ бихонем” дар ду марҳила курси омӯзишӣ бо фарогирии 389 нафар муовин ва роҳбари иттиҳодияи методии муассисаҳои таълимии минтақаи Кӯлоб ва дар ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Ховалинг, Балҷувон дар мавзӯӣ “Об барои рушди устувор” бо фарогирии 23 нафар корманди шуъбаҳои маориф ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ гузаронида шуд.

 Мутаассифона, аз ҷониби баъзе шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб таъмини шунавандагон ба курсҳои омӯзишӣ хуб ба роҳ монда нашудааст. Аз ҷумла, масъулини шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои Ховалинг, Темурмалик, Шамсиддини Шоҳин ва Балҷувон дар масъалаи фарогирии шунавандагон ба курсҳои такмили ихтисос хунукназарона рафтор намуда, нақшаи фарогирии омӯзгорон ба курсҳои мазкурро иҷро накарданд. Сабаби асосии ба курсҳои бозомӯзӣ фаро гирифта нашудани омӯзгорон, ҷудо нагардидани маблағ дар сметаи хароҷотии муассисаҳои таълимӣ барои курсҳои бозомӯзии омӯзгорон мебошад. Бояд тазаккур дод, ки солҳои қаблӣ омӯзгорони муассисаҳои ғайридавлатӣ ба омӯзиши курсҳои бозомӯзӣ кам ҷалб карда мешуданд. Аз соли 2019 омӯзгорону кормандони муассисаҳои таҳсилоти хусусӣ, махсус ва дигар навъи муассисаҳо дар филиал мунтазам аз курсҳои такмили ихтисос гузаронида мешаванд. Мушкили асосие, ки боиси садди роҳи пешрафти фаъолияти кормандони донишкада мегардад, нарасидани ҷой нишаст, хобгоҳ барои шунавандагони ноҳияҳои дур, кӯҳнаю фарсуда будани бинои донишкада аст. Ҳанӯз соли 2015 сохтмони бинои нави 6-ошёнаи ФДҶТИБКСМ бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ҶДММ “Давлатманд”оғоз ёфта, бо маблағи 1 миллиону 813 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ иҷро шудааст. Боиси таассуф аст, ки дар соли 2020 барои сохтмони бино маблағ ҷудо нашудааст.

Шариф АБДУЛҲАМИД,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш